Татбиқи андозбандии суди саҳмияҳо, фоизҳо ва роялтӣ

Моддаи 171. Тартиби татбиқи созишномаҳои андозбандии байналмилалӣ нисбат ба андозбандии суди саҳмияҳо, фоизҳо ва роялтӣ

  1. Агенти андоз ҳангоми пардохти даромад ба ғайрирезидент дар шакли суди саҳмияҳо, фоизҳо ва роялтӣ ҳуқуқ дорад, муқаррароти созишномаҳои андозбандии байналмилалиро нисбат ба ғайрирезидент дар асоси ҳуҷҷатҳо ва шартҳои зерин татбиқ намояд:

– аризаи ғайрирезидент барои татбиқи муқаррароти созишномаҳои андозбандии байналмилалӣ;

– ҳуҷҷати тасдиқкунандаи резидентӣ;

– агар ғайрирезидент гирандаи охирини даромад бошад;

-агар ғайрирезидент барои татбиқи муқаррароти созишномаҳои андозбандии байналмилалӣ ҳуқуқ дошта бошад.

  1. Агенти андоз уҳдадор аст дар ҳисоби андоз дар манбаи пардохт, ки ба мақомоти андоз пешниҳод мешавад, маблағи даромади пардохтшуда (ҳисобшуда) ва (ё) андозҳои мутобиқи муқаррароти созишномаҳои байналмилалӣ ситонидашуда, меъёрҳои андоз, номи созишномаҳои байналмилалӣ ва иттилоотро аз ҳуҷҷати тасдиқкунандаи резидентии ғайрирезидент дарҷ намояд.
  2. Дар сурати риоя нагардидани муқаррароти созишномаҳои байналмилалӣ, ки боиси қисман ё пурра пардохт нагардидани андозҳо ба буҷети Ҷумҳурии Тоҷикистон мегардад, агенти андоз мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.

 

Комментарии