Расмиёти мусолиҳаи мутақобила

Моддаи 73. Расмиёти мусолиҳаи мутақобила

  1. Мақоми ваколатдори давлатӣ пас аз гирифтани маводҳо оид ба натиҷаи мониторинги андозии гузаронидашуда, ки тибқи қисми 12 моддаи 72 Кодекси андоз пешниҳод шудаанд, расмиёти мусолиҳаи мутақобиларо оғоз менамояд.
  2. Расмиёти мусолиҳаи мутақобила дар мақомоти ваколатдори давлатӣ дар давоми як моҳ пас аз рӯзи гирифтани маводҳо оид ба натиҷаи мониторинги андозии гузаронидашуда бо иштироки андозсупоранда (ё намояндаи ӯ) ва мақомоти андоз, ки хулоса тартиб додааст, гузаронида мешавад.
  3. Мақомоти ваколатдори давлатӣ пас аз анҷоми расмиёти мусолиҳаи мутақобила, мавқеи расмии худро бо огоҳинома дар давоми се рӯз ба андозсупоранда дар бораи тағйири хулоса ё бетағйир гузоштани он ирсол мекунад.
  4. Андозсупоранда дар давоми як моҳ пас аз гирифтани огоҳиномаи мақомоти ваколатдори давлатӣ дар бораи тағйир ёфтани ё бетағйир мондани хулоса, мавқеи худро расман ба мақомоти андоз ва мақомоти ваколатдори давлатӣ ирсол менамояд.
  5. Дар ҳолати норозӣ будан ба хулосаи ниҳоии мақомоти андоз ва мавқеи дар огоҳинома инъикосёфтаи мақомоти ваколатдори давлатӣ, андозсупоранда ҳуқуқ дорад ба Шӯрои ҳалли пешазсудии баҳсҳо ё мақомоти судӣ муроҷиат намояд.

Комментарии