Назорати иловагии молҳои зераксизӣ ва фаъолияти дигар

Моддаи 39. Назорати иловагии молҳои зераксизӣ ва фаъолияти дигар

  1. Назорати иловагии молҳои зераксизӣ ва фаъолияти дигар бо тартиби зерин анҷом дода мешавад:

1) тавассути тамғагузории молҳои зераксизӣ;

2) тавассути ташкили дидбонгоҳи андозӣ дар ҳудуд ва ё маҳалли ҷойгиршавии истеҳсолот ё нуқтаҳои барасмиятдарории гумрукӣ;

3) тавассути низоми электронии тамғагузорӣ ва ё рамзҳои QR.

  1. Дидбонгоҳҳои андозӣ дар чунин ҳолатҳо ташкил карда мешавад, агар:

– истеҳсолкунандаи моли зераксизӣ низоми электронии тамғагузории молиро надошта бошад;

– андозсупоранда ҳисоботи андозиро мунтазам сифрӣ пешниҳод намояд;

– тамоюли коҳишёбии нишондиҳандаҳои молиявии андозсупоранда 3 моҳи пайдарҳамро дар бар гирад;

– муҳлати пардохти қарзи андозӣ зиёда аз 6 моҳи тақвимиро дар бар гирад;

– дар ҳисоботи андозӣ ва ҳисоботи расмии омории истифодабарандагони сарватҳои табиӣ номутобиқатӣ ошкор гардад.

  1. Истеҳсолкунандагон ва воридкунандагони молҳои зераксизӣ барои тамғагузории молҳои зераксизӣ масъул мебошанд.
  2. Тартиби тамғагузории молҳои зераксизӣ ва ташкил намудани дидбонгоҳҳои андозиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.
  3. Назорати тамғагузории молҳои зераксизие, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бо низоми гумрукии иҷозат ба муомилоти озод ворид карда мешаванд ва ё дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи низоми дигари гумрукӣ ба фурӯш бароварда мешаванд, аз ҷониби мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.

Комментарии

Нест бодо Ғуломӣ