Суратҳисобҳои бонкӣ

Моддаи 101. Суратҳисобҳои бонкӣ ва пешниҳоди маълумот

  1. Ташкилотҳои қарзии молиявӣ уҳдадоранд:

- дар асоси мактуби ахборотии мақомоти андоз суратҳисобҳои бонкии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро, ба истиснои суратҳисобҳои пасандозии шахсони воқеӣ кушоянд ва дар муҳлати 5 рӯз тавассути шабакаҳои алоқаи электронӣ ба мақомоти андоз маълумоти мазкурро ирсол намоянд;

- ҳама гуна амалиётҳои бонкиро бо нишон додани рақами мушаххаси андозсупоранда анҷом диҳанд;

- бо дархости хаттии мақомоти андоз дар муҳлати 5 рӯз иттилоотро дар бораи суратҳисобҳои бонкӣ, бақия ва гардиши маблағҳои суратҳисобҳои андозсупорандаи санҷишшавандаро пешниҳод намоянд;

- ҳангоми қабули ҳуҷҷатҳо оид ба пардохти андозҳо нишон додани рақами мушаххаси андозсупоранда, намудҳои андозҳои пардохтшавандаро (рамзҳои андозҳоро) талаб намоянд, инчунин, саҳеҳияти маълумотҳо (реквизитҳо)-и бонкии гирандаи пардохтро назорат кунанд;

- дар асоси дархости хаттии мақомоти андоз дар муҳлати 5 рӯз дар бораи суратҳисобҳои бонкӣ, бақия ва гардиши маблағҳои андозсупорандагоне, ки нисбат ба онҳо қарор дар бораи ба таври ғайрисудӣ рӯёнидани қарзҳои эътирофшудаи андозӣ қабул гардидааст ва (ё) андозсупоранда бемасъулият эътироф шудааст, маълумот пешниҳод намоянд.

  1. Тартиб, шакл ва муҳлати пешниҳоди маълумот аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ дар мувофиқа бо Бонки миллии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.
  2. Барои мақсадҳои ҳамин модда суратҳисобҳои муассисаҳои давлатӣ, ки дар Сарраёсати хазинадории марказии Вазорати молия кушода шудаанд, ба суратҳисобҳои бонкӣ баробар ҳисобида мешаванд.

Комментарии