Мафҳумҳои дар Кодекси Андоз истифодашаванда

Моддаи 2. Мафҳумҳои асосии дигаре, ки дар Кодекси мазкур истифода мешаванд

Дар Кодекси андози  мазкур, инчунин, мафҳумҳои асосии дигари зерин истифода мешаванд:

1) маъмурикунонии андоз – маҷмӯи чораҳои аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ бо риояи талаботи Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ амалишавандае, ки ба таъмини татбиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи муносибатҳои андоз, боҷи давлатӣ ва пардохтҳо равона карда шудааст;

2) низоми махсуси андозбандӣ – тартиби махсуси андозбандӣ барои гурӯҳҳои алоҳидаи андозсупорандагон муқаррар гардида, тарзу усули содакардашудаи баҳисобгирӣ ва пардохти намудҳои алоҳидаи андоз, инчунин, пешниҳоди ҳисоботи андозро муқаррар менамояд;

3) низоми умумии андозбандӣ – тартиби ҳисоб ва пардохти андозҳои умумидавлатӣ ва маҳаллии муқаррарнамудаи Кодекси мазкурро, ба истиснои низоми махсуси андозбандӣ муқаррар менамояд;

4) дороиҳо – захираҳои дар ихтиёрдорӣ ё таҳти назорати шахсони воқеӣ ва ё ҳуқуқӣ қарордошта, ки аз он гирифтани нафъи иқтисодӣ имконпазир буда, дорои ченаки арзишӣ мебошад. Аз ҷумла, молу мулк, дороиҳои дигари молию моддӣ ва ғайримоддӣ, фондҳои пулӣ ё ҳуқуқҳои молумулкие, ки маблағи умумии воситаҳо (фондҳо)-и асосӣ ва муомилотии шахсро ташкил медиҳанд, ҳар сарвати ба шахс тааллуқдошта, категорияи ҳисобие, ки арзиши молу мулки шахсии субъект, инчунин, восита ва захираҳоеро дар бар мегирад, ки барои пардохти қарзҳо (уҳдадориҳо) пешбинӣ шудаанд;

5) воситаҳои асосӣ – дороиҳое, ки ба шартҳои зерин ҷавобгӯ мебошанд:

а) муҳлати хизмати онҳо зиёда аз як сол бошад;

б) ҳангоми истеҳсоли молҳо (иҷрои корҳо, хизматрасониҳо) ё барои эҳтиёҷоти идоравӣ ба сифати воситаҳо (олот)-и меҳнат истифода шаванд;

в) арзиши ҳар як воҳиди чунин дороиҳо ба ҳадди муқарранамудаи қонунгузории оид ба пешбурди баҳисобгирии муҳосибӣ мутобиқ бошад;

г) истеҳлокшаванда бошанд.

6) қарзи андоз – маблағи андозҳои ҳисобшуда, ки аз ҷониби андозсупоранда эътироф шудааст, вале дар муҳлати муқарраргардида ва ё дар муҳлати тағйирдодашуда, ба буҷет пардохт нашудааст;

7) бурдҳо – ҳама намуди даромадҳо, подошҳо ва манфиатҳо дар шакли моддӣ ё пулӣ, ки андозсупорандагон дар озмунҳо, мусобиқаҳо (олимпиадаҳо), фестивалҳо, бо лотереяҳо, дар бозиҳои пулӣ, аз ҷумла, бозиҳо тавассути пасандозҳо ва коғазҳои қиматноки қарзӣ ба даст меоранд;

8) грант – воситаҳои пулӣ ва (ё) дигар молу мулк, ки ройгон ва бебозгашти барои ноил шудан ба ҳадафҳои муайян аз сарчашмаҳои зерин дода мешаванд:

а) аз ҷониби давлатҳои хориҷӣ (ҳукуматҳои давлатҳои хориҷӣ), ташкилотҳои байналмилалӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ – ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

б) аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ – ба мақомоти дахлдори давлатӣ ҷиҳати бартараф намудани оқибатҳои офатҳои табиӣ ё ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ;

в) аз ҷониби ташкилотҳои зерин, ки фаъолияти онҳо хусусияти эҳсонкорӣ ва (ё) байналмилалӣ дошта, хилофи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон намебошад – ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- ташкилотҳои байналмилалӣ ва хориҷӣ;

- ташкилотҳо ва фондҳои хориҷии ғайриҳукуматии ҷамъиятӣ.

9) даромади хориҷӣ –дилхоҳ даромадҳое, ки аз манбаъҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон набуда, ба даст оварда мешаванд.

