Андозсупоранда кадом ҳуқуқҳоро дорад?

БОБИ 4. ҲУҚУҚУ УҲДАДОРИҲОИ АНДОЗСУПОРАНДА

Моддаи 28. Ҳуқуқҳои андозсупоранда

  1. Андозсупоранда ҳуқуқ дорад:

- аз мақомоти андоз ва дигар мақомоти давлатие, ки дар муносибатҳои ҳуқуқии андоз иштирок менамоянд, вобаста ба истифодаи қонунгузории андоз, аз ҷумла, оид ба қоидаҳо, тартиб, муқаррарот ва дигар дастурамалҳое, ки аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ таҳия мешаванд, ба тариқи ройгон машварат ва маълумот гирад;

- манфиатҳои худро оид ба масъалаҳои муносибатҳои андоз шахсан ё тавассути намояндаи ваколатдори худ ҳифз намояд;

- бо мақсади ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии худ, нисбат ба амал ё беамалии корманди мақомоти андоз ба мақомоти андоз, мақомоти соҳавии дастгирии соҳибкорӣ ва Шӯрои ҳалли пешазсудии баҳсҳо муроҷиат намояд;

- дар муҳлатҳои дар Кодекси андоз муқарраргардида аз мақомоти андоз натиҷаҳои назорат ва санҷиши андозии анҷомдодашударо гирад;

- дар сурати дар муҳлатҳои муқарраршудаи Кодекси андоз пешниҳод нагардидани огоҳинома, гузаронидани санҷиши дарпешистодаро рад намояд;

- дар раванди назорат ва санҷиши андоз иштирок намояд;

- намунаҳои аризаҳои андоз ва шаклҳои ҳисоботро аз мақомоти андоз тариқи электронӣ дастрас намояд ва бо ҳамин тартиб ҳисоботи андозиро пешниҳод намояд;

- аз рӯи натиҷаҳои назорат ва санҷиши андоз ба мақомоти андоз тавзеҳот пешниҳод намояд;

- аз мақомоти андоз санади муқоисавии тасдиқшударо оид ба ҳисоб ва пардохти андозҳо дар шакли электронӣ дастрас намояд;

- маълумоти дахлдорро дар бораи мавҷуд будан ё набудани қарзи андоз, дар бораи маблағҳои даромаде, ки ғайрирезидент аз манбаъҳоманбаъҳои дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гирифтааст ва дар бораи андозҳои боздошташуда (пардохтшуда) тариқи электронӣ аз мақомоти андоз гирад;

- бо мақсади иҷрои уҳдадориҳои андозӣ аз мақомоти андоз маълумоти дахлдорро оид ба мушаххасоти пардохти андоз (суратҳисоб, таъиноти пардохт, намуди андоз, ҳиссаҷудокунӣ ба буҷетҳои дахлдор ва ғайра) гирад;

- аз корманди мақомоти андоз  риояи қатъии Кодекси андоз ва дигар қонунгузории андозии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар муносибатҳои андозӣ талаб намояд;

- тибқи муқаррароти Кодекси андоз ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба санадҳои санҷишии андозӣ, қарор (огоҳинома) оид ба натиҷаи санадҳои санҷишии андозӣ, инчунин, амал ва беамалии шахси мансабдори мақомоти андоз шикоят намояд;

- аз ҷониби мақомоти андоз риоя гардидани ҳифзи сирри амалиётҳои тиҷоратии худро талаб намояд;

 – ҷиҳати тамдид ва ё ба таъхир гузоштани муҳлати пардохти андозҳоро тибқи тартиб ва шартҳои муқаррарнамудаи Кодекси андоз дархост намояд;

- баҳисобгирӣ ё баргардонидани саривақтии маблағҳои андозҳои барзиёд супоридашуда ва ё аз ӯ ситонидашударо талаб намояд;

- аз мақомоти андоз ҷуброни зарареро, ки дар натиҷаи қабули қарори ғайриқонунӣ, амал ва ё беамалии шахси мансабдор расонида шудааст, талаб намояд;

- талаби шахси масъули мақомоти ваколатдори муносибатҳои ҳуқуқии андозӣ, ки дар муқаррароти Кодекси андоз ва ё дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ пешбинӣ нашудааст, иҷро накунад;

- мустақилона хатогиҳоеро, ки ҳангоми ҳисобкунӣ ва пардохти андозҳо роҳ додааст, ислоҳ намояд;

- оид ба натиҷаи санҷиши андоз, назорати андоз, амал ва беамалии шахси мансабдори мақомоти андоз ба суд шикоят намояд;

-андозсупоранда, инчунин, дорои дигар ҳуқуқҳои пешбининамудаи Кодекси андоз ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мебошад.

  1. Ба андозсупоранда ҳифзи судии ҳуқуқ ва манфиатҳои қонуниашон кафолат дода мешавад.
  2. Ҳуқуқҳои андозсупоранда тавассути уҳдадориҳои дахлдори шахсони мансабдори мақомоти андоз таъмин карда мешаванд.
  3. Иҷро накардан ё иҷрои номатлуби уҳдадориҳо оид ба таъмини ҳуқуқҳои андозсупоранда боиси ҷавобгарии шахсони мансабдори мақомоти давлатии иштироккунанда дар муносибатҳои ҳуқуқии андоз мегардад.

Комментарии

akram-mebel