Оқибатҳои пешниҳоди ариза (шикоят)

Моддаи 158. Оқибатҳои пешниҳоди ариза (шикоят) нисбат ба ҳисобкунии маблағҳои андоз, ҷаримаҳо ва фоизҳо

  1. То ба охир расидани баррасии аризаи (шикояти) андозсупоранда нисбат ба санад ё қарори мақомоти андоз, тибқи муқаррароти бобҳои 16 ва 17 Кодекси андоз танҳо қисми эътирофгардидаи уҳдадориҳои андозӣ пардохт ва ситонида мешавад.
  2. Фоизҳо барои дар муҳлатҳои муқарраршуда пардохт нагардидан танҳо нисбат ба маблағи эътирофшудаи андозҳои илова ҳисобшуда, аз ҷумла, маблағҳои андозии баъди баррассии шикоят аз ҷониби андозсупоранда эътирофшуда ҳисоб карда мешавад.

Комментарии