10) имзои электронии андозсупоранда – воситаи махсуси криптографии таъмини ҳаққоният, пуррагӣ ва муаллифии ҳуҷҷатҳои электронӣ;

11) андозсупорандаи электронӣ-андозсупорандае, ки бо мақомоти андоз тариқи электронӣ дар асоси созишномаи бо онҳо басташуда оид ба истифода ва эътирофи имзои рақамӣ ҳангоми мубодилаи ҳуҷҷатҳои электронӣ тавассути ҳуҷраи шахси андозсупоранда ҳамкорӣ менамояд;

12) кор – фаъолиятест, ки натиҷаҳои он ифодаи моддӣ дорад, аз ҷумла, корҳои сохтмонӣ, васл ва таъмир, таҳқиқоти илмӣ, корҳои таҷрибавию конструкторӣ ва лоиҳакашӣ;

13) суди саҳмия (дивиденд) – ҳама гуна тақсимоти восита ё молу мулки шахси ҳуқуқӣ байни иштирокдор (саҳмдорон)-и он, аз ҷумла,:

а) даромаде, ки саҳмдор (иштирокдор) ҳангоми тақсимоти даромади ҳарсолаи баъди андозбандӣ боқимонда аз шахси ҳуқуқӣ – эмитент, гирифтааст. Агар қарори дахлдор оид ба истифодаи мақсадноки ин ҳиссаҷудокуниҳо ба фондҳо бо меъёрҳои муайяншуда қабул карда шавад ва мақсаднок истифода шудани он таъмин гардад, чунин фоидаи соф мавриди андозбандӣ қарор дода намешавад;

б) даромаде, ки саҳмдор (иштирокдор) аз тақсими маблағ ва молу мулк тибқи тартиби аз ҷониби шахси ҳуқуқӣ – эмитент харидани саҳмияҳои худ гирифтааст ва даромаде, ки саҳмдор (иштирокдор) аз тақсими молу мулки шахси ҳуқуқӣ ҳангоми барҳамдиҳӣ гирифтааст, бо тарҳи (дар ҳарду маврид) арзиши молу мулке (саҳмияҳое), ки муассис дар шакли саҳм ба сармояи оинномавӣ (шарикӣ) гузаронидааст;

в) даромаде, ки саҳмдор (иштирокдор) таҳти дигар пардохтҳо пардапӯшона гирифтааст;

г) маблағи дилхоҳ қарз, пардохт барои дороиҳо ё хизматрасонӣ, арзиши дилхоҳ дороӣ ва ё хизматрасонӣ ва ё дилхоҳ уҳдадории қарзии аз ҷониби шахси ҳуқуқӣ баровардашуда ва ё ба манфиати иштирокдор (саҳмдор) ва ё шахси ба иштирокдор алоқаманд (саҳмдор), ки ҳамчун амали воқеан тақсим намудани даромад бошад.

14) кумаки башардӯстона (гуманитарӣ) – молҳо (корҳо, хизматрасониҳо), ки ройгон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон аз кишварҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ барои беҳтар намудани шароити зисти маишии аҳолӣ, инчунин, пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳодисаҳои фавқулоддаи дорои хусусияти ҳарбӣ, экологӣ, табиӣ, техногенӣ ва ғайра фиристода шудааст ва он мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тақсим мешавад;

15) қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ – ин заминҳои таъиноти кишоварзӣ, аз ҷумла, майдони замин барои сохтмон ва ҳавлӣ, ки тибқи меъёрҳои муқаррарнамудаи Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шахсони воқеӣ ҷудо гардидаанд;

16) манбаи пардохти даромади андозсупоранда – ташкилот ё шахси воқеие, ки аз он (аз ҳисоби он) андозсупоранда даромад мегирад;

17) қарзи беэътимод– маблағест, ки бояд ба андозсупоранда пардохт шавад, вале бо сабаби ғайри қобили пардохт будан ё барҳам дода шудани қарздор, андозсупоранда онро пурра гирифта наметавонад ё имконияти гирифтани он аз шахси қарздор ё шахси сеюм аз эҳтимол дур аст ва дар ҳисоби муҳосибии андозсупоранда аз эътибор соқитшуда инъикос ёфтааст. Дар ҳар ҳолат қарзи беэътимод қарзе мебошад, ки дар ҳисобҳои молиявии андозсупоранда беэътимод ҳисобида мешавад ва барои ба суратҳисоби пардохтии бонкӣ ё хазинавии он дар давоми се сол аз лаҳзае, ки чунин пардохт бояд анҷом дода мешуд, ягон пардохт сурат нагирифтааст ва ё новобаста аз дигар ҳолатҳо, андозсупоранда барҳам дода шудааст;

18) маҳалли ҷойгиршавии воҳиди алоҳидаи шахси ҳуқуқӣ – маҳалле, ки шахси ҳуқуқӣ тавассути воҳиди алоҳидаи худ фаъолиятро анҷом медиҳад (маҳалли дар асл воқеъбудаи воҳиди алоҳида);

19) маҳсулоти кишоварзӣ – натиҷаи ибтидои (маҳсул)-и парвариши растаниҳои кишоварзӣ, чорво ва дороиҳои дигари биологӣ, ки таҳти коркарди саноатии минбаъда қарор нагирифтааст;

20) коркарди саноатии маҳсулоти кишоварзӣ – ин амалиёти технологӣ мебошад, ки бо истеҳсоли маҳсулоти тайёр аз ашёи хоми кишоварзӣ алоқаманд буда, аз коркарди аввалия гузаштаанд. Коркарди саноатии маҳсулоти кишоварзӣ инҳо маҳсуб намеёбанд:

