Иҷрои уҳдадории андозӣ ҳангоми барҳамдиҳии шахси ҳуқуқӣ

Моддаи 122. Иҷрои уҳдадории андозӣ ҳангоми барҳамдиҳии шахси ҳуқуқӣ

  1. Муассис (муассисон)-и шахси ҳуқуқӣ – резидент ва ё мақомоти ваколатдори онҳо ё суд дар давоми 5 рӯзи корӣ аз рӯзи қабули қарор дар бораи барҳамдиҳӣ уҳдадоранд ба мақомоти андози маҳалли ҷойгиршавиашон ба таври хаттӣ хабар диҳанд.
  2. Шахси ҳуқуқии барҳамдодашаванда уҳдадор аст дар давоми 3 рӯзи корӣ аз рӯзи тасдиқ намудани тавозуни фосилавии барҳамдиҳӣ ба мақомоти андози маҳалли ҷойгиршавӣ ариза дар бораи гузаронидани санҷиши андозӣ ва ҳисоботи андозии барҳамдиҳиро пешниҳод намояд.
  3. Шахси ҳуқуқии барҳамдодашаванда уҳдадор аст андозҳоеро, ки дар ҳисоботи андозии барҳамдиҳӣ дарҷ шудаанд, на дертар аз 10 рӯзи тақвимӣ аз рӯзи ба мақомоти андоз пешниҳод намудани ҳисоботи андозии барҳамдиҳӣ пардохт намояд.
  4. Уҳдадории андозии шахси ҳуқуқии барҳамдодашаванда аз ҳисоби маблағҳои ин шахси ҳуқуқӣ, аз ҷумла, маблағи аз ҳисоби фурӯши молу мулк ба даст омада, иҷро мегардад. Комиссияи барҳамдиҳанда дар давоми 7 рӯз аз лаҳзаи барҳамдиҳӣ мақомоти андоз маҳалли ҷойгиршавиро оид ба таъинот ба ҳайси барҳамдиҳанда расман огоҳ менамояд.
  5. Мақомоти андоз уҳдадор аст, на дертар аз 20 рӯзи корӣ баъди гирифтани аризаи шахси ҳуқуқии барҳамдодашаванда, санҷиши андозиро гузаронад.
  6. Қарзи андозии шахси ҳуқуқии барҳамдодашаванда аз ҳисоби маблағҳои пулии шахси ҳуқуқӣ, аз ҷумла, маблағҳои аз фурӯши молу мулк ба даст омада, бо пайдарҳамии муқаррарнамудаи қонунгузории гражданӣ ва Кодекси андоз пардохт карда мешавад.
  7. Шахсоне, ки ба онҳо мутобиқи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи истифодабарии замини шахси ҳуқуқии барҳамдодашаванда (дилхоҳ шакли хоҷагидории кишоварзӣ) дода мешаванд, аз рӯи маблағи боқимондаи қарзи андозии шахси ҳуқуқии барҳамдодашаванда масъулияти мутаносиб (баробари ҳиссавӣ) доранд.
  8. Агар воситаҳои пулии шахси ҳуқуқии барҳамдодашаванда, аз ҷумла, маблағе, ки аз ҳисоби фурӯши молу мулки он ба даст омадааст барои пурра пардохт намудани қарзи андозӣ кифоя набошад, қарзи боқимондаи андозӣ аз ҷониби иштирокдори ин шахси ҳуқуқӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ пардохт карда мешавад, агар дар ҳуҷҷатҳои муассисӣ уҳдадориҳои муштарак муқаррар шуда бошад.
  9. Пайдарҳамии иҷрои уҳдадориҳои андозии шахси ҳуқуқии барҳамдодашаванда аз ҳисоби дигар кредиторони ин шахси ҳуқуқӣ бо роҳи ҳисоббаробаркунӣ тибқи қонунгузории гражданӣ анҷом дода мешавад.
  10. Маблағи андоз (фоиз, ҷарима), ки аз ҷониби шахси ҳуқуқии барҳамдодашуда барзиёд пардохт ё аз ҷониби мақомоти андоз ситонида шудааст, барои пардохти қарзи андоз аз рӯи дигар намудҳои андоз бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси андоз ба ҳисоб гирифта мешавад ё бо қарори шахси ҳуқуқии барҳамдиҳанда мутаносибан тақсим карда мешавад.
  11. Агар шахси ҳуқуқии барҳамдодашаванда қарзи андозӣ надошта бошад, маблағи андозҳои барзиёд пардохтшуда ё ситонидашуда (фоизҳо, ҷаримаҳо) бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси андоз, на дертар аз понздаҳ рӯз ба шахси ҳуқуқӣ аз лаҳзаи пешниҳоди аризабаргардонида мешавад.
  12. Муқаррароти дар ҳамин модда пешбинишуда нисбат ба пардохти андозҳо ҳангоми интиқоли мол аз марзи гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ татбиқ карда мешавад.
  13. Аз натиҷаи санҷиши сайёри андозӣ ва пурра пардохтани қарзи андоз, шахси ҳуқуқии барҳамдодашаванда ба мақомоти андози маҳалли ҷойгиршавӣ тавозуни барҳамдиҳӣ пешниҳод менамояд.
  14. Мақомоти андоз уҳдадор аст, ки дар асоси дархости шахси ҳуқуқии барҳамёфта тибқи тартиб ва дар муҳлатҳои муқаррарнамудаи Кодекси андоз дар бораи қарздор набудани шахси мазкур маълумотнома диҳад.
  15. Иҷрои уҳдадории андозии филиал ва намояндагии шахси ҳуқуқӣ – ғайрирезидент, муассисаи доимии шахси ҳуқуқии хориҷӣ, ки фаъолиятро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қатъ менамояд, тибқи тартиби муқаррарнамудаи ҳамин модда анҷом дода мешавад.

Комментарии

Нест бодо Ғуломӣ