Умари Хаём — файласуф, риёзидон, шоир…

Умари Хаём – яке аз бузургтарин ҳакимони халқи форс, ки дар тамоми дунё ҳамчун файласуф, риёзидон, шоир ва нуҷумшинос машҳур аст. Umari Khayom 18-уми майи соли 1048 дар оилаи хаймасоз дар шаҳри Нишопури Ирони ҳозира таввалуд шуда, дар сини 83 солаги 4-уми декабри соли 1131 аз олам даргузаштааст.

Фото - картина Умари Хаём

Фото — картина Умари Хаём

Умар аълони ҷавонӣ дар шаҳрҳои Бухоро, Самарқанд ва Балх илми худро сайқал додааст. Мавсуф дар бахши илми алҷабр (математика) хело зиёд буда аввалин ихтироти у дар ҳамин соҳа пешкаш шуда унвони олимиро дар сини 25 солагӣ дар шаҳри Самарқанд соҳиб гаштааст.

Номи пурраи ин шахси баруманд асосан чуни наст: Ғиёсиддин Абул-Фатҳ Умар ибни Иброҳим ал Хаёми Нишопурӣ. Дастоварди асосии у асосан дар таърих бо ихтирооти худ дар самти тақвим (календарь) маъруф аст. Донистани Қуръон бо шари ҳар як ояташ, илмҳои алҷабр,  тиб, ҳандаса, ҳайъат бароияш чандон мушкили надошт.

Дар сини 16-солагӣ Умари Хаёмро падараш тарк карда аз олам даргузаштааст, ки ин ҳам бошад давраи ҷанг буд. Ҳаёти шоир асосан дар дарбори шоҳигарии Салҷқиён суръат гирифтааст. Дар ҳаёт Умари Хаём фақирона умр ба сар бурда ҳаёти худро ба илм бахшидааст. У ҳеҷ гоҳ оиладор нашудааст ва бинобар ин фгон фарзанде ҳам надошт. Дар байни мардуми одди Умари Хаём ҳамчун шоири беҳтарине ки рубоиёти пурмазмуни ҳаётиро эъҷод намудааст маҳбуб аст.

Ашори Умари Хаём (рубоиёт – шеър — назм)

Гар як нафасат зи зиндагони гузрад,
Магзор, ки ҷуз ба шодмонӣ гузарад.
Зинҳор, ки сармояи ин мулки ҷаҳон
Умр асту бад-он сон гузарони гузарад. 

Рӯзе, ки гузаштааст, аз у ёд макун,
Фардо, ки наёмадаст, фарёд макун.
Аз н-омадаву гузашта фарёд макун,
Ҳоли хуш бошу умр барбод макун. 

Асрори азалро на тудониву на ман,
В-ин ҳарфи муаммо на ту хонниву на ман,
Ҳаст аз паси парда гуфтугуи ману ту,
Чун парда биафтад, на ту мониву на ман. 

Онон ки куҳан буданду онон ки наванд,
Ҳар як паи якдигар якояк бишаванд,
Ин мулки ҷаҳон ба кас намонад ҷовид,
Рафтанду равему боз оянду раванд. 

Ё раб, ту гилам сириштаи ман чи кунам?!
Пашму қасабам ту риштаи ман чикунам?!
Ҳар неку баде, ки аз ман ояд ба вуҷуд,
Ту бар сари ман набиштаи ман чи кунам. 

Ҳаргиз дили ман зи илм маҳрум нашуд,
Кам монд зи асрор ки маълум нашуда,
Ҳафтоду ду сол фикр кардам шабу руз,
Маълумам шуда, ки ҳеҷ маълум нашуд. 

Барзезу махур ғами ҷаҳон гузарон,
Биншину даме бо шодмонӣ гузарон,
Дар табъи замона гар вафое будӣ,
Ҳаргиз ба ту навбат нашудӣ аз дигарон. 

Афсус ки номаи ҷавонӣ тай шуд,
В-он тозабаҳори зиндагонӣ дай шуд,
Он мурғи тараб, ки номи  буд шабоб,
Афсус надонам, ки кай омадау кай дай шуд.

_________________________________________________

1
То битвонӣ ранҷа магардон касро,
Бар оташи хашми хеш маншон касро,
Гар роҳати ҷовидон, масаъ дорӣ,
Меранҷ ҳамешаву маранҷон касро.
2
Омад саҳар ин нидо зи майхонаи мо,
К-ей ринди хаработиву девонаи мо,
Бархез, ки пур кунем паймона зи май,
Зон пеши, ки пур кунадмаймонаи мо.
3
Аз бодаи ноб лаъл шуд гавҳари мо,
Омад ба фиғон зи дасти мо соғари мо.
Азбаски ҳамехурем май бар сари май,
Мо бар сари май шудему, май бар сари мо.
4
Бархез, буто , бисёр баҳри дили мо,
Ҳал кун ба ҷамоли хештаи мушкили мо,
Як қуза шароб , то ба ҳам нуш кунем,
З-он пеш, ки кузаҳо кунанд аз гили мо.
5
Чун дар гузарам, ба бода шуед маро,
Талқин зи шароби ноб гуед маро,
Хоҳед ба рузи ҳашар ёбед маро,
Аз хоки дари маёкада ҷуед маро.
6
Чун уҳда намекунад касе фардоро,
Ҳоли хуш кун ту ин дили шайдоро,
Май нуш ба нури моҳ, эй ёр , ки моҳ
Бисёр барояду наёбад моро
7
З-ин даҳр, ки буд муддате манзили мо,
Н-омад ба ҷуз аз болову ғам ҳосили мо,
Афсус, ки ҳал нагашт як мушкили мо,
Рафтему ҳазор ҳасрат андар дили мо.
8
Ошиқ ҳама сола масту шайдор бодо,
Девонаву шуридаву расво бодо
Дар ҳушёрӣ ғуссаи ҳар чиз хурем,
Чун маст шудем, ҳар чи бодо бодо.

9
Оқил ба чи умед дар ин қуҳнасаро.
Бар давлати у ниҳад дил аз баҳри Худо?
Ҳар гоҳ ки хоҳад, нишинанд бар ҷой,
Гирад аҷалаш даст, ки бархез ба по.
10
Қурон, ки меҳин калом хонанд уро,
Гаҳ-гоҳ, на бардавом, хонанд, уро.
Бар гирди пиёла ояте равшан, ҳаст,
К-андар ҳама ҷо мудом хонанд уро.
11
Ҳарчанд, ки рангу руи зебост маро,
Чун лола руху чу сари балост маро.
Маълум нашуд, ки дар тарабхонаи хок
Наққоши азал баҳри чӣ орост маро.
12
Гар май нахурӣ, таъна мазан мастонро,
Бунёд макун ту ҳилаву достонро.
Ту ғарра аз онӣ, ки нануши ман ноб,
Сад кор кунӣ, ки май ғуломаст онро.
13
Чандон бихурам, шароб, к-ин буи шароб,
Ояд зи туроб, чун шавам зери туроб.
Гар бар сари хоки ман расад мамуре,
Аз буи шароби ман шавад масту хароб.
14
Мову маю маъшуқ дар ин кунҷи хароб,
Фориғ зи умеди рафтану биму азоб.
Ҷону дили ҷому ҷома дар рахни шароб,
Озод зи хоку боду аз оташу об.
15
Ои беҳ, ки дар ин замона кам гирӣ дуст,
Бо аҳли замона суҳбат аз дур накуст.
Он кас, ки ба ҷумлагӣ туро такя бар уст.
Чун чашма хирад боз кунӣ, душманат уст.
16
Ободонии майхона зи май хурдани мост,
Хуни ду ҳазор тавба бар гардани мост.
Гар ман нахурам гуноҳ, раҳмат чи кунад?
Ороиши раҳмат аз гунаҳ кардани мост.
17
Он қаср, ки Баҳром дар у ҷом гирифт,
Оҳу бача карду рубаҳ ором гирифт.
Баҳром, ки гур мегирифти ҳама умр,
Дидӣ, ки чӣ гуна гур Баҳром гирифт.
18
Он кас, хубон лаби хандон додаст.
Хуни ҷигаре ба дармандон додаст.
Гар қисмати мо надод шодӣ, ғам нест,
Шодем, ки ғам ҳазорчандон додаст.
19
Он кас, ки зи ҷому бода бархурдор аст.
Пайваста хурад валек у ҳушёр аст.
Дар бисёраш мазаррати андак нест,
Дар андаки у манфиати бисёр аст.
20
Он кист, ки дил ниҳоду фориғ биншаст?
Пиндошт, муҳлатеву таъхире ҳаст.
Гу хацма мазан, ки меҳ мебояд канд,
Гу рахт манеҳ, бор мебояд баст.