- амалиёт оид ба тайёр намудани маҳсулоти кишоварзӣ барои фурӯш (ба навъҳо ҷудо намудан ва банду бастнамоӣ);

- якҷоянамоии маҳсулотҳои гуногуни кишоварзӣ, ки рамзи молии он тағйир намеёбад;

- забҳи чорво ва ҷудонамоии он;

- тозакунӣ ва хушконидани ғалла, ғалладонагиҳо ва зироатҳои техникӣ (ба истиснои пахта) дар вазни аввалияи қабулшуда;

- омода намудани тухмии маҳсулоти кишоварзӣ дар шароити табиӣ;

- хушконидани зироатҳои сабзавотӣ ва мевагиҳо, сулфурдиҳӣ (дуднамоӣ) дар шароити табиӣ;

21) мол – ҳама гуна молу мулки моддӣ. Бо мақсадҳои андоз аз арзиши иловашуда, пул ва асъори рақамӣ, замин ва ё маҳсуле, ки тавассути ноқилҳо (ба истиснои қувваи барқ), кабелҳо, радио, оптикаҳо ва ё низоми дигари электромагнитӣ ва ё низоми шабеҳи техникӣ интиқол дода мешавад, мол намебошанд;

22) ташкилоти қарзии молиявӣ – ташкилоти қарзӣ ва ташкилоти қарзии исломӣ, ки дар асоси иҷозатномаи Бонки миллии Тоҷикистон ҳама ё баъзе аз амалиётҳои бонкии дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишударо иҷро менамоянд;

23) ташкилоти қарзӣ – шахси ҳуқуқие (бонкҳо, ташкилоти қарзии ғайрибонкӣ, аз ҷумла, ташкилоти маблағгузории хурд), ки дар асоси иҷозатномаи Бонки миллии Тоҷикистон ҳама ё баъзе аз амалиётҳои бонкии дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишударо иҷро менамоянд;

24) номгӯи молҳои фаъолияти иқтисодии хориҷӣ – системаи рамзҳои таснифи молҳо, ки мутобиқи Системаи ҳамоҳангсохташудаи тасвир ва рамзгузории молҳо қабул шудааст;

25) роялти – пардохти маблағ барои:

а) ҳуқуқи истифодаи сарватҳои табиӣ дар ҷараёни истихроҷи канданиҳои фоиданок ва (ё) коркарди зуҳуроти техногенӣ;

б) истифодаи ҳуқуқҳои муаллифӣ, таъминоти барномавӣ, патентҳо, нақшаҳо, тамсилаҳо, тамғаҳои савдо ё дигар моликияти саноатӣ ва ё зеҳнӣ ё додани ҳуқуқи истифодаи онҳо ба дигар шахсон;

в) истифодаи таҷҳизоти саноатӣ, тиҷоратӣ ё илмию таҳқиқотӣ ё додани ҳуқуқи истифодаи онҳо ба дигар шахсон;

г) истифодаи ноу-хау;

д) истифодаи кинофилмҳо, видеофилмҳо, сабтҳои овоз ё дигар шаклҳои сабт ё додани ҳуқуқҳои истифодаи онҳо ба дигар шахсон;

е) расонидани кумаки техникии иловагӣ ва ёрирасон вобаста ба ҳуқуқҳои дар ҳамин банд пешбинишуда;

26) хароҷоти намояндагӣ – хароҷоти марбут ба қабул ва хизматрасонии ҳама гуна шахсон, аз ҷумла, хароҷоте, ки барои мақсадҳои муқаррарсозӣ ё дастгирии ҳамкориҳои мутақобила, инчунин, барои иштирокдори ба маҷлиси шӯрои директорон, комиссияи тафтишотӣ, маҷлиси саҳмдорон ташрифоварда сурат гирифтааст. Ба хароҷоти намояндагӣ хароҷоти вобаста ба қабули расмии шахсони зикргардида, хизматрасонии буфетӣ (фуршетӣ) ҳангоми гуфтушунид дохил мешавад;

27) хизматрасонӣ – ҳама гуна фаъолият бар ивази подош, пул ё асъори рақамӣ, ки таҳвили мол, иҷрои кор набуда,  инҳоро дар бар мегирад:

- фаъолияти савдо;

- хизматрасонии молиявӣ;

- ба иҷора додани молу мулки моддӣ ва ғайримоддӣ;

- маҳсуле, ки тавассути ноқилҳо, кабелҳо, радио, оптикаҳо ва ё низоми дигари электромагнитӣ ва ё низоми шабеҳи техникӣ интиқол дода мешавад.

