Хисоботи омори давлатии солона аз натичаи реклама-маркетинг

Ҳисобот

Оид корҳои рекламавии иҷрошуда дар соли 2021

Дар соли 2021 корҳои рекламавии аз ҷониби дастаи кормандони ширкати  «Reklama Taj» идома дода шуд, ки назар ба соли пешина ё худ 2020-ум сол хеле ҷоннок шуд, ки оиди ҳар як банди корҳои анҷомдодашуда ва натиҷаҳои расида дар зер маълумот оварда шудаанд. Дар дастаи кори реклама чунин нафарон иштирок карданд: Роҳбар, Контентшик, График-дизайнр, Барномасоз, SMM-шик ва видеомонтажник.

Чихеле ки маълум аст, соли 2021-ум ба маблағи 5 750 доллар барои реклама ҷудо карда шуд ки ба чунин самтҳо сарф карда шуданд:

  1. Ҳаққи хизмати блогерон 927$ ба маблағи барои ҷалби ситораҳо-сарояндаву санъаткорон дар толор ва паҳн кардани видеои онҳо дар шабакаи интернет. Дар ин самт бо гуруҳи Mehrob Pro ва Navik ҳамкорӣ шуд. Тибқи шартномаи пешаки бояд ба 30 видео мешуд вале онҳо 34 видео карданд. Аз сабабе ки пешакӣ сарояндаҳо ба ин блогерон авал арзон гуфтанд вале баъд нархашонро бардоштанд ки ба арзиш таъсири худро расонд. Тибқи шартнома мо бояд 600 ҳаз просмотр мегирифтем аз ин видеоҳо вале 3 маротиба натиҷа беҳтар шуд. Яъне хароҷоти карда назар ба гугл ё яндекс додани ин намуди реклама қиммат нашу два ин бар фоидаи мо аст. Бар иловаи ин мо наворҳои видеои ин ситораҳоро ба саҳифаи фейсбуку дигар каналҳоямон мондем ва боз зиёда аз ним миллион бештар просмотр-нигориш гирифтем, ки ин боз туҳфаи беҳтарин ба ширкати «мебел», аст.
  2. Барои реклама дар Фейсбук ва Инстаграм маблағи ҳамагӣ 327 $ хароҷот кардем ки ин ниҳоят кам аст ва натиҷааш чунин буд. Просмотр 1,5 миллион шуд ки назар ба як сол пеш 2 маротиба бештар мебошад. Ин натиҷаи хуб аз ҳисоби ҳаррӯз гузоштани постҳои нав дар саҳифаи Фейсбукиамон мебошад;
  3. Дар бозори Ховарон банеро чоп карда фавран часпонидем ки маблағаш 250$ шуд. Аз сабаби фаврӣ будан чунин қиммат шуд вагарна арзонтар шуданаш имконпазир буд.
  4. Реклама дар шабакаи Гугл 195 $ хароҷот кардем ки аз он ба сомонаи мо 1434 мизоҷи эҳтимолӣ омад.
  5. Реклама дар шабакаи Яндекс ба маблағи 139$ хароҷот кардем ки аз ин ба сомонаи мо 5021 мизоҷи эҳтимол омад;
  6. Дигар сомонаҳои Тоҷикистон низ рекламаи худро гузоштем ки барои ин 240$ хароҷот карда шуд ва аз ин ҳисоб 2819 мизоҷи эҳтимоли ба сомонаи ширкат омаданд;
  7. Иштирок дар спонсории Instagram Give маблағи 70$ ки аз ин ҳисоб зиёда аз 10 ҳазор нафар подписчикамон зиёд шуд ва ин албата таъсири мусбии худро ба мо мерасонад;
  8. Ҳаққи хизмат барои хизматрасонӣ дар самти реклама барои соли 2021-ум маблағи 3 600$ (300 $ барои ҳар моҳ);

Хуллас ба ҳисоби миёна дар як моҳ ширкат 480 доллар барои реклама дар соли 2021 дар асл ҷудо кардааст ки маблағи чандон назаррас нест ва албата таъсираш дар ин ҳолат ба реклама кам мешавад.

Гарчанде маблағ аз тарафи ширкати мебелӣ барои реклама саривақт пешниҳод намешуд вале масалаи таблиғ манъ карда нашуд. Яъне аз моҳи январ то августи соли 2021 давоми 6-7 моҳ бепул хизматрасонии рекламавиро идома дода мешуд ва доимо гарчанде маблағ ҳам набошад дар сайти mebel.tj, Facebook, Instagram, Somon.tj, Однокласники корҳои ҳаррӯзаи публикациякунӣ амалӣ мешуданд.

Барои мутмаин шудан аз рафти кори рекламави бо далелҳое, ки аз сайти худи ширкат дастрас шуданд чунинанд.

Давоми соли 2021 ба сайти www.mebel.tj зиёда аз 29,5 ҳазор одам даромада ба саҳифаҳои гуногуни он назар карда ба ин ё он мол таваҷҷӯҳ зоҳир намудааст. Чихеле ки аз графики зерин мебинед баъди моҳи август реклама таъсири худро 2-3 маротиба бештар кардааст вале бо сабаби боз дар ҷудо кардани маблағи реклама таъсири он дар моҳҳои онятбар-декабр фаромадааст.