21
Он моҳ, ки гуфтӣ малаки раҳмон аст,
Акнун ту агар нигаҳ кунӣ, шайтон аст.
Руе, ки чу оташ ба зимистон хуш буд.
Имруз чу пустин ба тобистон аст.
22
Абр омаду боз бар сари сабза гирист,
Бе бодаи арғувон намебояд зист.
Ин сабза, ки имруз тамошогаҳи мост,
То сабзаи хоки мо тамошогаҳи кист.
23
Асрори ҷаҳон, чунон ки дар дафтари мост,
Гуфтан натвон, ки он вуболи сари мост.
Чун нест дар ин мардуми нодон аҳлӣ,
Натвон гуфтан чунон ки дар хотири мост.
24
Акнун, ки ҷаҳоноро ба хушӣ дастрасест,
Ҳар зиндадилеро суи саҳро ҳавасест.
Бар ҳар шохе тулуи мусодастест,
Дар ҳар қафасе хуруши исонафасест.
25
Алминнатуллилаҳ, ки маҳи руза бирафт,
Ҷуулбақару азоби сируза бирафт,
Кандил шикасту оби ибриқ бирехт,
Ҷуз оби рухи пиелаву куза, бирафт.

26
Имруз туро дастраси фардо нест,
Андешаи фардот ба ҷуз савдо нест.
Зоеъ макун ин дам, ар дилат шайдо нест,
К-ин боқии умрро бақо пайдо нест.
27
Имруз, ки мавсими ҷавонии ман аст,
Май хоҳам, аз он ки шодмонии ман аст,
Айбам макунед, агарчи талхаст, хуш аст,
Талх аст, аз он ки зиндагонии ман аст.

28
Андар ҳама дашти Ховарон санге нест,
К-аш бо ману рузгорӣ ман ҷанге нест.
Дар ҳеҷ замину ҳеҷ фарсанге нест,
Каз дасти ғамат нишаста дилтанге нест.

29

Эй омада дар олами руҳонӣ тафт,
Ҳайрон шуда дар чаҳору панҷу шашу ҳафт.
Май хур, чу надонӣ аз куҷо омадӣ,
Хуш бош, надонӣ ба куҷо хоҳи рафт.

30

Ей бехабар, ин шакли муҷассам, ҳеҷ аст,
В-ин торуми нуҳ, сипеҳри акрам, ҳеҷ аст.
Хуш бош, к-аз ин нишемани кану фасод,
Вобастаи як дамем, он ҳам ҳеҷ аст.

31
Ей чврх, ҳама харобӣ аз кинаи туст,
Бедодгарӣ пешаи деринаи туст.
В-эй хок, агар синаи ту бишкофтанд,
Бас гавҳари пурбаҳо, ки дар гавҳари туст.

32
Ей дил, чу замона мекунад ғамнокат,
Ногоҳ биравад зи тан равони покат.
Бар сабза нишин ба коми дил рузе чанд,
З-он пеш, ки сабза баромад аз хокат.

33
Эй дил, чу насиби ту ҳама хун шудан аст,
Аҳволи ту ҳар лаҳза дигаргун шудан аст.
В-эй ҷон, ту ба тан баҳри и кор омадай?
Чун оқибати кори ту берун шудан аст.

34
Езид чу гили вуҷуди меорост.ю
Донист зи фели мо чи бархоҳад хост,
Бе ҳукмаш нест ҳар гуноҳе, ки марост,
Пас сухтани рузи қисмат зи куҷост?

35
Ей май, лаби лаъли ёр медор ба даст,
З-он руй, ки шигафт дорӣ ин кор ба даст.
З-он шуд зи лаби ёр қадаҳ бархурдор,
К-овард ба хуни дил лаби ёр ба даст.

36
Ей марди хирад, ҳадиси фардо ҳавас аст,
Дар даҳр задан лофи суханҳо ҳавас аст,
Имруз чунин ҳар, ки хирадманд кас аст,
Донад, ки ҳама ҷаҳон ҳамин як нафас аст .

37
Ин баҳри вуҷуд омада берун зи нуҳуфт,
Кас нест, ки ин гавҳари таҳқиқ бисуфт,
Ҳар кас сухане аз сари савдо гуфтанд.
З-он руй, ки ҳаст, кас намедонад гуфт.

38
Ин куҳна работро, ки олам, ном аст,
Оромгаҳи аблақи субҳу шом аст.
Базмест ки вомонандаи сад ҷамшед аст,
Қасрест, ки такягоҳи сад Баҳром аст.

39
Ин куза чу ман ошиқи зор будааст,
В-андар талаби руи нигоре будааст.
Ин даста, ки дар гардани у мебинӣ,
Дастест, ки бар гардани ёре будаст.

40
Ҳар косаи май, ки бар кафи махмурест,
Рухсораи мастеву лаби мастурест.
Ҳар қуза, ки обхурдаи муздурест,
Аз дидаи шошохеву дили дастурест.

41
Ин мазрааи гул, ки куништи ману туст,
Рузе ду-се дузаху биҳишти ману туст.
Он куза, ки имруз бад он хурди об,
Якчанди дигар қолаби хишти ману туст.

45
Ба мутрибу май хурсириште гар хаст ,
Бо оби равону лаби киште гар ҳаст.
Беҳ з-ин матлаб, дузахи беҳуда матоб ,
Ҳаққо, ки чуз ин нест биҳиште, гар ҳаст.

46
Бартар зи сипеҳр хотирам рузи нахуст
Лавҳу қаламу биҳишту дузах мечуст,
Пас гуфт маро муаллим аз рузи нахуст
«Лавҳу қаламу биҳишту дузах бо туст»
47
Бар чеҳраи гул насими навруз хуш аст,
Дар саҳни чаман дилафруз хуш аст.
Аз дай, ки гузашт, ҳар чи гуй, хуш нест,
Хуш бошу зи ди магу, ки имруз хуш аст.

48
Бархезу бидеҳ бода, чи чои сухан аст,
К-имшаб даҳани танги ту рузии ман аст.
Моро чу руҳи хеш ман гулгун деҳ,
К-ин тавбаи ман чу зулфи ту пуршикан аст.
49
Бар каф ман лаълу зулфи дилдор ба даст,
Бар тарфи чаман кунам ба иқбол нишаст.
Май нушаму аз даври фалақ нандешам,
То он ки шавам зи бодаи ишрат маст.

50
Бисёр бигаштем ба гирди дару дашт,
Аз гаштани мо кори чаҳон нек нагашт.
Хурсандам аз он, ки умри ман бо ҳама ранч,
Гар хуш нагузашт, боз хуш-хуш бигузашт.

51
Пеш аз ману ту лайлу наҳоре будаст,
Гарданда фалақ низ ба коре будаст.
Зинҳор қадам ба хок оҳиста ниҳи,
К-он мардумаки чашми нигоре будаст.
52
То чанд занам ба руи дарёҳо хишт ?
Безор шудам зи будпарастони киништ.
Хайём, ки гуфт дузахи хоҳад буд ?
Ки рафт ба дузаху ки омад зи биҳишт ?

53
То кай чароғи масчиду дуди куништ ?
То чанд зиёни дузаху суди биҳишт ?
Рав бар сари лавҳ бин, ки устоди казо
Рузи азал он чи будани буд, навишт.
54
То боз шинохтам ман ин пой зи даст,
Ин чархи фурумоя маро даст бибаст.
Афсус, ки дар ҳисоб хоҳанд ниҳод
Умре, ки маро бе маю маъшуқ гузашт.

55
То ҳушёрам, тараб зи ман пинҳон аст,
Чун маст шавам, дар хирадам нуқсон аст.
Ҳолест миёни мастиву ҳушёри,
Ман бандаи он, ки зиндагони он аст.
56
Таркиби пиёларо, ки дар май пайваст,
Бишкастани он раво намедорад маст.
Чандин сару пои нозанинони чаҳон
Аз меҳри ки пайвасту ба кини ки шикаст ?
57
Таркиби табоеъ чу ба коми ту дамест,
Рав, шод бизи, агарчи ба ту ситамест.
Бо аҳли хирад бош, ки асли тани ту
Гардеву насимеву шарореву дамест.
58
Чандин ғами молу ҳасрати дунё чист?
Ҳаргиз диди кассе, ки човид бизист?
Ин чанд нафас дар тани ту ориятист,
Бо орияти орияти бояд бизист.

59
Чун об ба чуйбору чун бод ба дашт,
Рузе дигар аз навбати умрам бигузашт.
Ҳаргиз ғами ду руз маро ёд нагашт,
Рузе, ки наймадасту рузе, ки гузашт.
60
Чун омаданам ба ман набуд рузи нахуст
В-ин рафтани бемурод азмест дуруст.
Бархезу миён бибанд, эй соқии чуст,
К-андуҳи чаҳон ба май фуру бояд шуст.

