Маблағҳои барзиёд пардохташудаи андозӣ

Моддаи 113. Тартиби баҳисобгирии маблағҳои барзиёд пардохташудаи андозӣ барои пардохти дигар уҳдадориҳои андозӣ ва баргардонидани он

  1. Ба ҳисоб гирифтани маблағи барзиёд пардохтшудаи андозии андозсупоранда барои пардохти қарздории ӯ, ки дар қисми 2 моддаи 112 Кодекси андоз пешбинӣ шудааст, дар давоми 5 рӯз пас аз рӯзи муайян гардидани далели пардохти барзиёдӣ (санади муқоисавӣ) ё аз рӯзи эътибори қонунӣ пайдо намудани қарори дахлдори мақомоти судӣ мустақилона аз ҷониби мақомоти андоз анҷом дода мешавад.
  2. Ҳангоми баррасии аризаи хаттии андозсупоранда оид ба баргардонидани маблағи барзиёд пардохтшуда, мақомоти андоз дар муддати 10 рӯз пас аз рӯзи ворид гардидани чунин ариза хулосаи асоснок тартиб медиҳад. Агар ҳолатҳои алоҳидае вуҷуд дошта бошад, ки баррасии ариза омӯзиши иловагиро талаб намояд, муҳлати пешниҳоди хулоса 5 рӯз тамдид карда мешавад.
  3. Андозсупоранда ҳуқуқ дорад, барои ба ҳисоб гирифтан ё баргардонидани маблағи андози барзиёд пардохташуда, дар давоми муҳлати мурури даъво ариза пешниҳод намояд, агар қонунгузории андоз тартиби дигареро пешбинӣ накарда бошад.
  4. То ба охир расидани муҳлати дар қисми 2 ҳамин модда муқарраршуда, мақомоти андоз хулосаи дахлдорро бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси андоз барои баргардонидани маблағи андози барзиёд пардохташуда ба мақомоти молия барои баргардонидани маблағ пешниҳод менамояд.
  5. Мақомоти андоз уҳдадор аст, ки андозсупорандаро оид ба хулосаи қабулшуда дар бораи рад кардани ба ҳисоб гирифтан ё баргардонидани маблағ дар давоми 3 рӯзи тақвимӣ аз рӯзи қабул кардани чунин хулоса огоҳ намояд.
  6. Ҳангоми аз ҷониби мақомотҳои ваколатдор риоя нагардидани муқаррарароти қисми 2 ҳамин модда, барои ҳар як рӯзи тақвимии муҳлати баргардонидани маблағ ба манфиати андозсупоранда мутобиқи моддаи 135 Кодекси андоз фоизҳо ҳисоб карда мешаванд.
  7. Фоизҳои ҳисобшуда аз ҳисоби буҷети дахлдор пардохт карда мешаванд.
  8. Маблағи саҳван пардохтшудаи андоз, инчунин, фоизҳо ва (ё) ҷаримаҳо дар асоси муроҷиати хаттии андозсупоранда ё ташкилоти қарзии молиявӣ ва ё мақомоти молия ба андозсупоранда баргардонида мешаванд, агар хатогӣ аз тарафи онҳо содир карда шуда бошад.

 

Комментарии

akram-mebel