Тартиби баррасии маводи санчиши сайёр

Моддаи 57. Тартиби баррасии маводи санҷиши сайёр

  1. Санади санҷиши андозе, ки дар давоми он вайронкунии қонунгузории андоз ошкор карда шудааст, бо гузаштани 10 рӯз, вале на дертар аз 15 рӯз аз санаи тартибдиҳии санади санҷиши андоз, бояд аз ҷониби мақомоти андозе, ки чунин санҷишро гузаронидааст, мавриди баррасӣ қарор дода шаванд. Қарор аз натиҷаи санҷиш на дертар аз панҷ рӯз пас аз баррасии маводи санҷиши сайёри андоз бояд қабул карда шавад.
  2. Агар андозсупоранда (намояндаи он) дар муҳлати пешбининамудаи банди 8) қисми 2 моддаи 56 Кодекси андоз ба санад шикояти хаттӣ пешниҳод карда бошад, ин шикоят низ ба назар гирифта мешаванд.
  3. Мақомоти андоз дар бораи сана, вақт ва ҷойи баррасии маводи санҷиш, андозсупорандаро на камтар аз ду рӯзи корӣ пеш аз санаи баррасӣ огоҳ менамояд.
  4. Агар андозсупоранда ба мақомоти андоз дар бораи имконнопазир будани иштирок дар баррасии маводи санҷиши сайёри андоз хабар диҳад, мақомоти андоз баррасии маводи санҷишро ба муҳлати на зиёда аз 5 рӯз ба таъхир гузошта дар ин бора андозсупорандаро огоҳ менамояд.
  5. Андозсупорандае, ки нисбати вай санҷиши сайёр андоз гузаронида шудааст, ҳуқуқ дорад дар ҷараёни баррасии маводи санҷиши андоз шахсан ва (ё) тавассути намояндаи ҳуқуқии худ иштирок намояд.
  6. Ҳозир нашудани андозсупорандае, ки нисбат ба ӯ санҷиши сайёри андоз гузаронида шудааст (намояндаи вай) барои баррасии маводи санҷиши сайёри андоз монеа шуда наметавонад, агар оид ба вақт ва ҷойи баррасии маводи санҷишӣ ба таври зарурӣ огоҳ гардида бошад, ба истиснои ҳолатҳое, ки агар иштироки ин шахсро мақомоти андоз, барои баррасии ин маводҳо ҳатмӣ донад.
  7. Пеш аз оғози баррасии маводи санҷиш мақомоти андоз вазифадор аст:

- шахси ваколатдоре, ки маводҳои санҷиширо баррасӣ менамояд муайян кунад;

- ҳузури шахсони даъватшударо дар баррасӣ таъмин намояд. Бо назардошти ҳолатҳои ҳозир нашудани ин шахсон, мақомоти андоз қарор қабул мекунад, ки маводи санҷиши андозро дар вақти набудани ин шахсон дида барояд ё баррасии онҳоро ба таъхир гузоранд;

- ваколати иштироки шахсе, ки нисбати вай санҷиши сайёри андоз гузаронида шудааст, санҷад;

- ба ашхосе, ки дар расмиёти баррасӣ иштирок мекунанд, ҳуқуқу уҳдадориҳои онҳоро муайян ва фаҳмонад.

