Расмиёти пешниҳоди батаъхиргузорӣ ё пардохти ба муҳлатҳо ҷудошуда

Моддаи 110. Расмиёти пешниҳоди батаъхиргузорӣ ё пардохти ба муҳлатҳо ҷудошуда

  1. Ариза дар бораи батаъхиргузорӣ ё пардохти ба муҳлатҳо ҷудошуда аз ҷониби андозсупоранда ба мақомоти ваколатдори давлатӣ пешниҳод карда мешавад.
  2. Ба аризаи андозсупоранда ҳуҷҷатҳои зерин замима карда мешаванд:

1)  санади муқоисавии тасдиқшудаи байни мақомоти андози маҳалли бақайдгирӣ ва андозсупоранда;

2)  маълумотнома дар бораи суратҳисобҳои андозсупоранда дар ташкилоти қарзии молиявӣ;

3)  иқтибос аз суратҳисобҳо дар бораи гардиш ва бақияи маблағҳо дар ташкилотҳои қарзии молиявӣ барои давраи шаш моҳи то пешниҳоди ариза;

4)  ҷадвали пардохти уҳдадориҳои андозӣ аз ҷониби андозсупоранда барои давраи батаъхиргузорӣ ё пардохти ба муҳлатҳо ҷудошуда;

5)  ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда тибқи асосҳои дар қисмҳои 3 – 8 ҳамин модда пешбинишуда.

  1. Мутобиқи муқаррароти пешбининамудаи банди 1) қисми 2 моддаи 109 Кодекси андоз ба аризаи андозсупоранда дар бораи пешниҳод кардани батаъхиргузорӣ ё пардохти ба муҳлатҳо ҷудошуда ҳуҷҷатҳои зерин замима карда мешаванд:

1)  хулосаи мақомоти мудофиаи гражданӣ, ҳифзи аҳолӣ ва ҳолатҳои фавқулодаи ҳудудӣ ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ оид ба далели ба вуҷуд омадани қувваи рафънопазир нисбат ба андозсупоранда;

2)  санади мақомоти мудофиаи гражданӣ, ҳифзи аҳолӣ ва ҳолатҳои фавқулодаи ҳудудӣ ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ оид ба арзёбии зарари ба андозсупоранда дар натиҷаи қувваи рафънопазир расонидашуда.

  1. Мавҷуд будани асоси дар банди 2) қисми 2 моддаи 109 Кодекси андоз муқарраршуда аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ ва ё намояндаи он мутобиқи натиҷаҳои таҳлили анҷомшуда дар бораи вазъияти молиявии андозсупоранда муқаррар карда мешавад. Тартиби гузаронидани чунин таҳлил аз ҷониби Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки миллии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.
  2. Ба аризаи андозсупоранда дар бораи пешниҳод кардани батаъхиргузорӣ ё пардохти ба муҳлатҳо ҷудошуда мутобиқи асоси дар банди 3) қисми 2 моддаи 109 Кодекси андоз муқарраршуда маълумот дар бораи молу мулки манқул ва ғайриманқули шахси воқеӣ (ба истиснои молу мулке, ки тибқи қонунгузории ситонида намешавад) замима карда мешаванд.
  3. Ба аризаи андозсупоранда дар бораи дархост кардани батаъхиргузорӣ ё пардохти ба муҳлатҳо ҷудошуда дар асоси муқаррароти банди 5) қисми 2 моддаи 109 Кодекси андоз ҳуҷҷати мақомоти молия дар бораи мавҷуд будани чунин асос ва маблағи пешбинишуда дар буҷети давлатӣ замима карда мешавад.
  4. Дар аризаи батаъхиргузорӣ ё пардохти ба муҳлатҳо ҷудошуда андозсупоранда уҳдадории пардохти фоизҳои мутобиқи боби мазкур ҳисобкардашударо ба зимма мегирад.
  5. Бо талаби мақомоти ваколатдор андозсупоранда замонат ё кафолати бонкӣ, ки бо риояи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба расмият дароварда шудааст, пешниҳод менамояд.
  6. Дар асоси дархости андозсупоранда, мақомоти ваколатдор ҳуқуқ дорад дар бораи муваққатан (дар давраи баррасии ариза) боздоштани пардохти уҳдадориҳои андозӣ қарор қабул намуда, андозсупоранда ва мақомоти андози маҳалли бақайдгириро оид ба қабули қарори мазкур огоҳ намояд. Муҳлати қабули чунин қарор наметавонад аз 3 рузи корӣ зиёд бошад.
  7. Қабул намудани қарор дар бораи батаъхиргузорӣ ё пардохти ба муҳлатҳо ҷудошуда ё рад намудани он аз ҷониби мақомотҳои ваколатдор дар муддати сӣ рӯз аз рӯзи гирифтани аризаи андозсупоранда қабул карда мешавад.
  8. Қарор дар бораи батаъхиргузорӣ ё пардохти ба муҳлатҳо ҷудошуда ҳадди акқал иттилооти зеринро бояд дар бар гирад:

1) номи андозсупоранда;

2)  маблағи қарзи андоз;

3)  андозе, ки барои пардохти он батаъхиргузорӣ ё пардохти ба муҳлатҳо ҷудошуда пешниҳод дода шудааст;

4)  муҳлатҳо ва тартиби пардохти маблағи қарз ва фоизҳои ҳисобшаванда.

  1. Қарор дар бораи татбиқ намудани батаъхиргузорӣ ё пардохти ба муҳлатҳо ҷудошуда аз рӯзе, ки дар қарори мазкур муқаррар шудааст эътибор пайдо мекунад.
  2. Қарор дар бораи рад кардани пешниҳоди батаъхиргузорӣ ё пардохти ба муҳлатҳо ҷудошуда бояд асоснок бошад.
  3. Андозсупоранда ҳуқуқ дорад нисбат ба қарор дар бораи рад кардани пешниҳоди батаъхиргузорӣ ё пардохти ба муҳлатҳо ҷудошуда бо тартиби муқаррарнамудаи қонун шикоят намояд.
  4. Нусхаи қарор дар бораи пешниҳод кардани батаъхиргузорӣ ё пардохти ба муҳлатҳо ҷудошуда ё рад намудани пешниҳод кардани он аз ҷониби мақомоти ваколатдор ба андозсупоранда ва ба мақомоти андози маҳалли бақайдгирии андозсупоранда дар давоми се рӯз пас аз рӯзи қабул кардани чунин қарор ирсол карда мешавад.

 

Комментарии

akram-mebel