61
Чун абр ба навруз руҳи лола бишуст,
Бархезу ба чоми бода кун аҳд дуруст,
К-ин сабза, ки имруз тамошогаҳи туст,
Фардо ҳама аз хоки ту бархоҳад руст.

62
Чун чарх ба коми як хирадманд нагашт,
Ту хоҳ фалак ҳафт шумар, хоҳи ҳашт,
Чун бояд мурду орзуҳо ҳама ҳишт,
Чи мур хурад ба гуру чи гург ба дашт.
63
Чун диву пареру пору перор гузашт,
Шодиву ғаму меҳнати бисёр гузашт.
Имруз бад-он чи мерасад, хушдил бош,
Ин низ чунончи омад, анор гузашт.
64
Чун мегузарад кор, чи осону чи сахт,
Дар якдама орият, чи идбору чи бахт,
Чун чои дигар ниҳодаме бояд рахт,
Наздики хирадманд чи тобуту чи тахт.
65
Чун кор на бар муроди мо хоҳад рафт,
Андешаву чаҳди мо кучо хоҳад рафт?
Пайваста нишастаем дар ҳасрати он-к,
Дер омадему зуд мебояд рафт.

66
Чун булбули маст роҳ дар бустон ёфт,
Руи гулу чоми бодаро хандон ёфт,
Омад ба забони хол, дар гушам гуфт:
«Дарёб, ки умри рафтаро натавон ёфт».

67
Чун лола ба навруз қадаҳ гир ба даст,
Бо лоларухе агар туро фурсат аст.
Май нуш ба хуррами, ки ин чархи кабуд
Ногоҳ туро чу хок гардонад пас.

68
Чун ҳаст зи ҳар чи ҳаст бод андар даст,
Чун нест зи ҳар чи нест нуқсону шикаст.
Ангор, ки ҳар чи ҳаст дар олам нест,
Пиндор, ки ҳар чи нест, дар олам ҳаст.

69
Хоке, ки ба зери пои ҳар ҳайвонест,
Каффи санамеву чеҳраи чононест.
Ҳар хишт, ки бар кунгураи айвонест,
Ангушти вазир ё сари султонест.

70
Хуршеди сипеҳри лоязоли, ишқ аст,
Мурғи чамани хучастафоли ишқ аст.
Ишқ он набувад, ки ҳамчу булбул ноли,
Ҳар гаҳ, ки бимириву наноли — ишқ аст.

71
Хайём, танат ба хаймае монад рост,
Чон султоне, ки манзилаш дори бақост.
Фарроши азал зи баҳри дигар манзил
Ин хайма бияфканад, чу султон бархост.
72
Хайём, зи баҳри гунаҳ ин мотамат чист?
В-аз хурдани ғам фоида бешу кам чист?
Онро, ки гунаҳ накард, ғуфрон набувад,
Ғуфрон зи барои гунаҳ омад, ғам чист.

73
Хайё, ки хаймаҳои ҳикмат медухт,
Дар кураи ғам фитоду ногоҳ бисухт.
Ҳайёти ачал таноби умраш бибрид,
Далоли азал ба ройгонаш бифурухт.

74
Доранда чу таркиби табоеъ орост,
Боз аз чи сабаб фикандаш андар камукост?
Гар нек наёмад ин бино, айб кирост?
В-ар нек омад, хароби аз баҳри чи хост?
75
Дар пардаи асрор касеро раҳ нест,
З-ин таъбия чони ҳеч кас огаҳ нест.
Чуз дар дили хок ҳеч манзилгаҳ нест,
Май хур, ки чунин фасонаҳо кутаҳ нест.
76
Дар базми хирад ақл далели сара гуфт,
Дар Руму Араб майманаву майсара гуфт.
Гар гуфт касе, ки носара бошад май,
Ман кай шунавам, чунки худо майсара гуфт.

77
Дар пои қароба қулқули май чи хуш аст!
В-он зорни зори нолаи най чи хуш аст,
Дар бар бути дилфиребу дар сар маи ноб,
Фориғ зиғами замона, ҳай-ҳай чи хуш аст.

78
Дар хоб будам, маро хирадманде гуфт:
К-аз хоб касеро гули шоди нашкуфт,
Коре чи куни, ки бо ачал бошад чуфт,
Май нуш, ки умрхо мебояд хуфт.

79
Дар дахр чу ман бандаи камтоат нест,
Чуз маъсияту бода маро одат нест.
Эзид донад холи маро дар дузах,
К-андар тафи гармоба маро тоқат нест.

80
Дардеҳ санамо, май, ки чаҳонро тобест,
З-он май, ки гули нишотро з-у обест.
Биштоб, ки оташи чавони обест,
Дарёб, ки бедории давлат хобест.

81
Дар ишки ту аз маломатам нанге нест
Бо бехабарон дар ин сухан чанге нест.
Ин шарбати ишқ доруи мардон аст,
Номардонро аз ин қадаҳ ранге нест.

82
Дар фасли баҳор агар буте хурсиришт
Як соғари май диҳад маро бар лаби кишт,
Гарчанд ки ин сухан басе бошад зишт,
Саг беҳ зи ман аст, агар кунам ёди биҳишт.

83
Дарёб, ки аз руҳ чудо хоҳи рафт,
Дар пардаи асрори фано хоҳи рафт.
Май нуш, надони зи кучо омадаи,
Хуш бош, надони, ки кучо хоҳи рафт.

84
Дар чоми тараб бодаи гулранг хуш аст,
Бо нағмаи уду нолаи чанг хуш аст.
Зоҳид, ки хабар надорад аз чоми шароб,
Дур аз бари мо ҳазор фарсанг хуш аст.

85
Дар ҳар даште, ки лолазоре будаст,
Он лола зи хуни шаҳриёре будаст.
Ҳар барги бунафша, к-аз замин меруяд,
Холест, ки бар руҳи нигоре будаст.

86
Дил сирри ҳаётро камохи донист,
Дар марг ҳам асрори иллоҳи донист.
Имруз, ки бо худи надонисти ҳеч,
Фардо, ки зи худ рави, чи хоҳи донист?

87
Дил ошиқи чашми масту турконаи туст,
Ту шамъиву олам ҳама парвонаи туст.
Чону дили мо ошиқу девонаи туст,
Ту хонаи дил шудиву дил хонаи туст.
.
88
Дунё на мақоместу на чои чишаст,
Фарзона дар у хароб авлотару маст,
Бар оташи ғам зи бода обе мезан,
З-он пеш, ки дар хок рави бод ба даст.

89
Давре, ки дар у омадану рафтани мост,
Онро на бидоят на ниҳоят пайдост,
Касс ҳеч нагуфта андар ин маъни рост,
К-ин омадан аз кучову рафтан ба кучо.

90
Даврони чаҳон бе маю соқи ҳеч аст,
Бе замзамаи нойи ироқи ҳеч аст.
Ҳарчанд дар аҳволи чаҳон менигарам,
Ҳосил ҳама ишрат аст, боқи ҳеч аст.
91
З-он бода, ки умрро ҳаёти дигар аст,
Пур кун қадаҳе, гарчи туро дарди сар аст.
Барнеҳ ба кафан, ки кори олам самар аст,
Биштоб, ки умр ҳам даме дар гузар аст.
92
Роз аз ҳама нокасон ниҳон бояд дошт,
В-асрор ниҳон зи аблаҳон бояд дошт.
Бингар, ки чи мекуни ту бо халқи худой,
Чашм аз ҳама мардумон ҳамон бояд дошт.
93
З-и сақф бурун равоқу даҳлезе нест,
Чуз бо ману ту ақливу тамйизе нест.
Ҳар чиз, ки ваҳм кардаи, к-он чизест,
Хуш бигзар аз он хаёл, к-он чизе нест.

94
Заҳр аст ғами чаҳону май тарекат,
Тарёк хури, зи заҳр набувад бокат.
Бо сабзхатон ба сабзазоре май хур,
З-он пеш, ки сабза бардамат аз хокат.