  1. Ҳангоми баррасии маводи санҷиши сайёри андоз, санади санҷиши андоз ва ҳангоми зарурат дигар маводи санҷиши сайёри андоз, инчунин, шикояти хаттии шахсе, ки нисбати онҳо санҷиш гузаронида шудааст, метавонанд хонда шаванд.
  2. Мавҷуд набудани шикоятҳои хаттӣ ин шахсро (намояндаи онро) аз ҳуқуқи додани тавзеҳот дар марҳилаи баррасии маводи санҷиш сайёри андоз маҳрум намекунад.
  3. Ҳангоми баррасии маводҳои санҷиши сайёри андоз, далелҳои пешниҳодшуда, аз ҷумла, ҳуҷҷатҳое, ки қаблан аз шахсе дархост шудаанд, ки нисбати он санҷиш гузаронида шудааст, ҳуҷҷатҳои ҳангоми гузаронидани ин санҷишҳои андозӣ ба мақомоти андоз пешниҳодшуда ва дигар ҳуҷҷатҳое, ки ба мақомоти андоз дастрас мебошанд, мавриди омӯзиш қарор дода мешаванд.
  4. Истифодаи далелҳое, ки хилофи Кодекси андоз ба даст оварда шудаанд, иҷозат дода намешавад.
  5. Ҳуҷҷатҳо (маълумотҳо)-и иловагӣ оид ба фаъолияти андозсупоранда, ҳатто агар онҳо ба мақомоти андоз бо вайронкунии муҳлатҳои муқаррарнамудаи Кодекси андоз пешниҳод карда шуда бошанд, метавонанд баррасӣ карда шаванд.
  6. Ҳангоми баррасии маводҳои санҷиши сайёри андоз, дар ҳолати зарурӣ, қарор оид ба ҷалби шоҳид, коршинос ё мутахассис барои иштирок дар ҷараёни ин баррасӣ, қабул карда мешавад.
  7. Ҳангоми баррасии маводи санҷиши сайёри андоз протокол тартиб дода мешавад.
  8. Дар ҷараёни баррасии санади санҷиши андоз мақомоти андоз муқаррар мекунад:
  • оё шахсе, ки нисбати ӯ санади санҷиш тартиб дода шудааст, қонунгузории андозро вайрон кардааст ё не;
  • оё вайронкуниҳои ошкоршуда таркиби ҳуқуқвайронкунии андозро ташкил медиҳанд ё не;
  • оё асос барои ба ҷавобгарӣ кашидани шахс барои ҳуқуқвайронкунии андоз мавҷуд аст ё не;
  • асоснокии шикояти андозсупоранда.
  1. Ҳангоми мавҷуд будани таркиби ҳуқуқвайронкунии андоз роҳбар (муовини роҳбар)-и мақомоти андоз ҳолатҳоеро муайян менамояд, ки гуноҳи шахсро дар содир намудани ҳуқуқвайронкунии андоз истисно мекунад ва ё ҳолатҳое, ки ҷавобгариро барои содир намудани ҳуқуқвайронкунии андоз сабук ё вазнинтар мекунад.
  2. Новобаста аз қисми 1 ҳамин модда ва дар ҳолати зарурӣ, агар барои тасдиқ намудани далели вайрон кардани қонунгузории андоз ва ё мавҷуд набудани он ба даст овардани далелҳои иловагӣ зарур бошад, роҳбар (муовини роҳбар)-и мақомоти андоз ҳуқуқ дорад дар муддати на зиёда аз як моҳ дар бораи гузаронидани чораҳои иловагии назорати андоз, қарор қабул кунад.
  3. Қарор дар бораи таъин намудани чораҳои иловагии назорати андоз ҳолатҳоеро муайян менамояд, ки гузаронидани чунин чораҳои иловагиро тақозо мекунанд, дар он сана ва шакли мушаххаси гузаронидани онҳо нишон дода мешавад.
  4. Ҳамчун чораҳои иловагии назорати андозӣ, мақомоти андоз метавонад мутобиқи моддаҳои 46 ва 47 Кодекси андоз ҳуҷҷатҳоро (маълумотҳо) дархост карда гирад, пурсиши шоҳидон ва экспертиза гузаронад.
  5. Оғоз ва анҷоми чораҳои иловагии назорати андоз, маълумот дар бораи чораҳои иловагии гузаронидаи назорати андоз, инчунин, далелҳои иловагии ба даст овардашуда барои тасдиқи далели вайрон кардани қонунгузории андоз ё мавҷуд набудани онҳо, хулоса ва таклифу пешниҳодҳои аудиторҳо оид ба рафъи вайронкуниҳои ошкоршуда ва истинод ба моддаҳои Кодекси андоз агар барои вайрон кардани қонунгузории андоз дар Кодекси андоз ҷавобгарӣ пешбинӣ шуда бошад, илова ба санади санҷиши сайёри андоз, сабт карда мешаванд.
  6. Маводҳои ба санади санҷиши сайёри андоз иловашаванда аз ҷониби шахсони мансабдори мақомоти андоз, ки амалиёти иловагии назорати андозро гузаронидаанд, дар давоми даҳ рӯзи пас аз ба охир расидани чунин чорабиниҳо бояд тартиб дода шуда, имзо карда шавад.
  7. Илова ба санади санҷиши сайёри андоз бо замимаи маводҳое, ки дар натиҷаи чораҳои иловагии назорати андоз гирифта шудаанд, дар давоми се рӯзи пас аз таҳия намудани ин замима бояд ба шахсе, ки нисбат ба ӯ санҷиш гузаронида шудааст (намояндаи вай), бо имзо ё ба тариқи дигар, ки санаи гирифтани онро тасдиқ менамояд, супорида шавад.
  8. Агар шахсе, ки нисбати он санҷиш гузаронида шудааст (намояндаи вай) аз гирифтани маводҳои иловагӣ ба санади санҷиши сайёри андоз саркашӣ кунад, далели мазкур дар маводҳои иловагӣ ба санади санҷиши сайёри андоз инъикос карда мешавад. Дар ин сурат, маводҳои иловагӣ ба санади санҷиши сайёри андоз тавассути почта бо мактуби фармоишӣ ба маҳалли ҷойгиршавии ташкилот (воҳиди алоҳида) ё маҳалли истиқомати шахси воқеӣ ирсол мегардад ва дар рӯзи панҷум аз санаи фиристодани мактуби фармоишӣ қабулшуда ба ҳисоб меравад.
  9. Шахсе, ки нисбати он санҷиши сайёри андоз гузаронида шудааст (намояндаи вай), дар давоми даҳ рӯз аз лаҳзаи гирифтани маводҳои иловагӣ ба санади санҷиш, ба мақомоти андоз шикоятҳои хаттӣ оид ба чунин иловаҳо ба санади санҷиш ё муқаррароти алоҳидаи он пешниҳод менамояд.

Комментарии

Нест бодо Ғуломӣ