Баргардонидани андозҳои барзиёд пардохтшуда ё ситонидашуда

Моддаи 112. Муқаррароти умумӣ дар бораи ба ҳисоб гирифтан ва баргардонидани андозҳои барзиёд пардохтшуда ва ситонидашуда

  1. Маблағи барзиёд пардохтшудаи андозҳо, ҷаримаҳо ва фоизҳо барои давраи андоз, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи моддаи 271 Кодекси андоз, ин фарқи мусбии байни маблағҳои пардохтшуда ва маблағҳои ҳисобшудаи (иловагӣ ҳисобшуда), андозҳо, ҷаримаҳо ва фоизҳо барои давраи андоз мебошад.
  2. Маблағи андози барзиёд пардохташуда ё барзиёд ситонидашуда, ба андозсупоранда баргардонида мешавад. Андозсупоранда дар чунин ҳолат ҳуқуқ дорад, маблағи андози барзиёд пардохташуда ё барзиёд ситонидашударо барои пардохтҳои минбаъдаи ҳамин намуди андоз истифода намояд.
  3. Рӯипӯш намудани уҳдадориҳои андозӣ аз ҳисоби маблағҳои андози барзиёд пардохтшуда ё ситонидашуда бо пайдарҳамии зерин амалӣ карда мешавад:

1) барои пардохти қарздорӣ аз рӯи фоизҳои андози барзиёд пардохтшуда ё ситонидашуда (агар чунин ҳолат ҷой дошта бошад);

2) барои пардохти қарздорӣ аз дигар намуди андозҳо ва фоизи онҳо ба буҷетҳои дахлдор;

3) барои пардохти ҷаримаҳо барои ҳуқуқвайронкуниҳои андоз ба буҷетҳои дахлдор.

  1. Маблағи андози барзиёд пардохтшуда ё ситонидашуда дар асоси аризаи андозсупоранда пурра ё қисман ба андозсупоранда баргардонида мешавад, агар пайдарҳамии муқаррароти қисми 3 моддаи мазкур иҷро шуда бошад.
  2. Баргардонидани маблағи барзиёд пардохташуда ё ситонидашуда ба андозсупоранда мутобиқи қисмҳои 1 – 3 ҳамин модда ва бо тартиби муқаррарнамудаи моддаҳои 113 ва 114 Кодекси андоз анҷом дода мешавад.
  3. Саҳеҳияти маблағҳои барзиёд пардохтшуда ё ситонидашуда бо тартиб додани санади муқоисавӣ байни мақомоти андоз ва андозсупоранда, ки дар Кодекси андоз муқаррар шудааст, муайян карда мешавад.
  4. Қоидаҳои муқаррарнамудаи ҳамин боб, инчунин, нисбат ба баҳисобгирӣ ё баргардонидани маблағи барзиёд пардохтшуда ё барзиёд ситонидашудаи зерин татбиқ карда мешаванд:

– пешпардохтҳо ва пардохтҳои ҷории андозҳо, боҷҳо, фоизҳо ва ҷаримаҳо;

– боҷҳо, фоизҳо ва ҷаримаҳои аз ҷониби дигар мақомотҳои ваколатдор;

– маблағҳои саҳван пардохташудаи андоз, фоизҳо ва ҷаримаҳои он;

– маблағи андоз аз арзиши иловашуда, ба истиснои муқаррароти моддаи 271 Кодекси андоз.

Комментарии

Нест бодо Ғуломӣ