Андозбандии даромадҳои ғайрирезидентҳо аз фаъолият дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бе таъсиси муассисаи доимӣ

Моддаи 169. Андозбандии даромадҳои ғайрирезидентҳо аз фаъолият дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бе таъсиси муассисаи доимӣ

  1. Андозбандии даромадҳои ғайрирезидентҳо аз фаъолият дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки боиси таъсис додани муассисаи доимӣ намегардад, тибқи муқаррароти созишномаҳои байналмилалӣ дар самти андозбандӣ татбиқ карда мешавад, ба истиснои даромадҳое, ки дар моддаҳои 170-174 Кодекси андоз муқаррар шудаанд.
  2. Ғайрирезидентҳое, ки аз манбаъҳои воқеъ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бе таъсиси муассисаи доимӣ даромад мегиранд, ҳуқуқ доранд пардохти андозҳоро тибқи созишномаҳои байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом диҳанд.
  3. Дар ҳолати нисбат ба ғайрирезидентҳои дар қисми 2 ҳамин модда пешбинишуда, татбиқ нагардидани муқаррароти ҳамин модда ва нисбат ба резиденти давлатҳои хориҷие, ки бо Ҷумҳурии Тоҷикистон созишномаҳои байналмилалӣ оид ба пешгирии андозбандии дукарата ва саркашӣ аз пардохти андозҳо ба расмият дароварда нашудааст, агентҳои андоз уҳдадоранд андозро аз манбаи пардохт нигоҳ дорад ва тибқи тартиби муқарраргардида пардохт намояд.
  4. Ғайрирезидентҳое, ки аз манбаъҳои воқеъ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бе таъсиси муассисаи доимӣ даромад мегиранд дар сурати истифода намудани созишномаҳои байналмилалӣ оид ба пешгирии андозбандии дукарата ва саркашӣ аз пардохти андозҳо уҳдадоранд, ба мақомоти андоз бо тартиби муқарраргардида ариза, нусхаи аслии ҳуҷҷати тасдиқкунандаи резидентии давлати аҳдкунандаро барои соли дахлдори тақвимӣ (бо тарҷумаи ба тариқи нотариалӣ тасдиқшуда ё апостилшуда) пешниҳод намояд.
  5. Агенти андоз ҳангоми ба ғайрирезидент пардохт намудани даромад уҳдадор аст, муқаррароти созишномаҳои байналмилалӣ дар самти андозбандиро иҷро намояд. Дар ҳолати аз ҷониби агенти андоз иҷро нагардидани муқаррароти ҳамин модда, уҳдадорӣ оид ба нигоҳдории андоз дар манбаи пардохт, инчунин, пардохти ҷарима ва фоизҳо барои дар муҳлатҳои муқарраршуда иҷро нагардидани уҳдадориҳои андозӣ ба зиммаи агенти андоз вогузор карда мешавад.
  6. Мақомоти андоз уҳдадор аст, пешбурди баҳисобгирӣ (учет) маблағҳои зеринро анҷом диҳад:

- маблағи даромадҳо аз манбаъҳои воқеъ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, новобаста аз маҳалли пардохти онҳо, ки аз ҷониби агентҳои андоз ба ғайрирезидентҳо пардохт шудааст;

- маблағҳои андозҳои ба ғайрирезидентҳои дорои ҳуқуқ ба татбиқи муқаррароти санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ пардохткардашуда (баргардонидашуда);

- маблағҳои андозҳоеро, ки агентҳои андоз аз даромадҳои ғайрирезидент дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нигоҳ доштаанд ва ба буҷет пардохт намудаанд.

Комментарии