Муҳлатҳои пардохти қарзи андоз

Моддаи 145. Созишнома оид ба тартиб ва муҳлатҳои пардохти қарзи андоз

  1. Андозсупорандае, ки нисбат ба ӯ чораҳои дар бобҳои 16-17 Кодекси андоз пешбинишуда амалӣ шуда истодаанд, метавонад нақшаи воқеии беҳбудии вазъи молиявӣ пешниҳод намояд ва, бо мақомоти андоз ба муҳлати то 6 моҳи пайдарпайи тақвимӣ оид ба тартиб ва муҳлатҳои пардохти қарзи андоз созишнома бандад.
  2. Дар мавриди ба имзо расидани созишнома оид ба тартиб ва муҳлатҳои пардохти маблағи қарзи андоз, иҷрои қарорҳои қаблан қабулгардида оид ба истифодабарии тадбирҳои дар бобҳои 16-17 Кодекси андоз пешбинишуда ба муҳлати амали созишнома боздошта мешавад.
  3. Роҳбари мақомоти ваколатдори давлатӣ метавонад иловатан созишномаи зикршударо бо андозсупоранда ба муҳлати то 6 моҳи пайдарпайиминбаъда дароз намояд.
  4. Муҳлати иҷрои созишномаи мазкур ва боздошта шудани қарорҳои қаблан қабулгардидаи мақомоти андоз оид ба истифодабарии чораҳои маҷбуран ситонидани андозҳо наметавонад аз муҳлатҳои дар қисми 1 ва 3 моддаи мазкур дароз карда шавад.

Комментарии

akram-mebel