95
Соқи дили ман зи даст агар хоҳад рафт,
Дарёб кучо зи худ бадар хоҳад рафт ?
Суфи, ки чу зарфи танг пур зи чаҳл аст,
Як чуръа агар хурад ба сар хоҳад рафт.
96
Соқи, ки ғами ман баландовоза шудаст,
Сармастии ман бурун зи андоза шудааст.
Бо муи сафед сархуштам, к-аз ҳати ту,
Пиронасам баҳори дил тоза шудаст.
97
Соқи, гулу сабза бас тарабнок шудаст,
Дарёб, ки ҳафтаи дигар хок шудаст.
Май нушу гуле бичин, ки то дарнигари,
Гул хок шудаасту сабза ҳам пок шудаст.
98
Соқи, қадаҳе, ки кори олам нафасест,
Гар шоди аз у як нафас, он низ басест.
Хуш бош ба ҳар чи пешат ояд, ки чаҳон,
Харгиз нашавад чунон ки дилхоҳи касест.
99
Сим арчи на мояи хирадмандон аст,
Бесимонро боғи чаҳон зиндон аст.
Аз дасти тиҳи бунафша сар бар зонуст,
Дар қисаи зар даҳони гул хандон аст.
100
Шоди маталаб, ки ҳосил умр дамест,
Хар зарра зи хоки Кайкубодеву чамест.
Аҳволи чаҳону мулки гети яксар,
Хобеву хаёлеву фиребеву дамест.
101
Саҳро руҳи худ ба абри навруз бишуст,
Бархез ба чоми бода кун аҳд дуруст.
Бо сабзхате ба сабзазоре май хур.
Бар ёди касе, ки сабза аз хокаш руст.
102
Сад хона зи хубони дилам вайрон аст,
В-аз гиряи зор бими садчандон аст,
Аз ҳар мижа новадони хун аст равон,
Гар ман мижаро ба ҳам занам, туфон аст.
103
Ишқ арчи балост, он бало ҳукми худост,
Бар ҳукми худо маломати халқ чарост?
В-ар неку бади банда ба тақдири худост,
Пас рузи пасин ҳисоб бар банда чарост.
104
Умрест, ки маддоҳии май вирди ман аст.
Асбоби май аст, ҳар чи дар гириди ман аст,
Зоҳид, агар устоди ту ақл аст, ин чо.
Хуш бош, ки устоди ту шогирди ман аст.

105
Олам ҳама меҳнат асту айём ғам аст,
Гардум ҳама офат асту гети ситам аст,
Филчумла чу дар кори чаҳон менигарам,
Осуда касе нест ва гар ҳаст, кам аст.
106
Умрест маро тираву корест на рост,
Меҳнат ҳама афзудаву роҳам ҳама кост.
Шукр эзидро, ки он чи асбоби балост,
Моро зи касе дигар намебояд хост.
107
Фасиқ хонанд мардумонам пайваст.
Ман бегумонам, хаёлашон бин, ки чи ҳаст.
Бар манн ба хилофи шаръ, эй аҳли салоҳ.
Чуз хамру лавотаву зино чизе ҳаст?
108
Фасли гулу тарфи чуйбору лаби кишт,
Бо як-ду-се аҳлу луъбате хурсиришт.
Пеш ор қадаҳ, ки боданушони сабуҳ,
Осуда зи масчиданду фориғ зи куништ.
109
Гар аз паи шаҳвату ҳаво хоҳи рафт,
Аз ман хабарат, ки бенаво хоҳи рафт.
Бингар чи касиву аз кучо омадаи?
Медон, ки чи мекуни, кучо хоҳи рафт.
110
Гар бар фалаки ба хок бозорандат,
В-ар бар сари нози, ба ниёз орандат.
Филчумла, марв ба чаҳл то битавони,
В-озор мачу, то ба ниёз орандат.
111
Гар дар бари ман дилбари ёқутлабаст,
В-ар оби Хизр ба чои оби инаб аст.
Гар Зуҳра бувад мутрибу ҳамдам Исо,
Чун дил набувад шод, чи чои тараб аст?
112
Гардун камаре зи умри фарсудаи мост,
Чайҳун асаре зи чашми полудаи мост.
Дузах шараре зи ранчи беҳудаи мост,
Фирдавс даме зи вақти осудаи мост.
113
Гар кори ту нек аст, ба тадбири ту нест,
В-ар низ бад аст, ҳам ба тақсири ту нест.
Таслиму ризо пеша куну шод бизи,
Чун неку бади қазо ба тақдири ту нест.
114
Гар гул набувад насиби мо, хор бас аст,
В-ар нур ба мо намерасад, нор бас аст.
Гар хирқаву шайҳи набувад,
Ноқусу калисиёву зуннор бас аст.

115
Гуянд: «Махур май ба шаъбон на равост,
На низ рачаб, ки он маҳи хоси худост».
Шаъбону рачаб маҳи худоянду расул,
Мо май рамазон хурем, к-он хоссаи мост.
116
Гунд касон: «Биҳишт бо хур хуш аст»,
Ман мегуям, ки оби ангур хуш аст.
Ин нақд бигиру даст аз он нася бидор,
К-овози духул шунидан аз дур хуш аст.
117
Гуянд маро, ки дузахи бошад маст,
Қавлест хилофу дил дар он натвон баст.
Гар ошиқу маст дузахи хоҳад буд,
Фардо бини биҳиштро чун кафи даст.
118
Гул гуфт: «Беҳ аз лиқон ман руе нест,
Чандин ситам гулобгар боре чист?»
Булбул ба забони ҳол бо у мегуфт:
«Як руз ки хандид, ки солее нагирист?»
119
Лаъли ту ман музобу соғар кон аст,
Чисми ту пиёлаву шаробаш чон аст.
Он чони булурин, ки зи май хандон аст,
Ашкест, ки хуни дил дар у пинҳон аст.
120
Моем ҳалок аз ғами ҳичронат,
Ҳар чой шави, дасти ману доманат.
Рафтиву ҳазор дил ҳалок аз ғами туст,
Боз омадиву ҳазор чон қурбонат.
121
Мо бо маю маъшуқу шумо-дайру куништ,
Мо аҳли чаҳимему шумо аҳли баҳишт.
Тақсири ман аз рузи азал чист, бигу?
Наққош чунин ба лавҳи тақдир набишт.
122
Май хурдани ман аз барои тараб аст,
Н-аз баҳри хилофи шаръу тарки адаб аст.
Хоҳам, ки даме зи хештан бозраҳам,
Май хурдану маст буданам з-ин сабаб аст.
123
Май хур, ки ба зери гил басе хоҳи хуфт,
Бе мунису бе ҳарифу бе ҳамдаму чуфт.
Зинҳор…, ба кас магу ту ин рози нухуфт:
«Ҳар лола, ки пажмурд, нахоҳад бишкуфт».
124
Май хУр, ки ҳамеша роҳати руҳи ту аст,
Осоиши чону дили мачруҳи ту аст.
Туфони ғам ар дарояд аз пешу пассат,
Дар бода гурез, ки киштии Нуҳи ту аст.
125
Май деҳ, ки дили реши маро марҳам уст,
Савдозадагони ишқро ҳамдам уст.
Пеши дили ман хоки яке чуръа беҳ аст,
Аз чарх, ки косаи сари олам уст.
126
Май гарчи ба шаръ зиштиом аст, хуш аст,
Чун бар кафи соқиву ғулом аст, хуш аст.
Талх асту ҳаром аст, хушам меояд,
Дерест, ки ҳар чиз ҳаром аст, хуш аст.
127
Май мехураму мухолифон аз чапу рост,
Гуянд: «Махур бода, ки динро аъдост»
Чун донистам, ки май адуи дин аст.
Валлоҳ, бихурам хуни адуро, ки равост.
128
Май нуш, ки умри човидони ин аст,
Худ ҳосилат аз даври чавони ин аст.
Ҳангоми гулу бодаву ёрон ҳама маст,
Хуш бош даме, ки зиндагони ин аст.
129
Май хурдану шод будан оини ман аст,
Фориғ будан зи куфру дин дини ман аст.
Гуфтам ба аруси даҳр: «Кобини ту чист?»
Гуфто: «Дили хуррами ту кобини ман аст».
130
Ман бандаи осиям, ризои ту кучост?
Торик дилам, нуру сафои ту кучост?
Моро ту биҳишт агар ба тоат бахши,
Ин байъ бувад, лутфу адои ту кучост?
131
Ман ҳеч надонам, ки маро он ки сиришт,
Аз аҳли биҳишт кард ё дузахи зишт.
Чомеву маеву барбате бар лаби кишт,
Ин ҳар се маро нақд, туро нася биҳишт.
132
На лоиқи масчидам, на дархурди куништ,
Эзид донад гили маро аз чи сиришт.
Чун кофари дарвешаму чун каҳбаи зишт,
На дину на дунёву на умеди биҳишт.
133
Некиву бади, ки дар ниҳоди башар аст,
Шодиву ғаме, ки дар қазову қадар аст.
Бо чарх макун ҳавола, к-андар раҳи ишқ,
Чарх аз ту ҳазор бор бечоратар аст.
134
Ҳар чо, ки гулеву лолазоре будаст,
Аз сурхии руи шаҳриёре будаст.
Ҳар чо, ки бунафша руста аз руи замин,
Холест, ки бар руи нигоре будаст.