28) хизматрасониҳои молиявӣ (барои мақсадҳои андоз аз арзиши иловашуда) – хизматрасониҳои зерини ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва агентҳо (субагентҳо)-и бонкии пардохтии онҳо, ташкилотҳои ғайриқарзии молиявӣ, Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ, гаравхонаҳо (ломбардҳо), ташкилотҳои суғуртавӣ ва дигар шахсони ҳуқуқӣ:

а) амалиётҳо вобаста ба додани қарз ва қарзҳои исломӣ ё маблағгузориҳои исломӣ:

  • додани қарзҳо ва қарзҳои исломӣ ё маблағгузориҳои исломӣ (“Муробаҳа”, “Муробаҳаи молӣ”, “Музораба”, “Мушорака”, “Мушоракаи мутаноқиса”, “Салам”, “Истисноъ”, “Қарзи ҳасана”, “Ипотека”, “Вакала”), аз ҷумла, қарзҳои хурд, қарзҳои хурди исломӣ ё маблағгузориҳои хурди исломӣ;
  • додани ё пешниҳоди кафолатҳо ва ҳама гуна дигар таъминоти амалиёти пулию қарзӣ, аз ҷумла, идоракунии қарзҳо қарзҳои исломӣ ё маблағгузориҳои исломӣ ва кафолатҳо аз ҷониби шахсе, ки қарз, қарзҳои исломӣ ё маблағгузориҳои исломӣ ё кафолат медиҳад;
  • кафолатҳо аз ҷониби шахсе, ки қарз ё кафолат медиҳад;
  • амалиёт бо эътиборномаҳо (аккредитивҳо) (кушодан ва додани тасдиқнома, бозхонд, ивазнамоӣ ва ғайра);
  • амалиёти факторинг ва форфейтинг;
  • баррасии ҳуҷҷатҳо барои гирифтани иҷозатнома ва шаҳодатнома барои гузаронидани амалиёти бонкӣ, бонкии исломӣ, фаъолияти оператори низоми пардохтӣ;
  • додани фоизҳо ё даромад, комиссия, ҷубронпулӣ хароҷоти барасмиятдарорӣ аз рӯи қарзҳо, қарзҳои исломӣ ё маблағгузориҳои исломӣ, қарзҳои хурд, қарзҳои хурди исломӣ ё маблағгузориҳои хурди исломӣ, кафолатҳо ва гарав;
  • гирифтани қарз, қарзҳои исломӣ ё маблағгузориҳои исломӣ, қарзи хурд, қарзҳои хурди исломӣ ё маблағгузориҳои хурди исломӣ, кафолат, гарав;
  • гирифтани фоизҳо ё даромад, комиссия, ҷубронпулӣ ва хароҷоти барасмиятдарорӣ аз рӯи қарзҳо, қарзҳои исломӣ ё маблағгузориҳои исломӣ, қарзҳои хурд, қарзҳои хурди исломӣ ё маблағгузориҳои хурди исломӣ, кафолат, гарав ва дигар таъминот;
  • фурӯши қарз, қарзҳои исломӣ ё маблағгузориҳои исломӣ, қарзи хурд, қарзҳои хурди исломӣ ё маблағгузориҳои хурди исломӣ, гарав ва дигар таъминот;
  • интиқоли қарз, қарзҳои исломӣ ё маблағгузориҳои исломӣ, қарзи хурд, қарзҳои хурди исломӣ ё маблағгузориҳои хурди исломӣ, кафолат, гарав;
  • идоракунии қарз, қарзҳои исломӣ ё маблағгузориҳои исломӣ, қарзи хурд, қарзҳои хурди исломӣ ё маблағгузориҳои хурди исломӣ, кафолат, гарав;
  • ташкил ва барқарор кардани захираҳо барои пӯшонидани талафоти имконпазир аз рӯи дороиҳо.

б) амалиёт вобаста ба идоракунии депозитҳо, (амонат ё пасандоз, амонат ё пасандозҳои исломӣ), амонати сармоягузорӣ, ҳисоббаробаркуниҳо ва иҷрои дигар уҳдадориҳои қарзӣ:

- ҷалбнамоии воситаҳои пулии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар шакли амонатҳо, пасандозҳо (амонат ва пасандозҳои исломӣ) ва суратҳисобҳои сармоягузорӣ;

- кушодан ва пеш бурдани суратҳисоби бонкии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ;

- амалисозии ҳисоббаробаркуниҳо бо супориши мизоҷон фармоишҳои пардохтии мизоҷон (шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, аз ҷумла, бонкҳои муросил);

- интиқоли маблағҳо, аз ҷумла, интиқоли маблағҳои электронӣ- ҳамлу нақли воситаҳои пулӣ, векселҳо, ҳуҷҷатҳои пардохтию ҳисоббаробаркунӣ ва хизматрасонии хазинавӣ ба мизоҷон (шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, аз ҷумла, бонкҳои муросил);

- хариду фурӯши асъори хориҷӣ дар шакли нақдӣ ва ғайринақдӣ;

- ҷалби амонатҳо ва ҷойгиркунии филизоти қиматбаҳо;

- додани кафолати бонкӣ;

- амалисозии интиқоли маблағҳо бо супориши шахсони воқеӣ бе кушодани суратҳисобҳои бонкӣ;

