Баҳисобгирии даромадҳо ва хароҷотҳо

Моддаи 87. Тартиби баҳисобгирии даромадҳо ва хароҷотҳо

  1. Агар дар ҳамин модда тартиби дигаре муқаррар нашуда бошад даромади андозбандишаванда тибқи ҳамон усули баҳисобгирие ҳисоб карда шавад, ки андозсупоранда дар ҳисоботи муҳосибавӣ истифода мебарад.
  2. Агар дар Кодекси андоз тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, бо мақсади андозбандӣ:

– шахси ҳуқуқӣ уҳдадор аст баҳисобгириро бо усули ҳисобу замкунӣ пеш барад, ба истиснои шахсони ҳуқуқие, ки мутобиқи бобҳои 53 – 56 Кодекси андоз андозбандӣ карда мешаванд;

– шахси ҳуқуқӣ ва соҳибкори инфиродие, ки дар асоси шаҳодатнома тибқи қисми 4 моддаи 394 Кодекси андоз фаъолият мекунад, бояд баҳисобгириро бо усули ҳисобу замкунӣ пеш барад;

– ҳама гуна шахсони дигаре, ки дар сархатҳои якум-сеюми ҳамин қисм зикр нашудаанд, метавонанд баҳисобгириро бо усули хазинавӣ пеш барад.

  1. Дар сурати тағйир ёфтани усули баҳисобгирӣ, ки андозсупоранда истифода мебарад, тағйирёбӣ дар баҳисобгирии даромад, хароҷот ва дигар унсурҳое, ки ба маблағи андоз таъсир мерасонанд, бояд дар соли тағйир додани усули баҳисобгирӣ дохил карда шаванд, то ки ҳеҷ яке аз ин унсурҳо сарфи назар нагардад ё дубора ба ҳисоб гирифта нашавад.
  2. Нисбат ба супорандагони андоз аз арзиши иловашуда ва аксизҳо даромаду хароҷот бе андоз аз арзиши иловашуда ва аксизҳо ҳисоб карда мешавад, ба истиснои хароҷоте, ки нисбат ба он ба ҳисоб гирифтани андоз аз арзиши иловашуда иҷозат дода намешавад. Арзиши дороии аз ҷониби супорандаи андоз аз арзиши иловашуда харидгардида, маблағи андоз аз арзиши иловашудаи пардохтгардидаро дар бар намегирад, ба истиснои ҳолатҳое, ки ба ҳисоб гирифтани ин маблағи андоз аз арзиши иловашуда иҷозат дода намешавад.

 

Комментарии

akram-mebel