135
Ҳарчанд, ки аз гуноҳ бадбахтаму зишт,
Навмед наям чу будпарастони куништ.
Мирам чу гаҳи саҳар зи махмури, боз
Май хоҳаму маъшуқ, на масчид, на куништ,
136
Ҳар дил, ки асири меҳнати уст, хуш аст,
Ҳар сар, ки ғубори сари он куст, хуш аст.
Аз дуст ба новақи ғам озурда машав,
Хуш бош, ки ҳар чи ояд аз дуст, хуш аст.
137
Ҳар дил, ки дар у меҳру муҳаббат насиришт,
Хоҳ аҳли сачода бошу хоҳ аҳли куништ.
Дар дафтари ишқ номи ҳар кас, ки навишт,
Озод зи дузах асту фориғ зи биҳишт.
138
Ҳар зарра, ки бар руи замине будаст,
Хуршедрухе, зухрачабине будаст.
Гард аз руху остин ба озарм фишон,
К-он ҳам руҳу зулфи нозанине будаст.
139
Ҳар сабза, ки бар канори чуе будааст,
Гуй, ки хати фариштахуе будаст.
То бар сари сабза по ба хори наниҳи.
К-он сабз зи хоки лоларуе будаст.
140
Ҳар, к-у руқаме зи ақл дар дил бинг дошт,
Як зарра зи умри хеш зоеъ нагзошт.
Ё дар талаби ризон эзид кушид,
Ё роҳати тан гузиду соғар бардошт.
141
Хуш дор, ки рузгор шурангез аст,
Эмин манишин, ки теғи даврон тез аст.
Дар коми ту гар замона лавзина ниҳад,
Зинҳор фуру мабар, ки заҳромез аст.
142
Ё раб, ту каримиву карими карам аст,
Оси зи чи ру бурун зи боғи Ирам аст?
Бо тоатам аз авф куни, нест карам,
Бо маъсиятам агар бибахши, карам аст.
143
Ёре, ки дилам зи баҳри у зор шудаст,
У чои дигар ба ғам гирифтор шудааст.
Ман дар талаби илочи худ чун кушам?
Чун он, ки табиби мост, бемор шудаст.
144
Як чуръаи май зи мулки Ковус беҳ аст,
В-аз тахти Кубоду масиади Тус беҳ аст.
Ҳар нола, ки ринде ба суҳаргоҳ занад,
Аз тоати зоҳидони солус беҳ аст.
145
Як шиша шароб хурда боши пайваст,
Ҳои то наниҳи ту рузи одина зи даст.
Дар мазҳаби бо шанбеву одина якест,
Чабборпараст бош на зурпараст.
146
Як шиша шаробу лаби ёру лаби кишт,
Ин чумла маро нақду туро нася биҳишт.
Қавме ба биҳишту дузах андар нараванд,
Ки рафт ба дузаху ки омад зи биҳишт.
147
То битавони ғами чаҳон ҳеч масанч,
Бар дил манеҳ аз омадаву н-омад ранч.
Хуш мехуру мебош дар ин даври сипанч,
Бо худ набари чаве, агар дорои ганч.
148
Эй орази ту ниҳода бар насрин тарҳ,
Руи ту фиқанда бар бутони Чин тарҳ.
В-эй ғамзаи ту дода шаҳи Бобулро,
Аспу руху филу байдақу фарзин тарҳ.

149
Чун мегузорад умр, чи Бағдоду чи Балх,
Паймона чу пур гашт, чи ширину чи талх.
Май нуш, ки баъд аз ману ту моҳ басе,
Аз салҳ ба ғурра ояду аз ғурра ба салҳ.
150
Оранд якеву дигаре бирбоянд,
Бар ҳеч касе роз ҳаме накшоянд.
Моро зи қазо чуз ин қадар нанмоянд,
Паймонаи умри мост, мепаймоянд.
151
Онон, ки асоси кор бар зарқ ниҳанд,
Оянду миёни чону тан фарқ ниҳанд.
Бар фарқ ниҳам сабуи майро з-ин пас,
Гар ҳамчу хурусам арра бар фарқ ниҳанд.
152
Онон, ки асири ақлу тамийз шуданд,
Дар ҳасрати ҳасту нест ночиз шуданд.
Рав, бохабаро, ту оби ангур гузин,
К-он бехабарон ба ғура майвиз шуданд.
153
Онон, ки кашандаи шароби нобанд,
В-онон, ки ба шаб ҳамеша дар меҳробанд.
Бар шушқ касе нест ҳама дар обанд,
Бедор якест, дигарон дар хобанд.
154
Он бода, ки чун чони хирадманд бувад,
То кай ба сафоли тира дар банд бувад.
Инсоф… на хайф аст чунин ҳамнафасе,
Гар ҳамдами саркуфтае чанд бувад.
155
Он қавм, ки саччодапарастанд, харанд,
Зеро ба зери бори солус доранд.
В-ин аз ҳама турфатар, ки дар пардаи зуҳд,
Ислом фурушанду зи кофар батаранд.
156
Он косагаре, ки косаи сарҳо кард,
Дар косагари санъати худ пайдо кард.
Бар хони вучуди мо нагун коса ниҳод,
В-он косаи сарнагун пур аз савдо кард.
157
Он кас, ки замину чарху афлок ниҳод,
Бас дог, ки у бар дили ғамнок ниҳод.
Бисёр лаби лаълвашу руи чу моҳ,
Дар зери замину ҳуққаи хок ниҳод.
158
Онҳо, ки ҳикмат дурри маъни суфтанд,
Дар зоти худованд суханҳо гуфтанд.
Сарриштаи асрор надонист касе,
Аввал занаҳе заданду охир хуфтанд.

159
Онҳо, ки ба хоки марг сар боз ниҳанд,
То хашр магар зи қили худ бозраҳанд.
То кай гуи, ки кас хабар боз надод?
Чун бехабаранд аз чи хабар боз диҳанд.
160
Онҳо, ки ба кори ақл дармекушанд,
Ҳайот…., ки чумла гови нар мечушанд.
Он беҳ, ки либоси аблаҳи дарпушанд,
К-имруз ба ақл тарра менафрушанд.
161
Онҳо, ки ба коми дил чаҳон доштаанд,
Ноком чаҳон ба чой бигзоштанд.
Ту пиндори, ки човидон хоҳи буд,
Пеш аз ту ҳам эшон чу ту пиндоштанд.
162
Онҳо, ки хулосаи чаҳон эшонанд,
Бар авчи фалак буроқи фикрат ронанд.
Дар маърифати зоти ту монанди фалак,
Саргаштаву сарнагуну саргардонанд,
163
Онҳо, ки замин зери қадам фарсуданд,
В-андар талабаш ҳар ду чаҳон паймуданд.
Огоҳ наям аз он ки эшон ҳаргиз
З-ин ҳол чунон ки ҳаст, огоҳбуданд.
164
Онхо, ки куҳан шуданду онҳо, ки навад,
Ҳар як паи якдигар якояк бишаванд.
В-ин мулки чаҳон ба кас намонад човид,
Рафтанду равем боз оянду раванд.
165
Онҳо, ки муҳити фазлу одоб шуданд,
Дар кашфи улум шамъи асҳоб шуданд.
Раҳ з-ин шаби торик набурданд бурун,
Гуфтанд фасонаеву дар хоб шуданд.
166
Онҳо, ки дар омаданду дар чуш шуданд,
Ошуфтаи нозу тарабу нуш шуданд.
Хуранд пиёлаву хомуш шуданд,
Дар хоби адам чумла ҳамогуш шуданд.
167
Оварад ба изтирорам аввал ба вучуд,
Чуз ҳайратам аз ҳаёт чизе нафузуд.
Рафтем ба икроҳу надонем чи буд,
З-ин омадану будану рафтан мақсуд?
168
Ачром, ки сокинони ин айвонанд,
Асбоби тарадуди хирадмандонанд.
Хон то сари риштаи хирад гум накуни,
К-онон, ки мудаббиранд, саргардонанд.

169
Аз омаданам набуд гардунро суд,
В-аз рафтани манн чоху чалолаш нафузуд.
В-аз хеч касе низ ду гушам нашунуд,
К-овардану бурдани ман аз баҳри чи буд.
170
Аз дафтари умр пок мебояд шуд,
Дар чанги ачал ҳалок мебояд шуд.
Эй соқии хушкилиҳо, ту хушдил мебош,
Обе дардеҳ, ки хок мебояд шуд.
171
Аз рафта қалам ҳеч дигаргун нашавад,
В-аз хурдани гам ба чуз чигар хун нашавад.
Гар дар ҳама умри хеш хубона хури,
Як қатра аз он, ки ҳаст, афзун нашавад.
172
Аз май тарабу нишоту марди хезад,
В-аз табъи канаб хушкиву сарди хезад.
Гар бода хури, ту сурхру хоҳи шуд,
К-аз хурдани сабза руйзарди хезад.
173
Аз ранч кашидаи одами хур гардад,
Қатра чу қадаш ҳабси садаф, дур гардад.
Гар мол намонд, сар бимонод ба чой,
Паймона чу шуд тиҳи, дигар пур гардад.
174
Аз воқеае туро хабар хоҳам кард,
В-онро бо ду ҳарф мухтасар хоҳам кард.
Бо ишқи ту дар хок фуру хоҳам шуд,
Бо меҳри ту сар зи хок бар хоҳам шуд.

