Тартиби таҳияи ҳисоботи андозӣ

Моддаи 95. Тартиби таҳияи ҳисоботи андозӣ

  1. Андозсупоранда (агенти андоз) ё намояндаи он, инчунин, мақомоти андоз ва (ё) дигар мақомоти ваколатдор, ки дар муносибатҳои андозӣ иштирок менамоянд, ҳисоботи андозиро бо забони давлатӣ тибқи тартиб ва шаклҳои муқаррарнамудаи Кодекси андоз дар шакли электронӣ ё коғазӣ тартиб медиҳад.
  2. Тартиб, намуд ва шаклҳои пешниҳоди ҳисоботи андозӣ, аз ҷумла, шаклҳои электронӣ ва коғазии он аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ дар мувофиқа бо Вазорати молия муайян карда мешавад.
  3. Ҷавобгарӣ барои дурустии маълумоти дар ҳисоботи андозӣ нишондодашуда, ба зиммаи андозсупоранда вогузор мебошад.
  4. Ҳисоботи андоз ба мақомоти дахлдори андоз тибқи тартиб ва муҳлатҳои муқаррарнамудаи Кодекси андоз пешниҳод карда мешавад.
  5. Андозсупорандагоне, ки нисбат ба фаъолияти онҳо шартҳои гуногуни андозбандӣ муқаррар шудааст, инчунин, низомҳои гуногуни андозбандиро истифода менамоянд, ҳисоботи андозиро барои ҳар намуди фаъолият ва низом таҳия ва дар муҳлатҳои муқарраршуда пешниҳод менамоянд.

Комментарии

Нест бодо Ғуломӣ