Машваратдиҳӣ оид ба масъалаҳои андозӣ

Моддаи 149. Машваратдиҳӣ оид ба масъалаҳои андозӣ

  1. Машваратдиҳӣ оид ба масъалаҳои андозӣ – ин расонидани кумаки тахассусӣ ва касбӣ аз ҷониби машваратчиёни мустақили андоз ба андозсупорандагон вобаста ба татбиқи муқаррароти Кодекси андоз ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи масъалаҳои андозӣ мебошад.
  2. Машваратдиҳӣ дар асоси шартнома вобаста ба фаъолияти зерин, вале бо ин маҳдуднашаванда анҷом дода мешавад:

1) машваратдиҳӣ ба андозсупорандагон оид ба масъалаҳои андозӣ, аз ҷумла, доир ба пешбурди баҳисобгирии муҳосибавӣ ва ҳисоботдиҳӣ ва таҳияи ҳуҷҷат ва ҳиосботҳои андозӣ;

2) машваратдиҳӣ дар самти баргардонидани маблағҳои андозҳо, фоизҳо ва ҷаримаҳои барзиёд пардохтшуда, ситонидашуда ва товони зарари аз ҷониби шахсони мансабдори мақомоти андоз расонидашуда;

3) машваратдиҳӣ вобаста ба масъалаҳои андозбандӣ дар мақомоти судӣ, мақомоти андоз, ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баррасишаванда;

  1. Машваратчии андозсупоранда ҳуқуқ дорад дар суд, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар мақомот ба сифати коршиноси мустақил оид ба баҳсҳои андозбандӣ иштирок намояд.

Комментарии

akram-mebel