- ҳамагуна хизматрасониҳо аз рӯи суратҳисобҳои бонкӣ, аз ҷумла, мубодилаи маблағҳои суратҳисобҳои бонкӣ аз як асъор ба асъори дигар;

- хизматрасонии форфейтингӣ, клирингӣ;

- идоракунии амонатҳо ва суратҳисобҳо, амонат ва пасандозҳои исломӣ, амонатҳои сармоягузорӣ ва суратҳисобҳо (кушодан, барқароркунӣ, маълумотдиҳӣ, нусхабардорӣ, муайяннамоӣ, тағйирнамоии пардохтҳо, бозхондани онҳо, таъминсозӣ бо бланкҳои чекӣ ва ғайраҳо);

- гузаронидани пардохтҳои электронӣ ва таъминоти дастгирии техникии SWIFT;

- амалиёт аз рӯи ҳисобҳои муросилотии хориҷӣ барои кафолат ва амалиёти аксептии гирифташуда;

- хизматрасонии фосилавии бонкӣ ва ба воситаи шабакаи Интернет ба мизоҷон.

в) амалиёт вобаста ба муомилоти асъорӣ, воситаҳои пулӣ ва пулҳои қоғазӣ (банкнотаҳо ва тангаҳои филизӣ), ки воситаҳои қонунии пардохтӣ мебошанд:

- қабул ва барориши пули нақд ба муомилот;

- аз муомилот гирифтани пули нақд;

- қабул ва додани пули нақд;

- ҳамлу нақл (инкасатсия)-и пули нақд – байнибонкӣ;

- амалиёти вобаста ба муомилоти асъорӣ, воситаҳои пулӣ ва банкнотаҳо (амалиёти дохилибонкӣ ва байнибонкӣ);

- хизматрасонии хазинавӣ (комиссия барои қабул ва додани пули нақд, экспертизаи пул, бозшумории пули нақд, бастабандӣ ва нигаҳдории пули нақд дар хазина);

- муайян кардани ҳақиқӣ будан ва пардохтпазирии пули нақд;

- қабул ва додани пули нақд ба воситаи банкоматҳо, терминалҳои электронӣ ва терминалҳои худкори худхизматрасон;

- амалиёт вобаста ба барориш ва хизматрасонии воситаҳои электронии пардохтӣ, аз ҷумла, кортҳои пардохтии бонкӣ;

- хизматрасониҳои пардохтӣ, ки аз ҷониби агент (субагент)-и бонкии пардохтӣ пешниҳод карда мешаванд;

г) амалиёт вобаста ба муомилоти саҳмияҳо, вомбаргҳо, тасдиқномаҳо (сертификатҳо), векселҳо, чекҳо ва дигар коғазҳои қиматнок, аз ҷумла, коғазҳои қиматноки исломӣ:

- барориш, фурӯш ва бозпас харидани саҳмияҳои худӣ;

- муомилот бо саҳмияҳо, вомбаргҳо, тасдиқномаҳо (сертификатҳо), тасдиқномаҳо (сертификатҳо)-и сукук, векселҳо, чекҳо ва дигар коғазҳои қиматнок, аз ҷумла, коғазҳои қиматноки исломӣ;

- амалиёт дар бозори коғазҳои қиматнок (иштирокчии касбии бозори қоғазҳои киматнок);

д) амалиёт вобаста ба иҷрои шартномаҳои форвардӣ, опсион ва созишномаҳо бо дигар воситаҳои молиявии ҳосила (деривативҳо):

- додани кафолат ба шахсони сеюм, ки иҷрои уҳдадориҳоро дар шакли пулӣ дар назар дорад;

- ба даст овардани ҳуқуқи аз шахсони сеюм гирифтани талабномаи иҷрои уҳдадориҳои дар шакли пулӣ пешбинӣ кардашуда;

- тибқи шартнома бо шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар асоси боварӣ (траст) идоракунии воситаҳои пулӣ ва коғазҳои қиматнок, аз ҷумла, коғазҳои қиматноки исломӣ;

- анҷоми амалиёти ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва бонкҳои ваколатдор бо металҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо;

- амалиёти аккредитивӣ;

- амалиёти своп ва форвард барои хариду фурӯши асъор;

- ба расмият даровардани шиносномаҳо вобаста ба содирот ва воридоти мол;

- амалиёт бо хариду фурӯши воситаҳои молиявӣ ва молиявии исломӣ;

- амалиёти РЕПО ва РЕПО‐и баръакс;

- амалиётҳои хариду фурӯши форвардии воситаҳои молиявӣ;

- амалиёт бо опсионҳо;

- гирифтани фоизҳо ё даромад ва комиссия аз рӯи амалиёт бо коғазҳои қиматнок, аз ҷумла, коғазҳои қиматноки исломӣ;

- барориш ва аз муомилот баровардани коғазҳои қиматноки давлатӣ;

е) хизматрасонӣ вобаста ба идоракунии фондҳои сармоягузорӣ (сармоягузорӣ) ва сармоягузории исломӣ тариқи аҳди “Музораба” ва “Мушорака”.

