Усулҳои таъмини иҷрои уҳдадории андоз

Моддаи 132. Усулҳои таъмини иҷрои уҳдадории андоз

  1. Иҷрои уҳдадории андозии батаъхирафтодаи андозсупоранда бо усулҳои зерин таъмин карда мешавад:
    • кафолати бонкӣ;
    • замонат;
    • боздоштани амалиётҳои хароҷотӣ тавассути суратҳисобҳои бонкӣ;
    • ҳисобкунии фоизҳо ба маблағи пардохтнашудаи андозҳо ва пардохтҳо ба буҷет;
    • маҳдудият дар ихтиёрдории молу мулки андозсупоранда;
    • ҳабси молу мулки андозсупоранда;
    • ситонидани қарзи андоз аз сурҳатисобҳои бонкии андозсупоранда;
    • ситонидани қарзи андоз аз сурҳатисобҳои бонкии қарздорони (дебиторони) андозсупоранда;
    • ситонидани қарзи андоз аз воситаҳои маблағҳои нақдии андозсупоранда;
  1. Ҳабс гузоштан ба молу мулк ва боздоштани амалиётҳои сурҳатисоб дар ташкилотҳои қарзии молиявӣ ба сифати чораҳои таъмини иҷрои уҳдадориҳои андозии андозсупоранда дар асоси аризаи андозсупоранда бо шартҳои зерин метавонад, иваз карда шавад:

1) пешниҳоди кафолати бонкӣ, ки тибқи тартиби муқаррарнамудаи моддаи 134 Кодекси андоз барасмият дароварда шудааст.

2) пешниҳоди коғазҳои қиматнок, ки дар бозори муташаккили коғазҳои қиматнок гардиш доранд;

3) пешниҳоди замонати шахси сеюм, ки тибқи тартиби муқаррарнамудаи моддаи 133 Кодекси андоз барасмият дароварда шудааст.

  1. Дар сурати аз ҷониби андозсупоранда пешниҳод гардидани кафолати бонкӣ, мақомоти андоз ҳуқуқ надорад, ки дархости андозсупорандаро оид ба иваз намудани чораҳои таъмини дар ҳамин модда пешбинишуда рад намояд.
  2. Агар андозсупоранда қарзи андозро дар давоми 20 рӯзи корӣ пас аз супоридани огоҳинома оид ба пардохти андоз пардохт накарда бошад, мақомоти андоз ҳуқуқ дорад, нисбат ба андозсупоранда, усулҳои муқаррарнамудаи таъмини иҷрои уҳдадории андозиро, ки дар бандҳои 3) ва 5)– 9) қисми 1 ҳамин модда пешбинӣ шудаанд, истифода намояд.
  3. Қарорҳои тибқи бандҳои 3) ва 5)– 9) қисми 1 ҳамин модда қабулшуда, бо дар назардошти ҳолатҳои зерин бекор карда мешаванд:

1) аз санаи эътибори қонунӣ пайдо намудани санади судӣ оид ба муфлис эътироф шудани андозсупоранда;

2) дар асоси санади судӣ пурра қонеъ гардидани шикояти андозсупоранда оид ба натиҷаи санади санҷишӣ;

3) аз санаи эътибори қонунӣ пайдо намудани санади судӣ дар бораи барҳамдиҳии маҷбурии ташкилотҳои қарзии молиявӣ;

4) бартараф гардидани ҳолатҳое, ки боиси татбиқи усулҳои таъмини иҷрои уҳдадориҳои андозӣ гардидааст.

  1. Дар мавриди ба имзо расонидани созишнома дар бораи батаъхиргузорӣ ва пардохти ба муҳлатҳо ҷудошуда, раванди татбиқи усулҳои таъмини иҷрои уҳдадориҳои андозӣ, ки дар бандҳои 3), 5) ва 6) қисми 1 моддаи мазкур пешбинӣ гардидааст, муваққатан боз дошта мешаванд.
  2. Дар мавриди аз ҷониби мақомоти андоз бо кафолати бонкӣ ва замонат иваз намудани чораҳои таъмини иҷрои уҳдадории андозии андозсупоранда амали чораҳои мазкур, ки дар қисми 3 моддаи 142 Кодекси андоз пешбинӣ гардидааст, бекор ё муваққатан боз дошта мешаванд.
  3. Усулҳои таъмини иҷрои уҳдадориҳои андозӣ, тартиб ва шартҳои татбиқи онҳоро боби мазкур ва «Тартиби татбиқ намудани усулҳо ва чораҳои таъмини иҷрои уҳдадориҳои андозӣ», ки аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва қабул карда мешавад, муқаррар менамояд.
  4. Нисбат ба андозҳое, ки бояд дар робита ба интиқоли молҳо тавассути марзи гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохт карда шаванд, мумкин аст тадбирҳои дигари таъмини иҷрои уҳдадории андозӣ мутобиқи тартиб ва шартҳои муқаррарнамудаи қонунгузории гумрук татбиқ шаванд.

 

Комментарии

Нест бодо Ғуломӣ