Принсипхои андозбанди

БОБИ 2. ПРИНСИПҲО ВА СУБЪЕКТҲОИ МУНОСИБАТИ АНДОЗӢ

Моддаи 7. Принсипҳои андозбандӣ

  1. Андозбандӣ ба принсипҳои қонуният, ҳатмият, саҳеҳӣ ва ҳамкории мақомоти андоз бо андозсупоранда, адолат, ягонагии низоми андоз ва шаффофият асос меёбад.
  2. Принсипи қонуният:

- риояи ҳатмии меъёрҳои қонунгузории андоз аз ҷониби ҳамаи иштирокдори муносибатҳои ҳуқуқии андоз мебошад;

- меъёрҳои қонунгузории андоз наметавонад ба принсипҳои муқаррарнамудаи Кодекси андоз мухолифат намояд;

  1. Принсипи ҳатмият:

-ҳар як шахс уҳдадор аст, ки андозҳои тибқи Кодекси андоз пешбинишударо пардохт намояд;

- ба ҳеҷ шахс уҳдадории пардохти андозҳо, боҷи давлатӣ ва дигар пардохтҳое, ки дорои ҳамаи хусусиятҳои андоз, боҷи давлатӣ ва пардохтҳо мебошанд, вале тибқи Кодекси андоз муқаррар нагардиданд ё бе риояи меъёрҳои он муқаррар гардидаанд, вогузошта намешавад.

  1. Принсипи саҳеҳӣ ва ҳамкории мақомоти андоз бо андозсупоранда:

-андозбандӣ бояд саҳеҳ бошад. Саҳеҳияти андозбандӣ дар қонунгузории андози Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудани ҳамаи унсурҳои андоз, асосҳо, тартиб, иҷрокунӣ ва бекор намудани уҳдадориҳои андозро ифода менамояд;

-дар доираи муносибатҳои андозӣ мақомоти андоз вазифадор аст, бо мақсади иҷрои қонунгузории андоз бо андозсупоранда ҳамкорӣ намояд. Дар ин ҳолат мақомоти андоз ҳуқуқ надорад ба фаъолияти қонунии андозсупоранда монеаи сунъӣ эҷод намояд ва андозсупоранда уҳдадор аст, ки барои амалӣ намудани ваколатҳои мақомоти андоз мусоидат кунад.

  1. Принсипи адолат:

-андозбандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оммавӣ мебошад ва ҳамаи андозсупорандагон андозҳоро муносиб ба даромад пардохт мекунанд;

- муқаррар намудани меъёрҳои фарқкунандаи андоз, имтиёзҳои андоз ё дигар афзалиятҳо вобаста ба шакли моликият, манбаи маблағгузорӣ, инчунин, андозҳое, ки барои амалинамоии ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон монеа эҷод мекунанд, манъ аст;

- андозҳои муқаррарнамудаи Кодекси андоз ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли ҷории молиявӣ дар давоми ҳамон соли молиявӣ тағйирнопазиранд.

  1. Принсипи ягонагии низоми андоз:

-низоми андоз дар тамоми ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ягона мебошад;

-муқаррар намудани андозҳое, ки фазои ягонаи иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла, мустақим ва ё ғайримустақим озодона интиқол додани мол (иҷрои кор ва хизматрасонӣ) ё воситаҳои молиявиро дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳдуд менамояд, манъ аст.

  1. Принсипи шаффофият:

- санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи муносибатҳои ҳуқуқии андозбандӣ ҳатман интишор карда мешаванд;

- санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи муносибатҳои ҳуқуқии андозбандӣ, ки интишори расмӣ карда нашудаанд, эътибори ҳуқуқӣ надоранд.

Комментарии

akram-mebel