Тадбирҳои муваққатӣ

Моддаи 117. Тадбирҳои муваққатӣ

  1. Тадбирҳои муваққатӣ аз ҷониби мақомоти андоз вобаста ба натиҷаҳои санҷишҳои андозӣ ва дар ҳолатҳои мавҷуд будани далелҳои кофӣ, ки амалӣ накардани онҳо боиси душворӣ ва номумкин гардидани иҷрои қарор дар бораи ба ҷавобгарӣ кашидан ва ситонидани қарзи андоз мегарданд, амалӣ карда мешавад.
  2. Барои андешидани тадбирҳои муваққатӣ мақомоти ваколатдори давлатӣ қарори дахлдор қабул мекунад. Муҳлати амалӣ чунин қарор аз рӯзи қабул то санаи иҷрои он ё то санаи бекор кардани қарор аз ҷониби суд, эътибор дорад.
  3. Мақомоти андоз ҳуқуқ дорад дар ҳолатҳои пешбининамудаи қисми 12 ҳамин модда қарор дар бораи бекор кардани тадбирҳои муваққатӣ ё иваз кардани онҳо, қабул намояд.
  4. Қарор дар бораи бекор кардан (иваз намудан)-и тадбирҳои муваққатӣ аз рӯзи қабули он эътибор пайдо мекунад.
  5. Тадбирҳои муваққатӣ аз амалҳои зерин иборат мебошанд:

– боздошти амалиётҳо бо суратҳисобҳои бонкӣ тибқи муқаррароти моддаи 136 Кодекси андоз;

– манъи бегона кардани ва ё ба гарав гузоштани молу мулк бе розигии мақомоти андоз.

  1. Манъи бегона кардан ва ё ба гарав гузоштан нисбат ба молу мулкибо пайдарҳамии зерин анҷом дода мешавад:
  • молу мулки ғайриманқуле, ки дар истеҳсоли молҳо ё анҷоми хизматрасониҳо истифода карда намешаванд;
  • воситаҳои нақлиёт, коғазҳои қиматнок, ашёҳои ороишии биноҳои хизматӣ;
  • дигар молу мулк, ба истиснои маҳсулоти тайёр ва ашё;
  • маҳсулоти тайёр, ба истиснои ашёи хом ва маҳсулоти зудвайроншавандае, ки муҳлати истифодаи он то се моҳро дар бар мегирад .
  1. Ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои андозии дар рафти санҷиши андозӣ муайяншуда пайдарҳамии манъи бегона кардан (ба гарав гузоштан)-и молу мулк тибқи муқаррароти қисми 6 ҳамин модда татбиқ мегардад, агар арзиши умумии молу мулки гурӯҳҳои қаблӣ аз маблағи умумии қарзи андозӣ камтар бошад. Дар ин ҳолат, арзиши молу мулк тибқи маълумоти баҳисобгирии муҳосибӣ муайян карда мешавад.
  2. Боздошти амалиёт бо суратҳисобҳои бонкӣ то манъ кардани бегонакуни (ба гарав гузоштан)-и молу мулк татбиқ карда мешавад.
  3. Бо дархости андозсупоранда, мақомоти андоз ҳуқуқ дорад тадбирҳои муваққатии дар қисми 6 ҳамин модда муқаррашударо бо тадбирҳои зерин иваз намояд:
  • ба кафолати бонкии ташкилоти қарзии молиявӣ барои пардохти қарзи андоз;
  • ба гарави коғазҳои қиматнок, ки дар бозори муташаккили коғазҳои қиматнок муомилот мекунанд;
  • ба замонат, ки тибқи тартиби муқаррарнамудаи моддаи 133 Кодекси андоз ба расмият дароварда шуда бошад.
  1. Агар андозсупоранда кафолати бонкии ташкилоти эътимодноки қарзии молиявиро оид ба пардохти уҳдадории андозиро пешниҳод намояд, мақомоти андоз ҳуқуқ надорад дархости андозсупорандаро оид ба иваз кардани тадбирҳои муваққатии дар қисми 6 ҳамин модда муқарраршуда рад намояд.
  2. Нусхаи қарор дар бораи қабули тадбирҳои муваққатӣ ва қарор дар бораи бекор кардани он аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ дар давоми панҷ рӯз аз санаи қабули он ба ҳуҷраи шахсӣ ё ба намояндаи андозсупоранда ирсол ё супорида мешавад.

Комментарии

akram-mebel