Дар графикаи дигаре ки дар поён оварда шудааст нишон медиҳад ки давоми соли 2021-ум чиқадар одамон аз куҷо ва чихел ба сайти мо ворид шудаанд. Маълум мешавад ки одамон ягон моли лозимии худро дар интернет бо ҳарфу калимаву ҷумла менависанд ва дар натиҷаи кофтуков номи сайти мебел ва саҳифаҳои он мебарояд ки ин қариб 40% -и мизоҷонро ташкил мекунад. Ин маънои онро дорад ки мо дар навиштани матнҳо ва таърифу тавсиф кардан диққати махсус зоҳир мекунем наинки тавакали карда пулро беҳуда сарф намоем.

Аз ин график чихелеки мебинед ҳамагӣ 20%-и мизоҷон аз ҳисоби реклама ба сайт даромаданд. Сабаби кам буданашон дар он аст, ки маблағи реклама кам ҷудо карда шудааст.

Дар ҷойи севум одамон аз ҳисоби номи ширкатро дар поиск навишта даромадан вориди сайти мо мешаванд. Ин хабари хуш аст, чунки алакай хеле одамон номи бренди Tojмебелро медонанд, ки дар кофтуков дар Гугл ва Яндекс менависанд.

Ҷойи чорум аз ҳисоби шабакаҳои иҷтимоӣ мебошад ки одамон таблиғот ва пуьликацияҳои моро дида ба сайти мо ворид мешаванд ва меҳоҳанд маълумоти бештар гиранд.

Аз таҳлилҳо маълум шуд, ки одамон баъди ба сайти мо ворид шудан асосан ба чунин молҳо бештар таваҷҷӯҳ зоҳир менамоянд:

  1. Кровать
  2. Кухни гарнитур
  3. Стенка-шкафы
  4. Спалний гарнитур
  5. Диван

Ба сайти Ширкат дар соли 2021 аз чунин сарчашмаҳо ворид шуданд:

Ғайр аз ин қобили қайд ки аз шумораи одамоне ки ба сайт ворид мешаванд 70%-аш мард ва 30%-аш зан мебошанд ва 85%-и мардум тавассути телефони мобилашон ба сайт ворид мешаванд.

Аз руи сину сол байни истифодабарандагони сайти мо аз ҳама бештар ҷавонони аз 25 то 35-сола мебошанд ки 50%-и аудиторияро ташкил мекунанд.

Ғайр аз он ки таблиғтро дар шабакаҳои интернет ба роҳ монем инчунин корҳои дигар ҳам амалӣ шуданд ки аз инҳо иборат буданд:

  1. Кушодани Тикток аккаунт
  2. Ҷалби кормандон барои ширкат барои ишғоли вазифаи дизайнер, устоҳо, фурушандаҳо, фарош ва ғайра;
  3. Иштирок дар таҳлили кори ширкат к аз ҷониби мушовир аз Россия (Алексей) ба роҳ монда шуда буд;
  4. Сабти баъзе видеои дарсҳои Саидмурод Давлатов
  5. Дар алоқа будан дар фурушандаҳои мебел аз Эрон, Хуҷанд ва дигар шаҳрҳо;
  6. Сохтани сайти нави ширкат;
  7. Сохтани зиёда аз 50 видеоролик оиди маҳсулотҳо;
  8. Ҷустуҷуи муҳосиб ва мусоидат дар кори муҳосибавии корхона;
  9. Телегерам канал кушода шуд;

ХУЛОСА

Маблағи савдо дар соли 2021-ум бештар мешуд агар чунин масъалаҳо то андозае ҳалли худро меёфт:

  1. Маҳсулотҳои дар толор мавҷуда гуногунхелтар мешуданд. Масалан мизоҷон баъзе маҳсулотҳоро мепурсанд ки дар толор онҳо нестанд ё бошанд ҳам намудаш кам, алалхусус диванҳои нарми видвижной/раскладной, кати хоби якнафара, рахти кудакони навзод ва ғ;
  2. Нархи баъзе маҳсулотҳо назар ба бозори Султони Кабир қимматар намешуданд. Бахусус дар масалаи пешниҳоди маҳсулоти рақобатпазир аз ҷумла спални гарнитура, диван ва ғ;
  3. Тартиби кори фурушандаҳо хубтар мебуданд. Ба мизоҷон ҷавоби нопурра, хато, дер ва ё безеб намедоданд;
  4. Маблағи барои реклама саривақт ва ба пурагӣ ҷудо мешуд;
  5. Ба муроҷиати мизоҷон колцентр ҷавоби саривақтӣ ва пурра медод;
  6. Коркарди муроҷиати мизоҷон ба роҳ монда мешуд ва назорат карда мешуд.
  7. Муроҷиати мизоҷон дар вақти фармоиши саривақт иҷро мешуданд;
  8. Дар толор маҳсулоти боз ҳам ҷолибтари замонавӣ (навинка) мешуданд;
  9. Таҳлили фуруши маҳсулот ба роҳ монда мешуд, ва аниқ карда мешуд ки кадом намуди маҳсулот бештар дар фуруш серталаб мебошанд;
  10. Нархҳои ҳар як маҳсулот дар танаи маҳсулот навишта мешуд ё лоақал коди он часпонида мешуд тоинки савдогарон нархро хато нагуянд ва харидоронро нагурезонанд;
  11. Бухгалтерия-мухосибот хубтар кор мекард ва ба корцентр, фурушандаҳо ва роҳбарият ва бахши реклама маълумоти дахлдор манзур мекард тоинки сифати кори корхона беҳтар мешуд.

Комментарии

Нест бодо Ғуломӣ