Тартиби иҷрои қарорҳо дар бораи боздоштани амалиётҳои хароҷотӣ

Моддаи 138. Тартиби иҷрои қарорҳо дар бораи боздоштани амалиётҳои хароҷотӣ бо сурҳатисобҳои бонкӣ аз ҷониби ташкилотҳои қарзии молиявӣ

  1. Ташкилотҳои қарзии молиявӣ уҳдадоранд қарори мақомоти андозро дар бораи боздоштани амалиётҳои хароҷотӣ бо сурҳатисобҳои бонкии андозсупоранда (агенти андоз) иҷро намоянд.
  2. Ташкилотҳои қарзии молиявӣ барои зарари ба андозсупоранда (агенти андоз) расида, ки дар натиҷаи қарори мақомоти андоз оид ба боздошти амалиётҳои хароҷотии бо суратҳисобҳои бонкии андозсупоранда ба амал омадааст,ҷавобгарии молиявӣ надоранд.
  3. Боздошти амалиётҳои хароҷотӣ бо суратҳисобҳои бонкии андозсупоранда (агенти андоз) аз лаҳзаи аз ҷониби ташкилоти қарзии молиявӣ гирифтани қарор дар бораи боздошти амалиётҳо то бекор гардидани қарори мазкур амал мекунад, агар дар Кодекси андоз тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад.
  4. Ҳангоми дар шакли электронӣ ирсол гардидани қарори мақомоти андоз дар бораи боздошти амалиётҳои хароҷотӣ бо сурҳатисобҳои андозсупоранда (агенти андоз), сана ва вақти қабули қарор аз лаҳзаи ба низоми электронии ташкилоти қарзии молиявӣ ворид гардидани он ба ҳисоб меравад.
  5. Ташкилотҳои қарзии молиявӣ уҳдадоранд, ки қарори мақомоти андоз ё қарори суд дар бораи боздоштани амалиётҳо бо суратҳисобҳои андозсупорандаро (агенти андоз) иҷро намоянд, инчунин, ҳуқуқ надоранд барои чунин андозсупоранда суратҳисобҳои нав, пасандозҳо (амонатҳо) кушоянд, аз суратҳисоби ӯ пули нақд диҳанд, ба истиснои суратҳисобҳое, ки мутобиқи қонун ситонидани маблағҳои андозӣ иҷозат дода намешавад. Ташкилотҳои қарзии молиявӣ уҳдадоранд, ба мақомоти андоз то гирифтани огоҳиномаи хаттӣ оид ба бекор кардани қарор дар бораи боздоштани амалиётҳои хароҷотии андозсупоранда маълумот пешниҳод намоянд. Мақомоти андоз ҳуқуқ дорад, дурустии иҷрои талаботи муқаррарнамудаи ҳамин қисм ва (ё) саҳеҳии маълумоти пешниҳоднамудаи ташкилотҳои қарзии молиявиро таҳти санҷиш қарор диҳад.
  6. Барои иҷро накардан ё иҷрои номатлуби уҳдадориҳои пешбининамудаи ҳамин модда, ташкилотҳои қарзии молиявӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгар мебошанд.

Комментарии

akram-mebel