ж) амалиётҳои суғуртакунӣ аз рӯи шаклҳои суғурта, азнавсуғуртакунӣ, аз ҷумла суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ ва суғуртаи исломӣ (такафул):

- суғуртаи ҳатмии давлатӣ;

- суғуртаи ҳатмӣ;

- суғуртаи ихтиёрӣ;

- азнавсуғуртакунӣ;

- суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ;

- суғуртаи исломӣ (такафул)..

з) иҷораи молиявӣ ва иҷораи исломӣ дар шакли даромади фоизӣ:

- пардохти фоиз аз рӯи шартномаи иҷораи молиявӣ ва исломӣ;

- додани қарз барои амалиётҳои иҷораи молиявӣ ва исломӣ;

- идоракунии амалиётҳо вобаста ба иҷораи молиявӣ ва исломӣ;

- барасмиятдарории шартномаи иҷораи молиявӣ ва исломӣ.

и) амалиётҳо вобаста ба фаъолияти бонкдории исломӣ:

- амалиётҳо тибқи маблағгузории исломӣ, аз ҷумла, маҳсулотҳои бонкдории исломии ташкилотҳои қарзии молиявие, ки бо принсипҳо ва стандартҳои маблағгузории исломӣ амал мекунанд (номгӯи онҳоро Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Бонки миллии Тоҷикистон ва мақомоти ваколатдори давлатӣ муайян менамояд);

- изофапулӣ ба арзиши молҳо ва молу мулки тибқи маблағгузории исломӣ додашаванда (фурӯхташаванда) аз ҷониби ташкилотҳои қарзии молиявӣ, ки тибқи принсипҳо ва стандартҳои маблағгузории исломӣ амал мекунанд;

к) хизматрасониҳо оид ба ташкили хизматрасониҳои дар зербандҳои а) – и) ҳамин банд нишондодашуда.

 29) ҳуҷҷати электронии андозсупоранда – ҳуҷҷати мутобиқи шакли муқарраршудаи электронӣ тартиб, пешниҳод, рамзгузорӣ ва бо имзои электронӣ тасдиқ кардашуда, ки пас аз қабул ва тасдиқ шудани дурустии он қувваи эътибори ҳисоботӣ дорад;

30) пардохти суғуртавӣ (ҷуброни суғуртавӣ, маблағи суғуртавӣ) – маблағе, ки ташкилоти суғуртакунанда ба шахси суғурташуда тибқи суғуртаи молу мулк ва суғуртаи масъулият ҷиҳати пӯшонидани зарари дар натиҷаи сар задани ҳодисаҳои суғуртавӣ расида мепардозад;

31) фаъолият оид ба истеҳсоли молҳо – фаъолияти соҳибкорие, ки даромад аз он асосан аз истеҳсол ва фурӯши молҳо (молу мулки модди)-и аз ҷониби худи соҳибкор истеҳсолшуда ба даст омадааст;

32) қарзи андози аз ҷониби андозсупоранда эътирофшуда – маблағи уҳдадориҳои андози пардохтнашуда, ки дар шакли зерин муайян (ҳисоб) карда шудааст:

а) аз ҷониби андозсупоранда дар ҳисоботи андозии худ;

б) дар қарор оид ба таъхир гузошта шудани пардохти андозҳо;

в) дар қарори мақомоти андоз оид ба санади санҷиши андозӣ, ки андозсупоранда гирифтааст ва мавриди баҳс қарор надодааст, агар маблағи андоз мавриди баҳс қарор дошта бошад, он қарзи андоз эътироф намешавад;

г) бо қарори суд, ки эътибори қонунӣ пайдо кардааст;

33) андози ғайримустақим – андозе (андоз аз арзиши иловашуда,  андози аксиз ва андоз аз фурӯши алюминийи аввалия) мебошад, ки маблағи онро андозсупоранда барои пардохт ба буҷет бо зам намудани ин андоз ба нархи фурӯши молҳо, кор ва хизматрасонӣ аз истеъмолкунанда мегирад ва ё ҳуқуқи гирифтанро дорад;

34) таҳвил (фурӯш)-и мол — додани ҳуқуқи моликият ба молҳо, аз ҷумла, фурӯш, мубодила ё туҳфа, интиқоли ройгон ё қисман пардохт намудани он, додани музди меҳнат ва пардохтҳои дигар дар шакли молӣ (натуралӣ), инчунин, ба гаравгиранда додани ҳуқуқи моликият ба моли ба гарав мондашуда;

35) минтақаҳои оффшорӣ – давлатҳо ва (ё) ҳудудҳое, ки ба андозсупоранда (шахси воқеӣ ва ҳуқуқӣ) низоми имтиёзноки андозсупориро пешниҳод менамоянд, маълумотро доир ба амалиётҳои молиявӣ ва дигар молу мулкиро, ифшо ва пешниҳод намекунанд. Номгӯи минтақаҳои оффшориро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи пешниҳоди мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба муқовимат ба қонунигардони (расмикунони)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом муайян менамояд.