175
Афсусу, ки номаи чавони тай шуд,
В-он тоза баҳори зиндагони дай шуд.
Он мурғи тараб, ки номи у буд шабоб,
Афсус, надонам, ки кай омад, кай шуд.
176
Афсус, ки сармоя зи каф берун шуд.
В-аз дасти ачал басе чигарҳо хун шуд.
Кас н-омад аз он чаҳон, ки орад хабаре,
З-аҳволи мусофирон бигуяд чун шуд?.
177
Акнун, ки зи хушдили ба чуз ном намонд,
Як ҳамдами пухта чуз маи хом намонд.
Дасти тараб азсоғари ман бозмагир,
Имруз, ки дар даст ба чуз чом намонд.
178
Имшаб паи ратли якмани хоҳам кард,
Худро ба ду чоми май ғани хоҳам кард.
Аввал се талоқи ақлу дин хоҳам дод,
Пас духтари разро ба зани хоҳам кард.
179
Эй дил, маталаб висоли маълуле чанд,
Машғул машав ба ишқи машғуле чанд.
Перомуни остони дарвешон гард,
Бошад, ки шави қабули мақбуле чанд.
180
Ин чарх чу осие, ки осуда нашуд,
Осуда нагашту осие суда нашуд.
Чандон, ки замона дона паймуд дар у,
У сер нагашту осие туда нашуд.
181
Ин чамъи акобир, ки маносиб доранд,
Аз ғуссаву ғам зи чони худ безоранд.
В-он кас, ки асири ҳирс чун эшон нест,
Ин турфа, ки одамиш менашморанд.
182
Ин ақл, ки дар роҳи саодат пуяд,
Рузе сад бор худ туро мегуяд:
«Дарёб ту ин якдама вақтат, ки най,
Он тарра, ки бидраванду дигар руяд».
183
Ин кофила бин, ки аз адам меоянд,
Дар дарди вучуд бар қадам меоянд.
Моно, ки зи ҳоли мо надоранд хабар,
Ин навсафарон, ки дам ба дам меоянд.
184
Эй бас, ки набошему чаҳон хоҳад буд,
Не ном зи мову не нишон хоҳад буд.
З-ин пеш набудему набуд ҳеч халал,
З-ин пас чу набошем, ҳамон хоҳем буд.

185
Ин қофилаи умр ачаб мегузорад,
Дарёб даме, ки бо тараб мегузарад.
Соқи, ғами фардон қиёмат чи хури?
Пеш ор пиёларо, ки шаб мегузарад.
186
Ин коса, ки бас накуш пардохтаанд,
Бишкаставу дар раҳгузар андохтаанд.
Зинҳор бар у қадам ба хори наниҳи,
К-ин коса зи косаҳои сар сохтаанд.
187
Ин чархи фалак басе чу мо кишту дуруд,
Ғам хурдани беҳуда намедорад суд.
Пур кун қадаҳеву бар кафан барнеҳ зуд,
То бозхурам, ки буданиҳо ҳама буд.
188
Ин кузагарон, ки даст бар гил доранд,
Гар ақлу хирад нек бар у бигморанд.
Ҳаргиз назананд мушту силиву лагад,
Хоки падарон аст, наку медоранд.

189
Эй ҳамнафасон зи май маро кут кунед,
В-ин чеҳраи қаҳрабо чун ёкут кунед.
Чун даргузарам, зи бода шуед маро,
В-аз чуби разам тахтаи тобут кунед.
190
Бо ин ду-се нодон, ки чунон медонанд,
Аз чаҳл, ки донои чаҳон эшонанд.
Хар бош, ки онон зи хари чандонанд,
Хар, к-у на хар аст, кофираш мехонанд.
191
Бадхоҳи касон ба ҳеч мақсад нарасад,
Як бад накунад, ки бо сараш сад нарасад.
Ман неки ту хоҳаму тухоҳи бади ман,
Ту нек набиниву ба ман бад нарасад.
192
Бар пушти ман аз замона ту меояд,
В-аз ин ҳама кор нонаку меояд.
Чон азми раҳил кард, гуфтам: «бимарав»,
Гуфто: « чи кунам хона фуру меояд».
193
Бар чархи фалак ҳеч касе чир нашуд,
В-аз хурдани одами замин сер нашуд.
Мағрур бад они, ки нахурдаст туро,
Таъчил макун, ҳам бихурад, дер нашуд.
194
Бо махрухе бар лаби чую маю вард,
То ҳаст муяссарам тараб хоҳам кард.
То будаму ҳастаму хоҳам будан,
Май мехураму хурдааму хоҳам х(в) ард.

195
Бар ман қалами қазо чу бе ман ронанд,
Пас неку бадаш чаро зи ман медонанд?
Ди бе ману имруз чу ди бе ману ту,
Фардо бо чи ҳуччатам ба довар хонанд.
196
Бемораму дил дар имтиҳонам дорад,
Нохурдани май қасд бар чонам дорад.
В-ин турфа бувад, ки ҳар чи дар бемори,
Чуз бода хурам, ҳама зиёнам дорад.
197
Бо ин, ки шароб пардаи мо бидарид,
То чон дорам нахоҳам аз бода бурид.
Ман дар ачабам зи май фурушон, к-эшон,
Беҳ з-он чи фурушанд, чи хоҳанд харид.
198
Бо май ба канори чуй мебояд буд,
В-аз гусса канорачуй мебояд буд.
Чун умри гаронмояи мо дах руз аст,
Хандонлабу тозаруй мебояд буд.
199
Пиронасарам ишки ту дар дом кашид,
В-арна зи кучо дасти ману чому набид.
Он тавба, ки акл дод, чонон бишикаст,
В-он чома, ки сабр духт, айём дарид.
200
Пиронхонаи умр чокхо хохад шуд,
В-ин нафси азиз хокхо хохад шуд.
Хар торуму токхо, ки афроштаанд,
То дарнигари, магокхо хохад шуд.
201
Пири сару барг дар хароби дорад,
Гулнори рухам ба ранг обе дорад.
Бому дару чор рукну девори вучуд,
Вайрон шудаву ру ба хароби дорад.
202
То чанд асири рангу бу хохи шуд?
Чанд аз паи хар зишту наку хохи щуд?
Гар чашмаи Замзамиву гар оби хаёт,
Охир ба дили хок фуру хохи шуд.
203
То рохи каландари напуи, нашавад,
Рухсор ба хуни дил нашуи, нашвад.
Савдо чи пази? То ки чу дилбохтагон,
Озод ба тарки худ нагуи нашавад.
204
То хонакаху мадраса вайрон нашавад,
Ин кори каландарон ба осмон нашавад.
То имкон куфру куфр имкон нашавад,
Як марди хакикати мусулмон нашавад.
205
Умрат то кай ба худпарасти гузурад?
Ё дар паи нестиву хасти гузарад.
Май хур, ки чунин умр, ки гам дар паи уст,
Он бех, ки ба хоб ё ба масти гузарад.
206
Тавба макун аз май, агарат май бошад,
Сад тавбаи нодимот дар пай бошад.
Гул чомадарону булбулон нолазанон,
Дар вакт(ё) чунин тавба раво кай бошад?.
207
Чонам ба фидои он, ки у ахл бувад,
Сар дар кадамаш агар нихи, сахл бувад.
Хохи, ки бидони ба якин дузахро,
Дузах ба чахон сухбати ноахл бувад.

