Литсейи №4-и шаҳри Душанбе дар маркази ноҳияи Шоҳмансур

20-уми августи с 2021 Литсейи рақами 4 дар пойтахти Тоҷикистон ба истифода дода шуд. Мутобиқи лоиҳа ин мактаб барои мактаббачагони боистеъдоди шаҳри Душанбе «барои 1500 хонанда дар ду баст пешбинӣ шуда, аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Абдураззоқ Саидов, муассиси Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ависенна» сохта шуда, аз 4 мактаби ба ҳам пайваста иборат аст ва бино чорошьёна мебошад.

Литсейи №4 дар шахри Душанбе

Муассисаи нави таълимӣ аз 37 синфхонаи барҳавои фанҳои зерин – химия, физика, биология, астрономия, геометрия, табиатшиносӣ, математика, ҷуғрофия, технологияҳои иттилоотӣ, омодагии ҳарбӣ, мусиқию хореография, кабинетҳои таълимии омӯзгорон ва дигар иншооти ёрирасон иборат аст. Инчунин дар литсей утоқҳои лабораторӣ ва лавозимоти таълимӣ барои гузаронидани таҷрибаҳои гуногун мавҷуд аст.

Бо дарназардошти омӯзиши вазъи рӯҳӣ ва ҳифзи саломатии донишҷӯёну омӯзгорон дар муассиса утоқҳои алоҳидаи равоншиносӣ ва тиббӣ сохта шудаанд, ки барои расонидани ёрии аввалия бо асбобу таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз шудаанд.

ВИДЕО

Дар муассисаи нави таълимй ба инкишофи хунархои гуногун диккати махсус дода мешавад, барои ин барои писарону духтарон синфхои васею алохидаи таълими мехнат мавчуданд, ки онхо бо тачхизоти зарурй чихозонида шудаанд. Дар ин синфхо талабагон дуредгарй, кандакорй, дузандагй, ошпазиро меомузанд. Дар муассисаи нав маҳфили шоҳмот низ мавҷуд аст, ки он барои машғулиятҳои зеҳнии мактаббачагон хизмат мекунад.

Барои дустдорони санъати тасвирй синфхонаи алохида ташкил карда шудааст, ки дар он ба бачагон нозукихои санъати тасвирй меомузанд. Барои рушди технологияҳои муосир синфи технологияҳои иттилоотӣ таъсис дода шудааст, ки бо дастгоҳҳои зарурӣ таъмин карда шудааст. Дар маҷмӯъ, дар литсей барои омӯзиши фанҳои фаннӣ шароити муосир фароҳам оварда шудааст, видеопроектори дорои тахтаҳои электронӣ мавҷуд аст, раванди таълим ҷавобгӯ ба стандартҳои байналмилалӣ мебошад.

Барои баргузории чорабиниҳои гуногуни фарҳангию оммавӣ ва вохӯриҳо толори барҳавои маҷлисӣ барои 340 ҷойи нишаст сохта шудааст. Толори калони варзишии литсей барои бозӣ кардани футболи хурд, волейбол ва баскетбол пешбинӣ шуда, ошхонаи замонавӣ бо 200 ҷойи нишаст мавҷуд аст.

Китобхонаи муассиса дорои 5 ҳазор нусха адабиёти таълимӣ ва бадеӣ мебошад, ки ба хонандагон имкон медиҳад, ки аз ин ганҷи бебаҳо самаранок истифода намуда, дониши худро сайқал диҳанд. Бо мақсади фароҳам овардани шароити бароҳат барои мутолиаи китоб толори барҳавои хониш бо 100 ҷойи нишаст ва китобхонаи электронӣ бо 15 компютер ба шабакаи интернет пайваст мебошад.

Бояд гуфт, ки дар муассисаи нави таълимӣ дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ҳамкории зичи омӯзгорон бо волидони хонандагон низ ба роҳ монда шудааст. .

Зимни шиносоӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сатҳу сифати корҳои сохтмонӣ, тарҳрезии биноҳо баҳои баланд дода, ташаббуси соҳибкори ватаниро шоистаи таҳсину тақлид донист.

Харитаи ҷойгиршавӣ

Бо дарназардошти он, ки солҳои 2020-2040 “Бист соли омӯзиш ва рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илм ва маориф” эълон шудааст, дар Муассисаи давлатии таълимии “Литсейи No4 барои мактаббачагони болаёқат ш.

Барои тарғиби тарзи ҳаёти солим дар саҳни муассисаи таълимӣ майдончаи замонавии варзишӣ бунёд гардида, дар он кӯдакон метавонанд ба машқҳои гуногуни варзишӣ машғул шаванд. Ба гуфтаи масъулин, ба “Литсейи No4 барои мактаббачагони лаёқатманди шаҳри Душанбе” 50 нафар омӯзгорони баландихтисос барои таълиму тарбияи хонандагон ҷалб карда мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки дар партави сиёсати инсондӯстона ва тарбиявии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани шароити таълим ва фароҳам овардани имкониятҳои муосир аз соли 2017 то соли 2020 дар ҳудуди пойтахт 24 муассисаи таълимӣ барои 15 ҳазору 466 нафар дар як баст сохта, таҷдид ва ба истифода дода шуд. Соли 2021 дар шаҳри Душанбе ба ифтихори сазовор пешвоз гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе боз 5 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 6380 хонанда дар як баст бунёд гардид. Дар 15 муассисаи таълимии дигар, ки дар як баст барои 14414 нафар хонанда пешбинӣ шудаанд, тибқи нақша корҳои сохтмонӣ идома доранд. Сохтмони муассисаҳои таълимии нави замонавӣ дар шаҳри Душанбе солҳои охир суръат гирифта, ҳадаф фароҳам овардани шароити муносиб барои таълиму тарбияи насли наврас мебошад.

Сохтмон ва ба истифода додани муассисаи нави таълимӣ дар шаҳри Душанбе дар арафаи соли нави таҳсил идомаи мантиқии сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи рушди маориф буда, ба баланд шудани сатҳу беҳбуди сифати таълим, чорй намудани усулхои нави таълиму тарбияи бачагони лаёкатманд дар рухи мухаббат ба илм. Ҳудуду атрофи иншоот обод ва бо гулу буттаҳои мавсимии ороишӣ оро дода шудаанд.

Комментарии

akram-mebel