36) махзани электронӣ – маҷмӯи маълумоти электронии ҳифзшаванда, ки барои муайян намудани баҳисобгирии дурусти муомилоти молу маҳсулоти андозсупоранда ва манбаъҳои андозбандӣ истифода бурда мешавад. Тартиби пешбурди он аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ муайян карда мешавад;

37) амалиёти азнавбаҳодиҳии асъор ва филизот ва сангҳои қиматбаҳо – амалиёте, ки бинобар тағйир ёфтани қурби пули миллӣ нисбат ба асъори хориҷӣ ва филизот ва сангҳои қиматбаҳо бо мақсади танзими ҳисоботи дахлдори тавозунии ташкилот (корхона, муассиса), новобаста ба майлу хоҳиши он, анҷом дода шуда, вобаста ба мусбат ва ё манфӣ будани натиҷаи ниҳоии он (фарқияти ниҳоии даромаду хароҷоти азнавбаҳодиҳӣ) дар давраи ҳисоботӣ ё ба даромад ва ё ба хароҷоти ташкилот мансуб дониста мешавад;

38) дастгоҳҳои назоратӣ-хазинавӣ – дастгоҳи электронӣ дорои хотираи фискалӣ бо таҷҳизоти интиқоли маълумот, ки маълумоти фискалиро дар бораи ҳисоббаробаркуниҳо бо пули нақд, кортҳои пардохти бонкӣ ва дигар шаклҳои пардохти электронӣ ҳангоми фурӯши молҳо, иҷрои корҳо ва хизматрасониҳо, дар хотираи худ сабт ва нигоҳ дошта, интиқоли мустақими онро тавассути операторҳо (онлайн) ба мақомоти андоз таъмин менамояд;

39) хазинаи виртуалӣ – таъминоти барномавӣ ё маҷмӯаи он, ки маълумотро дар бораи ҳисоббаробаркуниҳои нақдӣ ва ғайринақдӣ бо истеъмолкунандагон дар нуқтаҳои савдои чакана (хизматрасонӣ) дар бар мегирад ва имкони ба модули фискалӣ пайваст шуданро дорад, ҳуҷҷатҳои фискалӣ тартиб медиҳад ва нигоҳ медорад, интиқоли ҳуҷҷатҳои фискалиро дар вақти воқеӣ ба оператори маълумоти фискалӣ анҷом медиҳад, маълумоти фискалиро чоп ва ё онҳоро ба таври электронӣ ба мақомоти андоз интиқол медиҳад;

40) соли андозӣ – даврае, ки ба соли тақвимӣ мувофиқ буда, аз 1 январ то 31 декабрро дар бар мегирад;

41) шӯрои ҳалли пешазсудии баҳсҳои андозӣ–мақомоти машваратӣ ва баррасикунандаи пешазсудии баҳсҳои андозии байни андозсупоранда ва мақомоти андоз;

42) машваратчии андозӣ – шахсе, ки оид ба ҳисоб ва пардохт намудани андозҳо, боҷҳо, дигар пардохтҳо ва пешниҳоди ҳисобот (эъломияҳо)-и андозӣ, инчунин, оид ба ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии андозсупоранда хизматрасониҳои машваратиро анҷом медиҳад;

43) хавфи андозӣ – эҳтимолияти аз ҷониби андозсупоранда пурра ё қисман иҷро накардани уҳдадориҳои андозӣ;

44) фоиз – дилхоҳ маблағе, ки дар шакли фоизҳо, тахфифҳо, мукофотпулӣ ва дигар воситаҳои пулӣ, инчунин, подошпулӣ барои истифодаи пул, ки дар як вақт ё давра ба давра пардохт мегарданд, ифода карда мешавад;

45) соҳибмулк –манфиатгирандаи ниҳоӣ – як ё якчанд шахси воқеӣ, ки бевосита ё бавосита соҳиби моликият мебошанд;

46) сармояи оинномавӣ – маҷмӯи воситаҳои молию пулии (ҳиссаҳо, саҳмияҳо) муассисон (иштирокдор), ки барои таъсиси шахси ҳукуқӣ ва таъмини фаъолият ташаккул дода шудааст;

47) андозсупорандаи бемасъулият – андозсупорандае, ки уҳдадориҳои андозии худро тибқи талаботи қонунгузории андоз таъмин наменамояд. Номгӯи андозсупорандагони бемасъулият аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ дар асоси қарори расмӣ тартиб дода шуда, дар сомонаи электронии он ҷойгир карда мешавад. Ном (номгӯ)-и андозсупорандаи бемасъулият аз ин номгӯ пас аз ислоҳи қонунвайронкунӣ ва (ё) пешниҳод шудани далелҳои асоснок хориҷ карда мешавад. Андозсупоранда дар ҳолатҳои зерин бемасъулият эътироф карда мешавад, агар:

а) дар давоми зиёда аз 3 моҳи пайдарпай пешниҳоди ҳисоботи андоз ва (ё) пардохти маблағи андоз ва (ё) қарзи эътирофшудаи андозиро таъмин нанамояд;