208
Чандон караму лутф зи огоз чи буд?
В-он доштанам дар тарабу ноз чи буд?
Акнун хама дар ранчи дилам мекуши,
Охир чи гунох кардам, боз чи буд?
209
Чун чуди азал буд, маро нишо кард,
Бар манн зи нахуст дарси ишк имло кард.
В-он гох курозарезаи калби маро,
Мифтохи дари хазонаи маъно кард.
210
Чун рузиву умр бешу кам натавон кард,
Дилро ба чунин гусса дижам натавон кард.
Кори ману ту, чунон раъйи ману туст,
Аз мум ба дасти хеш хам натавон кард.
211
Чун ризки ту он чи адл кисмат фармуд,
Як зарра на кам шавад на хохад афзуд.
Осуда зи хар чи нет мебояд буд,
В-озода зи хар чи хаст мебояд буд.
212
Чун кор на бар муроди мо хохад буд,
Андешаву чахли мо кучо дорад суд?
Пайваста нишастаем дар хасрати он-к
Дер омадему рафт мебояд зуд.
213
Чун нест дар ин замона суде зи хирад,
Чуз бехирад аз замона бар намехурад.
Пеш ор аз он, ки хирадамро бибарад,
Бошад, ки замона суи бех нигарад.
214
Холи гулу мул бодапарастон донанд,
На тангдилону тангдастон донанд.
Аз бехабари бехабарон маъзуранд.
Завкест дар ин шева, ки мастон донанд.
215
Хуррам дили он касе, ки маъруф нашуд,
Дар футаву дар атласу дар суф нашуд.
Симургваш аз сари ду олам бархост,
Дар кунчи харобаи чахон буф нашуд.
216
Хуршед каманди субх бар бом афканд,
Кайхусрави руз бода дар чом афканд.
Май хур, ки муаззини сабухихезон,
Овозаи «Ишрибу» дар айём афканд.
217
Хуш бош, ки олам гузарон хохад буд,
Рух аз паи тан наъразанон хохад буд.
Ин косаи сахро, ки ту бини, фардо,
Зери лагади кузагарон хохад буд.

218
Хуш бош, ки гусса бекарон хохад буд,
Бар чарх кирони ахтарон хохад буд.
Хиште, ки зи колаби ту хоханд задан,
Бунёди сарои дигарон хохад буд.
219
Хуш бош, ки мохи ид нав хохад шуд,
В-асбоби тараб чумла наку хохад шуд.
Мах зарду хамидакадаму логар шуду суст,
Ночор аз ин ранч фуру хохад шуд.
220
Хайём, агарчи хиргахи чархи кабуд,
Зад хаймаву дарбаст дари гуфтушунуд.
Чун шакли хубоби бода дар чоми вучуд,
Сокии азал хазор хайём намуд.
221
Додам ба умед зиндагони барбод,
Нобуда зи умри хештан рузе шод.
З-он метарсам, ки умр амонам надихад,
Чандон, ки зи рузгор бистонам дод.
222
Дар оташи сузанда агар ахл бувад,
Он оташи сузанда бар у сахл бувад.
Бо мардуми ноахл мабодат сухбат,
К-аз хар чи батар сухбати ноахл бувад.
223
Дар дил натавон дарахти андух нишонд,
Хамвора китоби хуррами бояд хонд.
Май бояд хурду коми дил бояд ронд,
Пайдост, ки чанд дар чахон бояд монд.
224
Дар дахл касе ба гулзоре нарасид,
То бар дилаш аз замона хоре нарасид.
Чун шона, ки то сараш ба сад шох нашуд,
Дасташ ба сари зулфи нигоре нарасид.
225
Дар дахр хар он, ки ним ноне дорад,
Ё дархури хеш ошёне дорад.
Не ходими кас бувад на махдуми касе,
Гу шод бизи, ки хуш чахоне дорад.
226
Дар сар хаваси бутони чун хурам бод,
Дар даст хамеша оби ангурам бод.
Гуянд: «Худо туро зи май тавба диход»,
У худ надихад, манн накунам, дурам бод.
227
Дар сар фалакхо хама яксон ба раханд,
В-ин кисматхо ба халк яксон надиханд.
Корест нихода, рав хурсанди чуй,
Аз бахри ту боз коргохе наниханд.

228
Дар олам чон ба хуш мебояд буд,
Дар кори чахон хамуш мебояд буд.
То чашму забону гуш бар чо бошад,
Бе чашму забону гуш мебояд буд.
229
Дар мулки ту аз тоати ман хеч фузуд?
В-аз маъсияте, ки рафт нуксоне буд?
Бигзору магир, з-он ки маълумам шуд,
Гирандаи дериву гузорандаи зуд.
230
Дар майкада чуз май вузу натвон кард,
В-он нон, ки зишт шуд, наку натвон кард.
Хуш бош, ки ин пардаи мастурии мо,
Бидрида чунон шуд, ки руфу натвон кард.

231
Дар вакти ачал чу кора омода кунед
Хам бистару хокам аз маи сода кунед
Дар хоки лахад чу хишт хохед ниход
Зинхор ки обу хокаш аз бода кунед
232
Дарвеш ки май хурад ба мири бирасад
В-ар рубахаке хурад ба шери бирасад
Гар пир хурад чавони аз сар гирад
В-ар з-он ки чавон хурад ба пири бирасад

233
Дасти чу мане ки чому согар гирад
Бех з-он ки кафам дафтару минбар гирам
Ту зохиди хушкиву манам ошики тар
Оташ нашунидаам ки дар тар гирад
234
Душман ки маро хамеша бад мебинад
Хакко ки на аз руи хирад мебинад
Дар оинаи даруни худ менигарад
Он сурати мурда реги ад мебинад
235
Дидам басари иморате марде фард
К-у гил ба лагад мезаду хораш мекард
Он гил ба забони хол бо у мегуфт
«Сокин ки чу ман лагад басе хохи арди»
236
Дорам гунахе ки пушти имон шиканад
Бозори тамоми бутпарастон шиканад
Бори гунахам агар ба мизон санчан
Тарсам ки ба рузи хашр мизом шиканад
237
Дар чашми ту олам арчи меороянд
Магрой бад-он ки окилон нагроянд
Бисёр чу ту шудаанду бисёр оянд
Бирбой насиби хеш к-ат бирбоянд
238
Рузест хушу хаво на гарм асту на сард,
Абр аз рухи гулзор хамешуяд гард
Балбал ба забони холи худ бо гули зард
Фарёд хамезанад май бояд х( в) ард
239
Рузе ки тулуи субх азрак бошад
Бояд ки ба каф маи мураввак бошад
Гуянд дар афвох ки хак талх бувад
Бояд ба хама хол ки май хак бошад
240
З-он ки гамхот шабехун оранд
Фармой ки то бодаи гулгун оранд
Ту зар ни эй гофили нодон ки туро
Дар хок ниханду боз берун оранд.
241
З-он пеш ки гуре ба ман оганда шавад
В-ачзои вучуди ман пароканда шавад
Эй бода сар аз гури сурохи бардор
Бошад ки дили мурдаи ман зинда шавад.
242
Соки алами сиёхи шаб субх рабуд
Бархезу маи мугонаро дардех зуд
Бишкой зи хам ду наргиси хоболуд
Бархез ки хуфтанат басе хохад буд
243
Шаб нест ки акл дар тахайюр нашавад
В-аз гиря канори ман пур аз дур нашавад
Пурмай нашавад косаи сар аз савдо
Хар коса ки сарнагун бувад пур нашавад.
244
Окил гами андешайи лошай нахурад
Чуз чоми лаболаби паёпай нахурад
Гам дар дилу бода бода дар сурохи бошад
Хокаш бар сар ки гам хурад май нахурад
245
Олам хама андар таку андар пуянд
В-аз бехабари дида ба хун мешуянд
Чун даст ба сирри кор дар менашавад
Аз ачз дуругхои хуш мегуянд
246
Ишке ки мачози бувад обаш набувад
Чун оташи ниммурда тобаш набувад
Ошик бояд ки солу моху шабу руз
Орому карору хурду хобаш набувад
247
Фардо ки насиби неккашон набахшанд
Кисме ба мани ринду парешон бахшанд
Гар нек бувам маро аз эшон шумуранд
В-ар бад бошад маро бад-эшон бахшанд

248
Фармой буто ки май ба андоза диханд
Хар лахза шароби мо таробу тоза диханд
Аз дузаху аз бихишту аз хуру кусур
Фориг бинишин ки он худ овоза диханд
249
Касро паси пардаи казо рох нашуд
В-аз сирри кадар хеч кас огох нашуд
Хар касс ба далели акл рох нарафтанд
Маълум нагашту киса кутох нашуд.
250
Кас мушкили асрори фалакро накушод,
Кас як кадам аз ниход берун наниход,
Чун бингарам аз мубтадиву аз устод,
Ачз аст ба дасти хар ки аз модар зод.

