Вазъи ҳуқуқӣ ва сохтори мақомоти андоз

Моддаи 160. Вазъи ҳуқуқӣ ва сохтори мақомоти андоз

  1. Мақомоти андози Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – мақомоти андоз) аз мақоми ваколатдори давлатӣ ва мақомоти ҳудудии андоз иборат мебошанд, ки дар маҷмӯъ низоми ягонаи мутамаркази мақомоти андози Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил менамоянд. .
  2. Сохтор, нақшаи идоракунӣ ва номгӯи корхонаҳои (ташкилотҳои) системаи мақомоти андоз, тартиби фаъолиятва воҳидҳои сохтории он, ҳамчунин муносибатҳои мутақобилаи мақомоти андоз бо дигар мақомот, ташкилот, муассисаҳо ва шаҳрвандонро низомномаи мақомоти андоз, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад, муқаррар менамояд.
  3. Мақомоти ҳудудии андоз ба мақомоти дахлдори болоии андоз ҳисоботдиҳанда ва тобеъ буда, ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ тобеъ нестанд. Мақомоти ҳудудии андоз аз раёсатҳои андоз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе, Раёсати андози андозсупорандагони калон бо нозиротҳо дар вилоятҳо ва шаҳри Душанбе, нозироти андоз дар шаҳрҳо (ноҳияҳо), инчунин, мақомоти минтақавии мақомоти ваколатдори давлатӣ доир ба бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ иборат мебошад.
  4. Маблағгузории фаъолияти мақомоти андоз аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ анҷом дода мешавад.
  5. Мақомоти андоз шахси ҳуқуқӣ буда, дорои тавозуни мустақил, суратҳисобҳои махсус дар Хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ё мақомоти он дар маҳалҳо, муҳр бо акси Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва номи мақомот мебошад.
  6. Мақомоти андоз дорои рамз ва нишонаи сарисинагии идоравӣ мебошад, ки тасвири онҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.

Комментарии