б) бе амалан анҷом додани амалиёт ҳисобнома-фактураи андоз аз арзиши иловашударо пешниҳод намояд;

в) дигар амалҳоро (беамалиеро) анҷом дода бошад, ки номгӯи онҳо аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ дар мувофиқа бо мақомоти ваколатдор дар соҳаи дастгирии соҳибкорӣ муқаррар карда мешавад;

48) андозсупорандаи бомасъулият – андозсупоранадае эътироф мешаванд, ки уҳдадориҳои андозии худро тибқи талаботи қонунгузории андоз таъмин намуда, ба рӯйхати андозсупорандагони бемасъулият шомил нест;

49) нархгузории трансфертӣ – нархе мебошад, ки байни шахсони бо ҳам алоқаманд ташаккул меёбад ва (ё) аз нархи бозорӣ ҳангоми анҷом додани аҳдҳо байни тарафҳои мустақил фарқ дорад;

50) чеки электронии фискалӣ (ҳуҷҷати электронии ҳисоббаробаркунӣ) – шакли ҳуҷҷати ҳисоббаробаркунӣ барои амалиётҳо дар шакли пардохтҳои электронӣ, ки он дорои маълумот ва нишонаҳои ҳатмии чеки таҷҳизоти хазинавӣ барои мол (кор, хизматрасонӣ), аз ҷумла, ифодаи рақамии рамзхати мол ва (ё) рамзи QR дошта бошад;

51) ҳисобнома-фактураи электронӣ – ҳуҷҷате мебошад, ки бо истифода аз шабакаи электронӣ бо имзои электронӣ, тавассути таҷҳизоти мубодилаи электронии маълумот пешниҳод мешавад. Ҳуҷҷати мазкур  дорои замимаҳои шакли коғазии PDF буда, тавассути ҳуҷраи шахсии андозсупоранда ва ё дилхоҳ шабакаи электронӣ, ки заминаи эътимоднокро барои санҷиши вобастагии байни ҳисобнома-фактура ва таҳвили мол (кор, хизматрасонӣ) фароҳам меорад, ирсол мегардад;

52) кэшбэк - навъи ҳавасмандгардониест, ки ҳангоми пардохт намудани арзиши мол (иҷрои кор ва хизматрасонӣ) тавассути ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ (аз ҷумла бо воситаҳои электронии пардохтӣ, кортҳои пардохтии бонкӣ ва ҳамёнҳои электронӣ) фоизи муайян аз маблағи пардохтшаванда ва ё маблағи устувор аз ҷониби ташкилоти қарзии молиявӣ ва ё фурӯшанда ба мизоҷ баргардонида мешавад;;

53) асъори рақамӣ – ин воҳидҳои рақамии арзиш, ба ғайр аз пул, ки шартҳои зеринро қонеъ мекунанд:

а) воҳидҳои арзиш ивазшаванда мебошанд;

б) воҳидҳои арзиш метавонанд ҳамчун пардохт барои таҳвил пешниҳод карда шаванд;

в) воҳидҳои арзиш маъмулан барои аҳли ҷомеа бидуни маҳдудияти ҷиддии истифодаи онҳо ҳамчун пардохт дастрасанд;

г) воҳидҳои арзиш бо асъори ягон кишвар ифода карда намешаванд;

д) воҳидҳои арзиш арзише надоранд, ки ба арзиши чизи дигаре вобастагӣ дошта бошад ва ё аз он бармеояд;

е) воҳидҳои арзиш ҳуқуқи гирифтан ё ихтиёрдорӣ кардани ашё ё ашёи муайянро намедиҳанд, агар ин ҳуқуқ бо доштани воҳидҳои рақамии арзиш ё истифодаи воҳидҳои рақамии арзиш ҳамчун ҷуброн алоқаманд набошад.

54) суратҳисобҳои бонкӣ – барои мақсадҳои Кодекси мазкур суратҳисобҳои андозсупорандагон, ба истиснои суратҳисобҳои амонати (пасандози)-и шахсони воқеӣ, ки дар ташкилоти қарзии молиявӣ кушода шудааст;

55) воситаи электронии пардохтӣ – восита ва (ё) усуле, ки бо мақсади интиқоли маблағ дар доираи шаклҳои истифодашавандаи ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ бо истифодаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, ҳомили электронии иттилоот, аз ҷумла корти пардохтии бонкӣ ва дигар таҷҳизоти техникӣ бо ва бидуни кушодани суратҳисоби бонкӣ ба андозсупоранда барои таҳия, тасдиқ ва додани фармоиши пардохтӣ имкон медиҳад;

56) қарзи баҳснок – қарзи андозе мебошад, ки андозсупоранда
нисбат ба он розӣ набуда, тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ ба
мақомоти болоии андоз, Шурои ҳалли пеш аз судии баҳсҳо, суд ва ё дигар мақомотҳои дахлдор бо аризаи хаттӣ шикоят намудааст, то баррасӣ ва гирифтани ҷавоб аз натиҷаи шикоят.

Комментарии