Талаботи умумӣ ҳангоми пешниҳоди ариза барои татбиқи муқаррароти созишномаҳои андозбандии байналмилалӣ

Ғайрирезидент уҳдадор аст, дар баробари ариза оид ба татбиқи муқаррароти созишномаҳои андозбандии байналмилалӣ ҳуҷҷатҳои зеринро ба мақомоти андоз пешниҳод намоянд:

– ҳуҷҷати тасдиқкунандаи резидентии барасмият даровардашуда (легализатсия) ё апостил гузошташудаи ғайрирезидент, агар дар санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигар пешбинӣ нагардида бошад;

– нусхаҳои ҳуҷҷатҳои таъсисӣ;

– нусхаи қарордодҳо (шартномаҳо, созишномаҳо) барои иҷрои корҳо (хизматрасониҳо) ё барои дигар фаъолият (амалҳо);

– ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи иҷрои корҳо (хизматрасониҳо ва дигар фаъолият (амалҳо) аз ҷониби ғайрирезидент;

– маълумот дар бораи даромадҳо аз хизматрасониҳои нақлиётӣ дар ҳамлу нақли байналмилалӣ ва дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон.

  1. Аз ҷониби агенти андоз пешниҳод гардидани ҳуҷҷатҳои баҳисобгирӣ, ки маблағи ҳисобшуда ва (ё) пардохтшудаи даромадҳо ва андозҳои нигоҳдошташударо тасдиқ менамоянд.
  2. Ҳуҷҷатҳои дар сархатҳои чорум ва панҷуми қисми 1 ҳамин модда пешбинишуда дар муҳлати на дертар аз 10 рӯзи корӣ баъди иҷрои корҳо ва хизматрасониҳо пешниҳод карда мешавад.

Асос: Моддаи 174. Талаботи умумӣ ҳангоми пешниҳоди ариза барои татбиқи муқаррароти созишномаҳои андозбандии байналмилалӣ

Комментарии