Дароз кардани вакти манзуркунии эъломияи андоз

Моддаи 97. Тамдид намудани муҳлати пешниҳоди эъломияҳои андоз

  1. Ба андозсупорандагоне, ки то ба охир расидани муҳлати пешниҳоди эъломия барои тамдид намудани муҳлати пешниҳоди эъломияи андоз аз даромад ба мақомоти андоз муроҷиат менамоянд, муҳлати пешниҳоди эъломия ба муҳлати ду моҳ тамдид карда мешавад, дар сурате, ки андозсупоранда маблағи андози пешакӣ ҳисобишударо пардохт намуда бошад.
  2. Тамдиди муҳлати пешниҳоди эъломия мувофиқи қисми 1 ҳамин модда муҳлати пардохти андозро тағйир намедиҳад ва боиси боздоштани ҳисобкунии фоизҳо барои саривақт напардохтани андозҳо намегардад.
  3. Муҳлати пешниҳоди эъломия ва пардохти андозҳо дар ҳолатҳои офатҳои табиӣ (заминларза, обхезӣ) ва ҳолатҳои фавқулода (эпидемия ва пандемия) ба ҳама андозсупорандагон ё гурӯҳи андозсупорандагон бо қарори дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тамдид карда мешавад.

Комментарии