Тартиби бекор кардани қарор

Моддаи 137. Тартиби бекор кардани қарор дар бораи боздоштани амалиёти хароҷотӣ бо суратҳисобҳои бонкии андозсупоранда (агенти андоз)

  1. Қарор дар бораи боздоштани амалиёти хароҷотӣ бо суратҳисобҳои бонкии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ дар ташкилотҳои қарзии молиявӣ бо асосҳои зерин бекор карда мешавад:
    • вобаста ба банди 1) қисми 4 моддаи 136 Кодекси андоз – на дертар аз як рӯзи пас аз рӯзи пешниҳод намудани ҳисоботи молиявӣ ва (ё) андозӣ аз ҷониби андозсупоранда (агенти андоз);
    • вобаста ба банди 2) қисми 4 моддаи 136 Кодекси андоз – на дертар аз санаи аз ҷониби мақомоти андоз эътироф гардидани асоснокӣ вобаста ба набудани андозсупоранда дар нишони расмии ҳуқуқӣ. Барои чунин эътироф гардидан, шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ ё намояндаи он уҳдадоранд, ба мақомоти андози маҳалли бақайдгирӣ тавзеҳоти заруриро расман (хаттӣ ва ё электронӣ) пешниҳод намояд.
  2. Дар суроғаи расмии ҳуқуқӣ мавҷуд набудани шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ (агенти андоз) дар ҳолате асоснок ҳисобида мешавад, ки агар маълумот дар бораи иваз кардани маҳалли бақайдгирӣ ба мақомоти андози маҳалли қаблии бақайдгирӣ бо сабаби хатоҳои техникӣ ё ҳолатҳои дигари шабеҳ маълум намегардад.
  3. Мавҷуд набудани филиал ё воҳиди алоҳидаи шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ дар суроғаи расмии ҳуқуқӣ дар он ҳолат асоснок эътироф карда мешавад, ки ҳангоми барҳам додани филиал ё воҳиди алоҳида ба мақомоти андоз маълумот пешниҳод намегардад.
  4. Қарор дар бораи бекор кардани боздоштани амалиётҳои хароҷотӣ бо суратҳисобҳои бонкии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ (агенти андоз) ба ташкилоти қарзии молиявӣ дар шакли хаттӣ ва ё электронӣ на дертар аз рӯзи қабули чунин қарор ирсол карда мешавад.
  5. Тартиби ба ташкилоти қарзии молиявӣ дар шакли электронӣ ирсол намудани қарорҳои мақомоти ваколатдори давлатӣ дар бораи боздоштан ва ё бекор кардани боздошти амалиётҳои хароҷотӣ бо суратҳисобҳои бонкии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ (агенти андоз) аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки миллии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.
  6. Агар мақомоти андоз муҳлати бекор кардани қарор дар бораи боздошти амалиётҳои хароҷотӣ бо суратҳисобҳои бонкии андозсупоранда (агенти андоз) ё муҳлати ирсол намудани чунин қарорро ба ташкилоти қарзии молиявӣ риоя накунад ва ё бархилофи муқаррароти Кодекси андоз қарор қабул карда бошад, барои ҳар як рӯзи тақвимии риоя нагардидани муҳлати зикршуда ва амали муҳлати қарори бахилофқабулшуда, аз маблағе, ки нисбат ба он расмиёти боздошт амал кардааст, ба маблағи нодуруст ситонидашуда аз санаи ба буҷет воридшудан то санаи ба суратҳисоби андозсупоранда баргардонидан ба манфиати андозсупоранда фоизҳо бо меъёри дар ҳамин давра истифодашаванда ҳисоб карда мешаванд. Дар чунин ҳолатҳо, фоизҳои ҳисобшуда барои рӯипӯш намудани уҳдадориҳои андозии минбаъдаи андозсупоранда ба ҳисоб гирифта мешавад.

 

Комментарии