Кормандони мақомоти андоз ва масъулияти онҳо

Моддаи 161. Кормандони мақомоти андоз ва масъулияти онҳо

  1. Кормандони мақомоти андоз хизматчиёни давлатӣ мебошанд, вазъи ҳуқуқӣ ва кафолатҳои иҷтимоии онҳоро Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» муайян менамояд.
  2. Намунаҳо ва меъёрҳои додани либоси махсуси расмии кормандони мақомоти андоз, тибқи рутбаҳояшон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.
  3. Ба кормандони мақомоти андоз мутобиқи тартиби муқарраршуда рутбаи тахассусӣ дода мешавад.
  4. Рутбаҳои тахассусии кормандони мақомоти андоз аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд. Низомнома дар бораи тартиби ба кормандони мақомоти андоз додани рутбаҳои тахассусӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.
  5. Кормандони мақомоти андоз барои иҷро накардан ё ба таври дахлдор иҷро накардани уҳдадориҳои худ, риоя накардани сирри давлатӣ, хизматӣ, андозӣ, тиҷоратӣ ва бонкии бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраршуда, сӯиистифода аз мансаби хизматӣ ва дигар амалҳои зиддиҳуқуқӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарии интизомӣ, маъмурӣ ё ҷиноятӣ кашида мешаванд.
  6. Зараре, ки ба андозсупоранда дар натиҷаи амалҳои зиддиҳуқуқии кормандони мақомоти андоз расонида шудааст, тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷуброн карда мешавад.
  7. Ба кормандони мақомоти андоз ҷиҳати тасдиқи ваколатҳояшон шаҳодатномаи хизматӣ дода мешавад, ки намунаи онро мақомоти ваколатдори давлатӣ тасдиқ менамояд.
  8. Корманди мақомоти андоз, ки санҷиши андоз мегузаронад ва амалеро (беамалиеро) анҷом медиҳад, ки боиси барқасдона нишон додан ё кам нишон додани маблағи андозҳо мегардад, аз кор сабукдӯш карда шуда, минбаъд дар ягон мансаби мақомоти ваколатдори давлатӣ манъ карда мешавад.

 

Комментарии