Ҳолатҳое, ки тағйир додани муҳлати пардохти андозро истисно мекунанд

Моддаи 107. Ҳолатҳое, ки тағйир додани муҳлати пардохти андозро истисно мекунанд

  1. Муҳлати пардохти андозҳо тағйир дода намешавад, агар яке аз ҳолатҳои зерин ҷой дошта бошад:

1) агар аз рӯи аломатҳои ҷиноятӣ нисбат ба андозсупоранда вобаста ба вайронкунии қонунгузории андоз парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида бошад,;

2) дар сурати мавҷуд будани асосҳои кофӣ оид ба истифода гардидани чунин тағйирот аз ҷониби андозсупоранда барои пинҳон кардани маблағҳои пулӣ ё дигар молу мулк дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ё фирор намудани ин шахс барои истиқомати доимӣ ба хориҷи кишвар;

3) агар дар давоми се соли қабл аз рӯзи пешниҳод гардидани ариза бо сабаби вайрон кардани шартҳои тағйирёбии муҳлати пардохти андоз қарор дар бораи тағйир додани муҳлати пардохти андозҳо нисбат ба ин андозсупоранда бекор шуда бошад;

4) агар ҷараёни муфлисшавӣ оғоз шуда бошад.

  1. Шартҳои дар қисми 1 ҳамин модда зикршуда нисбат ба ҳолатҳои пешбининамудаи қисми 2 моддаи 109 Кодекси андоз татбиқ карда намешаванд.
  2. Ҳангоми ҷой доштани ҳолатҳои дар қисми 1 моддаи мазкур пешбинигардида, қарор дар бораи тағйир додани муҳлати пардохти андоз қабул намегардад ва қарори қабулшуда бекор дониста мешавад.
  3. Мақомоти ваколатдори давлатӣ уҳдадор аст, дар давоми се рӯз аз рӯзи пас аз бекор кардани қарори қабулшуда дар бораи тағйир додани муҳлати пардохти андозҳо андозсупоранда ва мақомоти андози маҳалли бақайдгирии онро ба таври хаттӣ огоҳ намояд.
  4. Андозсупоранда ҳуқуқ дорад, ки бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси андоз нисбат ба қарорҳои қабулшуда шикоят намояд.

Комментарии