Тартиби баҳисобгирии захираҳои молию моддӣ

Моддаи 92. Тартиби баҳисобгирии захираҳои молию моддӣ

  1. Бо мақсадҳои андозбандӣ баҳисобгирии захираҳои молию моддӣ мутобиқи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ анҷом дода мешавад.
  2. Ҳангоми баҳисобгирии захираҳои молию моддӣ андозсупоранда уҳдадор аст, ки арзиши молҳои истеҳсолнамуда ё харидоришударо, ки мутаносибан дар асоси хароҷоти истеҳсолӣ (арзиши аслӣ, яъне ҳамаи хароҷоти марбут ба истеҳсоли мол) ё нархи хариди онҳо муайян карда мешавад, инчунин, хароҷоти нигоҳдорӣ ва интиқоли онҳоро дар ҳисоботи андозӣ нишон диҳад.
  3. Андозсупоранда ҳуқуқ дорад, ки арзиши мол ё маҳсулоти нуқсондор ва ё кӯҳнашударо, ки бо ҳамин сабаб ё бо сабабҳои шабеҳ бо нархи зиёдтар аз хароҷоти барои истеҳсоли (нархи харид) онҳо сарфшуда фурӯхтан ғайриимкон гардидааст, дар асоси нархе, ки онҳоро фурӯхтан мумкин аст, баҳогузорӣ намуда, ба ҳисоб мегирад.
  4. Нисбат ба молҳое, ки баҳисобгирии инфиродии онҳо анҷом дода намешавад, андозсупоранда барои баҳисобгирии захираҳои молию моддӣ ҳуқуқ дорад яке аз ду усули зеринро истифода барад:

- усули ФИФО, ки тибқи он дар давраи ҳисоботӣ аввал молҳои дар аввали давраи ҳисоботӣ ба захираҳ молию моддӣ дохилгардида ва баъдан молҳое, ки дар давоми давраи ҳисоботӣ истеҳсол (харида) шудаанд, мувофиқи навбати истеҳсолашон (харидашон) фурӯхта;

- усули баҳо додан аз рӯи арзиши миёнаи молҳо.

  1. Андозсупорандагон уҳдадоранд дар баҳисобгирии муҳосибӣ низоми электронии тамғагузории молҳоро таъмин намоянд.

Комментарии