Маҷбуран ситонидани қарзи андозӣ мумкин ё на?

Моддаи 140. Муқаррароти умумӣ оид ба маҷбуран ситонидани қарзи андозӣ

  1. Ҳангоми дар муҳлати муқарраршуда қисман ё пурра иҷро нагардидани огоҳинома оид ба пардохти қарзи андозии эътирофшуда қарзи мазкур бо тартиби дар боби мазкур пешбинишуда, маҷбуран ситонида мешавад.
  2. Қарзи андози аз ҷониби андозсупоранда эътирофшуда аз андозсупорандае, ки ин қарзи андозро ба уҳда дорад, ва аз шахсони дигар дар ҳолатҳое, ки Кодекси андоз муқаррар намудааст маҷбуран ситонида мешавад.
  3. Агар уҳдадории андозсупоранда бо кафолати бонкӣ ё замонатдиҳии шахси сеюм таъмин гардида бошад, ҳангоми иҷро нагардидани уҳдадории андозӣ аз ҷониби андозсупоранда мақомоти андоз маблағи қарзи андозиро аз ташкилоти қарзии молиявии кафолатдиҳанда ё шахси замонатдода маҷбуран меситонад.
  4. Қарзи андоз аз шахсони ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродӣ бо тартибе, ки дар моддаҳои 140-146 Кодекси андоз пешбинӣ шудаанд, маҷбуран ситонида мешавад.
  5. Қарзи андоз аз шахси воқеие, ки соҳибкори инфиродӣ намебошад, бо тартибе ки дар моддаи 148 Кодекси андоз пешбинӣ шудааст, маҷбуран ситонида мешавад.
  6. Қарзи андоз аз шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродӣ аввал аз ҳисоби маблағҳои пулии дар суратҳисоби бонкии ӯ мавҷудбуда ва дар сурати нокифоя будани онҳо – аз ҳисоби дигар молу мулки шахси мазкур маҷбуран ситонида мешавад.
  7. Агар ситонидани қарзи андози аз ҷониби андозсупоранда эътирофшуда андозсупоранда аз ҳисоби маблағҳои пулии дар суратҳисоби бонкии ӯ вуҷуддошта имконнопазир бошад, дар чунин ҳолат қарзи андозӣ мутобиқи муқаррароти моддаи мазкур аз шахсони дигар маҷбуран ситонида мешавад.
  8. Агар даромади андозсупоранда аз фурӯши молҳо (иҷрои кор ва хизматрасонӣ) ё дигар даромадҳо ба суратҳисобҳои бонкии шахсони дигар ворид шуда бошад, қарзи андози андозсупоранда аз шахсони мазкур маҷбуран ситонида мешавад.
  9. Агар аз лаҳзае, ки андозсупоранда аз санҷиши андоз огоҳ шуда, маблағҳои пулӣ ё дигар молу мулки худро ба шахсони дигар интиқол дода бошад, қарзи андози андозсупоранда аз шахсони мазкур маҷбуран ситонида мешавад.
  10. Муқаррароти қисмҳои 8 ва 9 моддаи мазкур низ дар ҳолатҳое татбиқ карда мешаванд, ки интиқоли даромад аз фурӯши молҳо (иҷрои кор ва хизматрасониҳо) ё дигар даромадҳо ё интиқоли маблағҳои пулӣ ва дигар молу мулк ба шахсони дигар тариқи маҷмӯи амалиётҳо сурат гирифта бошад.
  11. Дар ҳолатҳое, ки дар қисмҳои 8-10 моддаи мазкур пешбинӣ шудаанд, қарзи андозӣ аз шахсони дигар дар доираи даромадҳои гирифтаи онҳо аз фурӯши молҳо (иҷрои кор ва хизматрасониҳо), дигар даромадҳои андозсупоранда, маблағҳои пулии ба онҳо додашуда, арзиши молу мулки дигар маҷбуран ситонида мешавад. Мақомоти андоз, дар асоси маълумоти дар ихтиёр доштава вобаста аз ҳаҷми қарзи андози андозсупоранда ҳуқуқ дорад, мустақилона теъдоди шахсони дигар ва таносуби ҳаҷми қарзи андозиро нисбат ба ҳар яки онҳо муайян намояд ва маҷбуран ситонад.
  12. Қарзи андози эътирофнагардидаи андозсупоранда аз суратҳисобҳои бонкии андозсупоранда танҳо бо тартиби судӣ тибқи муқаррароти моддаи 148 Кодекси андоз анҷом дода мешавад. Дар сурати аз ҷониби андозсупоранда эътироф шудани маблағи қарзи андоз ситонидани қарзи андоз аз суратҳисобҳои бонки андозсупоранда аз ҷониби мақомоти андоз мутобиқи тартиби дар моддаи 141 Кодекси андоз пешбинишуда ба амал бароварда мешавад.
  13. Муқаррароти боби мазкур, инчунин, ба ситонидани қарзҳои андозӣ дар робита бо интиқоли молҳо аз марзи гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз агентҳои андоз татбиқ мегардад.

Комментарии