Асосҳои баҳисобгирии иҷрои уҳдадории андоз

Моддаи 102. Асосҳои баҳисобгирии иҷрои уҳдадории андоз

  1. Баҳисобгирии иҷрои уҳдадории андоз аз ҷониби мақомоти андоз бо роҳи пешбурди ҳисобварақаи шахсии андозсупоранда (агенти андоз), ки амалҳои зеринро дар бар мегирад, анҷом дода мешавад:

- кушодани ҳисобварақаи шахсӣ барои ҳар намуди андоз;

- дарҷ намудани маблағҳои ҳисобкардашуда (иловатан ҳисобкардашуда),баҳисобгирифташуда, пардохтшуда, баргардонидашудаи андоз, ҷаримаҳо,  фоизҳо, маблағҳои батаъхиргузошта, қарзҳои баҳснок ва мушкилситон дар ҳисобварақаи шахсӣ;

- бастани ҳисобварақаи шахсӣ.

  1. Маблағи ҳисобкардашудаи андоз маблағи андозе мебошад, ки аз ҷониби андозсупоранда (агенти андоз), мақомоти андоз ва мақомотҳои ваколатдори давлатӣ, ки дар Кодекси андоз муқаррар шудаанд ҳисоб карда шудааст.
  2. Дар Кодекси андоз таҳти мафҳуми маблағи андози (уҳдадории андозӣ) иловагӣ ҳисобишуда маблағҳои иловагии ҳисобишудаи андоз, ҷаримаҳо ва фоизҳое, ки аз ҷониби мақомоти андоз дар давраи муайяни андозӣ ҳисобӣ шудаанд фаҳмида мешавад. Дар ҳолатҳои зерин аз ҷониби мақомоти андоз маблағҳои иловагии андозӣ ҷаримаҳо ва фоизҳо, аз ҷумла, зиёд ё кам кардани уҳдадорӣ, ҳисоб карда мешавад:

- аз рӯи натиҷаҳои санҷиши сайёри андозӣ;

- риоя нагардидани муҳлати пешниҳоди эъломияи андоз;

- аз рӯи натиҷаҳои назорати камералӣ, муоинаи хронометражӣ ё шаклҳои дигари назорати андоз;

- зиёд ё кам кардани уҳдадориҳои андозӣ аз рӯи натиҷаҳои баррасии шикояти андозсупоранда (агенти андоз) вобаста ба қарори қабулнамудаи мақомоти андоз;

- пешниҳод гардидани эъломияи иловагии андозӣ (аз ҷумла, ислоҳшуда) мутобиқи моддаи 103 Кодекси андоз.

  1. Уҳдадориҳои андозие, ки дар муҳлатҳои муқарраршуда иҷро нашуда, таъмини онҳо амалӣ намудани шартҳои махсусро талаб менамояд, ҳамчун қарзҳои андози мушкилситон эътироф гардида, дар мақомоти андоз алоҳида ба ҳисоб гирифта мешаванд. Тартиби пешбурд ва шартҳои махсус барои иҷрои чунин уҳдадориҳои андозӣ аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ дар мувофиқа бо Вазорати молия муайян карда мешаванд.
  2. Пешбурди баҳисобгирии андозҳо, ҷаримаҳо ва фоизҳои пардохтшуда, баҳисобгирифташуда, баргардонидашуда дар ҳисобварақаҳои шахсии андозсупоранда (агенти андоз) дар асоси ҳуҷҷатҳои пардохтии ва дигар ҳуҷҷатҳои зерин амалӣ карда мешавад:

- дар бораи пардохти андозҳо, ҷаримаҳо ва фоизҳо;

- дар бораи баҳисобгириҳо,  баргардонидани маблағҳои изофапулии андозҳо, ҷаримаҳо ва фоизҳо;

- дар бораи баҳисобгириҳо ва баргардонидани маблағи барзиёд ҳисоб ва ё пардохтшудаи андоз аз арзиши иловашуда;

- дар бораи маблағҳои рӯёнидашудаи қарзҳои андоз, ҷаримаҳо ва фоизҳо.

  1. Дар ҳисобварақаи шахсии андозсупоранда муҳлати тағйирёфтаи иҷрои уҳдадориҳои андозӣ, бо дар назардошти муҳлати иҷрои он инъикос карда мешавад. Дар давраи тағйирёфтаи муҳлати иҷрои уҳдадориҳои андозӣ, аз ҷумла, пардохти андозҳо, ҷаримаҳо ва фоизҳо аз ҷониби мақомоти андоз нисбат ба андозсупоранда чораҳои ҷавобгарӣ ва маҷбуран ситонидани андозҳо татбиқ карда намешавад.
  2. Дар ҳисобварақаи шахсии андозсупоранда (агенти андоз) маблағи фоизҳои иловагӣ ҳисобшуда тибқи тартиби муқаррарнамудаи Кодекси андоз бо нишон додани даврае, ки фоизҳои мазкур ҳисоб шудаанд, инъикос карда мешавад.
  3. Дар ҳолатҳои ҷой доштани маълумоти мушаххас дар бораи бо роҳи фирор аз ҳудуди кишвар ё супоридани дороиҳо ба шахси дигар ё андешидани дигар амалҳои сохтакорӣ бо дороиҳо, ки ба ситонидани андоз монеъ мешаванд, мақомоти андоз ҳуқуқ дорад маблағи андози ҳисобнамударо ба ҳисобварақаи шахсии андозсупоранда ворид намуда, пардохти фаврии онро талаб намояд, агар ин чорабинӣ барои таъмини ситонидани андоз зарур бошад.
  4. Пешбурди баҳисобгирии ба буҷет ворид гардидани андозҳоро мақомоти андоз бо роҳи инъикос намудани маблағҳои андозҳо ва боҷҳои ҳисобшуда ва пардохтшуда, инчунин, фоизҳо ва ҷаримаҳо дар ҳисобварақаи шахсии андозсупоранда, амалӣ менамояд. Тартиби пешбурди ҳисобварақаи шахсии андозсупорандаро мақомоти ваколатдори давлатӣ дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
  5. Пешбурди баҳисобгирии воридшавии пардохтҳои гумрукиро ба буҷет, инчунин, фоизҳо ва ҷаримаҳое, ки вобаста ба интиқоли мол аз марзи гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохт мешаванд, мақомоти гумрук амалӣ менамояд. Тартиби баҳисобгирӣ аз ҷониби Хадамоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
  6. Тартиби баҳисобгирии воридшавии боҷҳои давлатӣ ва дигар пардохтҳо ба буҷет, ки аз ҷониби дигар мақомотҳо ва ташкилотҳои давлатӣ ситонида мешаванд, аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

Комментарии