Имтиёзҳои андозӣ

Моддаи 26. Имтиёзҳои андозӣ

  1. Имтиёзҳои андозӣ –бартарияти андозсупоранда вобаста ба пардохт накардани андоз ё пардохт кардани онҳо бо андозаи камтар, ки дар қонунгузории андозӣ пешбинӣ шудааст, мебошад.
  2. Батаъхиргузори (тамдид)-и муҳлати пардохти андоз имтиёзи андозӣ ҳисобида намешавад.
  3. Имтиёзи андозӣ дар доираи Кодекси андоз пешниҳод карда мешавад, агар дар қисми 5 моддаи мазкур муқаррароти дигар пешбинӣ нашуда бошад.
  4. Имтиёзи андозӣ хусусияти инфиродӣ дошта наметавонад.
  5. Имтиёзҳои иловагии андозӣ ба соҳаҳои афзалиятнок, тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии дар сархатҳои ҳафтум ва ҳаштуми қисми 9 моддаи 1 Кодекси андоз, дар шакли озодкунӣ, танҳо ба андозаи 50 фоизи меъёри андози дар Кодекси андоз муқарраршуда ва ба муҳлати на бештар аз 5 сол пешниҳод карда мешавад.
  6. Номгӯи соҳаҳои афзалиятноке, ки нисбат ба онҳо имтиёзҳои андозӣ тибқи Кодекси андоз ва имтиёзҳои иловагӣ мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор паҳн карда мешаванд, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад. Ба истиснои соҳаҳои афзалитяноки навмуайяншуда, хориҷкунӣ ва ё азнавтасдиқкунии номгӯӣ соҳаҳои афзалиятноки дорои имтиёз дар асоси таҳлили самаранокии имтиёзҳои пешниҳодшуда ба рушди иқтисодиёти миллӣ ва минтақа сурат мегирад.
  7. Агар дар Кодекси андоз тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад, андозсупоранда ҳуқуқ дорад, ки имтиёзҳоро доир ба андозҳо аз лаҳзаи пайдошавии асосҳои ҳуқуқии дахлдор дар давоми тамоми давраи амали онҳо истифода барад ё аз истифодаи имтиёзи андозӣ даст кашад , ба истиснои фурӯш (содирот)-и молҳое (корҳо, хизматрасониҳое), ки аз андоз аз арзиши иловашуда озод карда мешаванд. Агар андозсупоранда аз истифодаи имтиёзи андозӣ даст кашад ё истифодаи онро барои як ё якчанд давраи андоз боздорад, уҳдадор мебошад дар ин бора ба мақомоти андоз дар аввали сол (то 20 январ) дар шакли хаттӣ хабар расонад ва онро то анҷоми сол риоя намояд.
  8. Имтиёзҳои андозиро бо шарти равона кардани маблағҳои аз андозбандӣ озодшуда барои мақсадҳои муайян пешниҳод кардан мумкин аст. Дар сурати ғайримақсаднок истифода кардани маблағҳои аз ҳисоби имтиёзҳо озодшуда, онҳо бо ҳисобу зам кардани фоиз ба фоидаи буҷет бо тартиби муқарраршуда ситонида мешавад. Ҳаҷми маблағҳоеро, ки дар натиҷаи пешниҳод кардани имтиёзҳои андозӣ озод шудаанду дар давоми муҳлати амали ин имтиёзҳо истифода нашудаанд, дар давоми соле баъд аз анҷомёбии муҳлати амали имтиёзҳои пешниҳодшуда ба мақсадҳое равона кардан мумкин аст, ки ҳангоми пешниҳодкунии имтиёзҳо муайян шуда буданд. Дар ҳолати дар муҳлати зикршуда истифода нашудани маблағҳо, ин маблағҳо бояд ба буҷет гузаронида шаванд.
  9. Имтиёзҳо оид ба андоз аз арзиши иловашуда, аз ҷумла, ҳангоми воридот ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо шарти он ки маблағҳои аз андозбандӣ озодшуда барои мақсадҳои мушаххас ҷудо карда шаванд, пешниҳод карда намешаванд.
  10. Дар ҳолатҳои офатҳои табиӣ (заминларза, обхезӣ) ва ҳолатҳои фавқулода (эпидемия ва пандемия) Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад ба ҳама андозсупорандагон ё гурӯҳи андозсупорандагон таътили андозӣ пешниҳод намояд.
  11. Тартиби пешниҳод ва арзёбии самаранокию мақсаднокии имтиёзҳои андозӣ бо пешниҳоди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо мақомоти ваколатдори давлатӣ ва мақомоти давлатии дахлдори дигар аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.

Комментарии