Иди Рамазон 13-уми майи 2021 аст !

Раиси Шӯрои уламои Марказии исломии ҷумҳурӣ  дар аҳли нишаст ба муносибати даҳаи мубораки Рамазон ва омад-омади Иди саиди Рамазон табрику таҳният гуфт.

Раиси Маркази исломӣ , қайд кард, ки мувофиқи ҳисоби илмӣ рўзи Иди саиди Фитр Рамазон дар кишвар ба рўзи 13-уми майи 2021 рост меояд.

Пас аз баррасии масъалаҳои рўзномаи маҷлис аъзои Шӯрои уламо чунин қарор қабул карданд:

  1. Мувофиқи ҳисоби илмӣ Иди саиди Рамазон дар тамоми қаламрави ҷумҳурии Тоҷикистон рўзи панҷшанбе 13-уми майи соли 2021 таҷлил карда шавад.
  2. Вақти баргузории намози Иди саиди Рамазон соати 6-30 дақиқа муайян карда шавад.

Дар анҷоми маҷлис раиси Маркази исломии Тоҷикистон аз имомхатибон талаб кард, ки дар мавъизаҳояшон роҷеъ ба неъмати бебаҳои сулҳу оромӣ суханронӣ намуда, дар дастгирии ятимону пиронсолон ва табақаи ниёзманди ҷомеа, рушду шукуфоии кишвари азиз саҳми худро гузоранд.

Маҷлис бо дуои хайри аҳли нишаст дар ҳаққи Пешвои миллат ва мардуми кишвар ҳусни анҷом пазируфт.

Комментарии