Пешниҳоди маълумот ба мақомоти андоз

Моддаи 99. Пешниҳоди маълумот ба мақомоти андоз

  1. Ҳангоми амалӣ гардидани назорати андозӣ мақомоти андоз дар асоси огоҳиномаи хаттӣ аз дилхоҳ шахс ва мақомотҳои дахлдор дар муҳлати 10 рӯз пешниҳоди маълумотеро, ки дар огоҳинома дарҷ шудааст, аз ҷумла, доир ба муносибатҳои мутақобилаи андозсупорнадаи мушаххас бо дигар андозсупорандагонро ба истиснои маълумоте, ки дар махзани электронии мақомоти андоз ҷой дорад, дархост намояд.
  2. Бо мақсадҳои андозбандӣ мақомоти ваколатдори давлатӣ ҳуқуқ дорад аз ташкилоти қарзии молиявӣ, хадамоти алоқа ва сохторҳои он, дигар шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ дар бораи интиқоли маблағ аз ҷониби шахсони хориҷие, ки хизматрасонии фосилавиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом медиҳанд, маълумот дархост намояд ва ҷавоби онро дар давоми 5 рӯзи корӣ гирад.
  3. Корманди ваколатдори мақомоти андоз дар ҷараёни санҷиши сайёри андозӣ бо мақсади ҷамъоварии маълумот тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад:

– ҳуҷҷатҳои баҳисобгирӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои вобаста ба андозбандиро нусхабардорӣ намояд;

– тибқи тартиби муқарраргардида дар асоси санад оид ба гирифтани ҳуҷҷатҳои баҳисобгирӣ ё дигар ҳуҷҷатҳоеро, ки ба ҳамин санҷиши сайёри андозӣ алоқаманд мебошад, гирад;

– ҳуҷҷатҳои баҳисобгирӣ ва дигар ҳуҷҷатҳоро муҳр гузошта, истифодаи онҳоро манъ намояд;

– нишондиҳандаҳои дастгоҳҳои тамғагузории электронӣ ва баҳисобгирии истеҳсоли молҳоро гирад;

  1. Агар корманди ваколатдори мақомоти андоз ҳуҷҷатҳои аслии баҳисобгирӣ ё дигар ҳуҷҷатҳоро дар асоси ваколатҳои пешбининамудаи қисми 3 ҳамин модда гирад, уҳдадор аст, на дертар аз 10 рӯзи корӣ ҳуҷҷатҳои аслии мазкурро ба андозсупоранда баргардонад.
  2. Дастрасии кормандони мақомоти андоз ба ҳуҷҷатҳо ва объектҳои дорои сирри махфӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи сирри тиҷоратӣ ва давлатӣ анҷом дода мешавад.

 

Комментарии

Нест бодо Ғуломӣ