Саркашӣ аз супоридани андоз ба чи меорад ва чи ҷазо дорад

Моддаи 32. Саркашӣ аз супоридани андоз

  1. Хулоса нисбат ба ҳаҷми уҳдадории андозии андозсупорандае, ки амали саркашӣ аз пардохти андозро анҷом додааст, аз ҷониби мақомоти андоз тартиб дода мешавад. Хулосаи тибқи ҳамин қисм нисбати андозсупоранда баровардашударо мақомоти андоз дар давоми 10 5 сол аз рӯзи охирини соли андозие, ки дар он амали саркашӣ аз пардохти андозӣ ҷой доштааст, татбиқ менамояд.
  2. Андозсупорандае, ки амали саркашӣ кардан аз андозро содир намудааст, илова ба уҳдадории андозии тибқи қисми 1 ҳамин модда ҳисобшуда, барои саркашӣ аз пардохти андоз барои чунин кирдори содиргардида дар асоси талаботи қонунгузорӣ ба андозаи дукарата андозбандӣ карда мешавад.
  3. Амалҳои зерини андозсупоранда саркашӣ аз андоз ҳисобида мешаванд, агар андозсупоранда дидаву дониста амалҳои зеринро иҷро кунад:

- андозсупоранда баҳисобгирии муҳосибиро (андозиро) анҷом надиҳад ва (ё) талаботи онро таъмин накунад;

- ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии муҳосибиро, ки барои муайян намудани уҳдадориҳои андоз заруранд, гум ё нобуд карда бошад;

- эъломияҳои андоз бидуни сабабҳои узрнок пешниҳод карда нашудаанд;

- андозсупоранда уҳдадориҳои андозиро дар ҳисоботи пешниҳоднамуда кам нишон дода бошад;

- агар амалиёт (аҳд) бо корхонаҳои резидентии дорои ҳисса (саҳм-и иштирокчии минтақаи оффшорӣ ва (ё) бо шахсони дар минтақаҳои оффшорӣ бақайдгирифта анҷом дода шуда бошад;

- дар муҳлати муқарраршуда ба мақомоти андоз пешниҳод накардани маълумот ва ҳуҷҷатҳои барои ҳисоб кардани андоз зарурӣ;

- бо андозсупорандагони бемасъулият амалиёт анҷом диҳад.

  1. Агар дар ҷараёни санҷиши андозӣ мавҷуд набудани баҳисобгирии объектҳои андоз ошкор карда шавад ё аз ҷониби андозсупоранда доир ба онҳо маълумот пешниҳод карда нашавад, мақомоти андоз дар асоси маълумоти дар ихтиёр дошта, метавонад бо мақсади қисми 1 ҳамин модда дар ҳолатҳои дахлдор бо истифода аз арзёбӣ кардани арзиши фурӯши молҳо (корҳо, хизматрасониҳо), арзиши молу мулк, сатҳи миёнаи музди меҳнат ва сатҳи даромаднокӣ дар ҳаҷми 10 фоиз маблағи эҳтимолии андозро ҳисоб менамоянд.
  2. Маблағи андоз метавонад, инчунин, дар асоси натиҷаҳои муоинаи хронометражӣ, нишондодҳои иқтисодии қиёсшавандаи фаъолияти дигар андозсупорандагон, ки намудҳои шабеҳи фаъолиятро амалӣ менамоянд, муқаррар карда шавад.
  3. Даромад (фоида)-и гирифташуда, новобаста ба асосҳои ба даст омадани он, бояд мутобиқи Кодекси андоз андозбандӣ гардад. Агар мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ муайян карда шавад, ки ягон даромад ё ҷузъ (қисм-и он ғайриқонунӣ ба даст оварда шудаасту бояд ба моликияти давлат гузаронида шавад, дар ин ҳолат маблағи андозҳои қаблан аз ин даромади ғайриқонунии ба буҷети давлатӣ нигоҳдошташуда (пардохтшуда) ба ҳисоб гирифта мешавад.
  4. Бо мақсади татбиқи чораҳои иловагӣ оид ба мубориза бо саркашӣ аз пардохти андоз, тартиби истифодаи усулҳои алтернативии андозбандӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.

Комментарии