Замонат чист?

Моддаи 133. Замонат

  1. Замонат мутобиқи қонунгузории гражданӣ бо бастани шартнома байни мақомоти андоз ва зомин ба расмият дароварда мешавад.
  2. Шахсони ҳуқуқӣ ё шахсони воқеӣ метавонанд зомин бошанд. Нисбат ба як уҳдадории пардохти андоз дар як вақт иштироки якчанд зомин иҷозат дода мешавад.
  3. Зомин дар асоси шартномаи баимзорасонидашуда уҳдадор мегардад, ки маблағи батаъхирафтодаи андозии андозсупорандаро пурра пардохт намояд, агар андозсупоранда дар муҳлати муқарраршуда маблағи андозҳо ва фоизҳоро пардохт накунад.
  4. Дар сурати аз ҷониби андозсупоранда иҷро нагардидани уҳдадориҳои андозии бо замонат таъминшуда, дар чунин ҳолат андозсупоранда ва зомин барои пардохти андозҳо ҷавобгарии муштарак доранд.
  5. Ҳангоми дар муҳлатҳои муқарраршуда напардохтан ё нопурра пардохтани қарзи андозии бо замонат таъминшуда, мақомоти андоз дар давоми панҷ рӯз аз рӯзи ба охир расидани муҳлати пардохти қарзи андоз аз ҷониби андозсупоранда ба зомин талабнома дар бораи пардохти маблағи андозиро мутобиқ ба шартномаи замонат ирсол менамояд.
  6. Агар зомин талабот оид ба пардохти маблағи андозро мутобиқ ба шартномаи замонат дар муҳлати муқарраршуда иҷро накунад, мақомоти андоз бо тартиб ва дар муҳлати пешбининамудаи бобҳои 16 – 17 Кодекси андоз чораҳо оид ба маҷбуран ситонидани қарзи андозро нисбат ба зомин татбиқ менамояд.
  7. Муносибатҳои ҳуқуқие, ки ҳангоми муқаррар намудани замонат ба сифати чораи таъмини иҷрои уҳдадории андозӣ ба миён меоянд, мутобиқи муқаррароти қонунгузории гражданӣ танзим карда мешаванд, агар қонунгузории андоз тартиби дигареро пешбинӣ накарда бошад.
  8. Муқаррароти моддаи мазкур ҳамчунин нисбат ба замонат ҳангоми анҷом додани дигар пардохтҳои ҳатмӣ ва боҷҳо татбиқ карда мешаванд.

Комментарии

Нест бодо Ғуломӣ