Муқовимат ба нақшаҳои канорагирӣ аз андозбандӣ

Моддаи 31. Муқовимат ба нақшаҳои канорагирӣ аз андозбандӣ

  1. Моддаи мазкур нисбат ба нақшаҳои канорагирӣ аз андозбандӣ татбиқ карда мешавад. Нақшаи канорагирӣ аз андозбандӣ нақшае мебошад, ки дар доираи он шартҳои зерин иҷро карда мешаванд:

- шахс манфиати андозиро дар натиҷаи амалишавии нақша ё қисми он гирифтааст;

- моҳияти нақшаро ба назар гирифта, ба чунин хулоса омадан мумкин аст, ки шахс нақшаро бо мақсади ягонаи имконияти ба даст овардани имтиёзи андозӣ анҷом додааст.

  1. Агар мақомоти андоз нақшаи мазкурро нақшаи канорагирӣ аз андозбандӣ ҳисоб кунад, бояд маълумотро оид ба ин нақша ба Комиссия оид ба пешгирии канорагирӣ аз андозбандӣ барои гирифтани хулосаи машваратӣ пешниҳод кунанд. Комиссия бояд ба мақомоти андоз хулосаи машваратии хаттиро дар хусуси эътироф шудани чунин нақша ҳамчун нақшаи канорагирӣ аз андозбанд, ки дар қисми 1 ҳамин модда муайян шудааст, пешниҳод намояд. Мақомоти андоз бояд ба андозсупоранда нусхаи хулосаи машваратии Комиссияро пешниҳод кунад.
  2. Бо дарназардошти хулосаи машварартии Комиссия мақомоти андоз хулоса менамояд, ки шахс манфиати андозиро бо истифодаи нақшаи канорагирӣ аз андозбандӣ гирифтааст, дар ин ҳолат мақомоти андоз вазифадор аст:

- уҳдадориҳои андозии шахсе, ки манфиати андозиро бо истифодаи нақшаи канорагирӣ аз андозбандӣ гирифтааст, аз нав бидуни истифодаи нақшаи канорагирӣ аз андозбандӣ ё ба тарзе, ки дар чунин ҳолат мақомоти андоз барои пешгирӣ ё кам кардани имтиёзи андози мувофиқ мешуморад, муайян намояд;

- ба уҳдадориҳои андозии ҳар як шахси дигар, ки аз нақшаи канорагирӣ аз андозбандӣ зарар дидаанд, тасҳеҳоти ҷубронӣ ворид намояд, то ин ки хулосаи пешниҳодшуда боиси андозбандии дукарата нагардад ё дубора бекор нашавад.

  1. Хулоса оид ба уҳдадории андозии шахс тибқи сархати якуми қисми 3 ҳамин модда бояд ба истифодаи нақшаи алтернативии шахс бо назардошти ҳолати ин шахс, бар ивази нақшаи канорагирӣ аз андозбандӣ, асос ёбад.
  2. Мақомоти андоз муқаррароти қисми 3 ҳамин моддаро нисбат ба шахс вобаста ба хулосаи баровардашуда ва тасҳеҳ дар давоми 5 сол аз рӯзи охирини соли андозие, ки дар он нақшаи канорагирӣ аз андозбандӣ истифода карда шудааст, татбиқ менамояд.
  3. Дар моддаи мазкур:

- «нақша» маънои созишнома, аҳд, ваъда, уҳдадорӣ, амалиёт ё амал (аз ҷумла, амали яктарафа), аён ё дарназардошта, бо ё бе тартиби судӣ иҷрошавиро дорад;

- «манфиати андоз» маънои зеринро ифода менамояд:

а) кам кардани уҳдадориҳои шахс оид ба супоридани андоз;

б) ба таъхир гузоштани уҳдадории шахс оид ба пардохти андоз; ё

в) ҳама гуна саркашии дигар оид ба уҳдадории пардохти андоз.

Комментарии