Ҳимояи сирри тиҷоратӣ ва маълумот дар бораи фаъолияти андозсупоранда

Моддаи 152. Ҳимояи сирри тиҷоратӣ ва маълумот дар бораи фаъолияти андозсупоранда

  1. Машваратчиёни андозӣ барои ҳимояи сирри тиҷоратӣ ва маълумот дар бораи фаъолияти андозсупоранда, ки дар ҷараёни иҷрои супоришҳои қарордодӣ бо андозсупоранда ба онҳо маълум шудааст, масъулият доранд.
  2. Машваратчиёни андозӣ наметавонанд ба сифати шоҳид оид ба масъалаҳое, ки дар ҷараёни иҷрои супориши қарордодӣ бо андозсупоранда ба онҳо маълум шудааст, аз ҷониби мақомоти андоз ва дигар мақомотҳои дахлдор ҷалб карда шаванд.

Комментарии