Баррасии парвандаҳо ва иҷрои қарорҳо оид ба ситонидани маблағи муҷозоти молиявӣ

Моддаи 65. Баррасии парвандаҳо ва иҷрои қарорҳо оид ба ситонидани маблағи муҷозоти молиявӣ

  1. Маблағи муҷозоти молиявӣ аз рӯи қарорҳои мақомоти андоз, ки татбиқро нисбат ба шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ пешбинӣ менамояд, аз ҷониби мақомоти андоз мустақилона бо тартиби пешбининамудаи моддаҳои 140, 141 ва 148 Кодекси андоз ситонида мешавад.
  2. Парвандаҳо оид ба ситонидани маблағи муҷозоти молиявӣ бо аризаи мақомоти андоз нисбат ба шахсони воқеие, ки соҳибкори инфиродӣ нестанд, аз ҷониби суд баррасӣ карда мешавад.
  3. Парвандаҳо оид ба татбиқи муҷозоти молиявӣ нисбат ба ҳуқуқвайронкунанда аз ҷониби мақомоти андоз дар асоси талаботи Кодекси андоз ва қонунгузории мурофиавӣ баррасӣ ва маблағи муҷозоти молиявӣ ситонида мешавад.

Комментарии