250-294
Аз гардиши рузгор бахое баргир,
Бар тахти тараб нишин, ба каф соғар гир.
Аз тоту маъсият худо мустагнист,
Боре ту муроди худ зи олам баргир.
295
Аз ҳар чи хурад ринд шароб авлотар,
Бо сабзхатон бодаи ноб авлотар.
Олам ҳама сабасар хароб асту ябоб,
Дар чои хароб ҳам хароб авлотар.
296
Афлок, ки чуз ғам нафизоянд дигар,
Бинханд яке то бирабоянд дигар.
Ноомадагон агар бидонанд, ки мо
Аз даҳр чи мекашем, наоянд дигар.
297
Эй дил ҳама асбоби чаҳон хоста гир,
Боғи тарабат ба сабза ороста гир.
В-он гоҳ бар он сабза шабе чун шабнам,
Биншаставу бомдод бархоста гир.
298
Эй дуст, ғами чаҳон беҳуда махур,
Беҳуда ғами чаҳон фарсуда махур.
Чун буд гузашту нест нобуд падид,
Хуш бош, ғами будаву нобуда махур.
299
Ин аҳли қубур хок гаштанду ғубор,
Ҳар зарра зи ҳар зарра гирифтанд канор.
Оҳ ин чи шароб аст, ки то рузи шумор,
Бехуд шудаву бехабаранд аз ҳама кор.
300
Бо ёр гар орамида боши ҳама умр,
Лаззоти чаҳон чашида боши ҳама умр.
Ҳам охири кор рафт бояд в-он гаҳ,
Хобе бошад, ки дида боши ҳама умр.
301
Бархезу давои ин дили танг биёр,
Он бодаи мушкбуи гулранг биёр.
Ачзои муфарраҳи ғам ар мехоҳи,
Ёқути маю бирешими чанг биёр.
302
То чанд аз ин хилаву зарроқии умр?
То чанд маро дард диҳад соқии умр?
Ҳаққо, ки ман аз синтезаву худъаи у,
Чун чуръа ба хок резам ин боқии умр.
303
То кай рақаму зиёну судат охир?
Дар синаву дил оташу дудаст охир?
Рузе ду дар ин гулхани пурғам буди,
Огоҳ набуди чи будат охир?.

304
Чун ҳосили одами дар ин чои дудар,
Чуз дарди дилу додани чон нест дигар.
Хуррам дили он, ки як нафас беш набуд,
В-осуда кассе, ки худ назод аз модар.
305
Хишти сари хум зи мулкати Чам хуштар,
Як чуръа май аз ғизон Маръям хуштар.
Оҳи саҳаре зи синаи ҳарроме,
Аз нолаи Бусаиду Аҳмад хуштар.
306
Хайё, ки куза дар сабу кард охир.
Кори ҳама ошиқон наку кард охир.
Афсори намозу пузабанди руза,
Аз гардани ин харон фуру кард охир.
307
Ди кузагаре бидидам андар бозор,
Бар тозагиле лагад мезад бисёр.
В-он гил ба забони ҳол ба у мегуфт:
« Ман чу ту будам, маро ту неку медор».
308
Сусти макуну фаризаҳоро бигзор,
В-он луқма, ки дори, зи касон бозмадор.
Ғайбат макуну дили касеро н-озор,
Дар ухдаи он чаҳон маннам, бода биёр.
309
Умрат чи дусад бувад, чи сесад чи ҳазор,
З-ин куҳнасарой бурун барандат ночор.
Гар подшоҳиву гар гадои бозор,
Ин ҳарду ба як нарх бувад охири кор.

310
Гар бода хури ту бо хирадмандон хур,
Бо лолахури сарвқади хандон хур.
Бисёр махур фош макун вирд масоз,
Гаҳ-гаҳ хуру кам-кам хуру ҳам пиҳон хур.
311
Дар мавсими гул бодаи гулранг бихур,
Бо нолаи ною нағмаи чанг бихур.
Ман май хураму айш кунам бо дили шоҳ,
Гар ту нахури ман чи кунам санг бихур.
312
Вақти саҳар аст, хез эй турфа писар,
Пурбодаи лаъл кун булурин соғар.
К-ин як дами офият дар ин кунчи фано,
Бисёр бичуиву наёби дигар.
313
Ҳар тавба, ки кардем, шикастем дигар,
Бар худ дари ному нанг бастем дигар.
Айбам макунед, агар кунам бехудие,
К-аз бодаи ишқ масту мастем дигар.

314
Оби руи наваруси раз пок марез,
Чуз хуни дили ноиби нопок марез.
Хуни ду ҳазор тан риёкори хароб,
Бар хок бирезу чуръа бар хок марез.
315
Аз чумлаи рафтагони ин роҳи дароз,
Бозомадае ку, ки хабар гирам боз.
Зинҳор дар ин дуроҳаи нозу ниёз,
Чизе нагузори, ки намеои боз.
316
Мо луъбатаконему фалак луъбатбоз,
Аз руи ҳақиқате на аз руи мачоз.
Бозича ҳамекунам бар натъи вучуд,
Афтем ба сандуқи адам як-як боз.
317
Эй марди хирадманд, пагаҳтар бархез,
В-он кудаки хокбезро бингар тез.
Пандаш деҳ гу, ки нарм-нармак мебез,
Мағзи сари Қайқубоду чашми Парвиз.
318
Ин чарх, ки бо касе намегуд роз,
Кушта ба ситам ҳазор Маҳмуду Аез.
Май хур, ки ба кас умри дубора наниҳанд,
В-он кас, ки шуд аз чаҳон намеояд боз.
319
Бо ту харобот ҳамегуям роз,
Беҳ з-он ки ба меҳроб кунам бе ту намоз.
Эй аввалу охири халоиқ ҳама ту,
Хоҳи ту маро бисузу хоҳи бинавоз.
320
Бозе будам парида аз олами роз,
Шояд, ки барам раҳ аз нишеби ба фароз.
Ин чо чу наёфтам касе маҳрами роз,
З-он дар, ки даромадам, бурун рафтам боз.
321
Бар руи гул аз абр ниқоб аст ҳануз,
Дар табъи дилам майли шароб аст ҳануз.
Дар хоб марв, чи чон хоб аст ҳануз?
Чоно, май деҳ, ки офтоб аст ҳануз.
322
Рав бар худу бар холи чаҳон хок андоз,
Чи чои ибодат асту чи чои намоз?
Май мехуру гирди хубруен метоз,
Рафтанд ягон-ягон яке н-омад боз.
323
Соғар пур кун, ки барфгун омад руз,
З-он бода, ки лаъл ҳаст аз уранг омуз.
Бардор ду удрову мачлис афруз,
Як уд бисоз в-он дигар уд бисуз.

324
Кардем дигар шеваи ринди оғоз,
Такбир ҳамезанем бар панч намоз.
Ҳар чо, ки пиёлаест, моро бини,
Гардун чу сурохи суи у карда дароз.
325
Гар гавҳари тоатат насуфтам ҳаргиз,
Гарда гунаҳ аз чеҳра наруфтам ҳаргиз.
Бо ин хама навмед наям аз карамат,
Зеро ки якеро ду нагуфтам ҳаргиз.
326
Лаб бар лаби куза бурдам аз ғояти оз,
То з-у талабам воситаи умри дароз.
Бо ман ба забони ҳол мегуфт ин роз:
« Умре чу ту будам бо ман соз».
327
Мо ошиқу ошуфтаву мастем имруз,
Дар куи бутон бодпарастем имруз.
Аз ҳастии хештан ба кулли раста,
Пайваста ба даргоҳи аластем имруз.
328
Маъшуқ, ки умраш чу ғамам бод дароз,
Имруз ба нав талатуфе кард оғоз.
Бар чашми ман андохт даме чашму бирафт,
Яъне ки накуи куну дар об андоз.
329
Мепурсиди, ки чи аст ин нақши мачоз?
Гар баргуям ҳақиқаташ ҳаст дароз.
Нақшест падид омада аз дарёе,
В-он гоҳ шуда ба қаръи он дарё боз.
330
Вақти саҳар бихез, эй мояи ноз,
Нармак-нармак бода хуру чанг навоз.
К-инҳо, ки ба чоянд, напоянд басе,
В-онҳо, ки бирафтанд, касе наомад боз.
331
Ё раб, ту чамоли он маҳи меҳрангез,
Оростаи ба сунбули анбарбез.
Пас ҳукм намекуни, ки дар вай манигар,
Ин ҳукм, чунон бувад, ки кач дору марез.
332
Аз ҳодисон замон, з-оянда матаре,
В-аз ҳарчи рассад, чу нест поянда матаре.
Ин як дами нақдро ба ишрат бигзор,
В-аз рафта маяндешу зи оянда матаре.
333
Мурғе дидам нишаста бар бораи Тус,
Дар пеш ниҳода каллаи Кайковус,
Бо кала ҳамегуфт, ки афсус, афсус,
Ку бонги чарасҳову чи шуд нолаи кус?.

334
Он бода, ки руҳи ноб мехонандаш,
Меъмори дили хароб мехонандаш.
Ратли ду-се сангин ба ман оред сабук,
Хайроб, чаро шароб мехонандаш?.
335
Аз одамҳо об макун заҳраи хеш,
В-аз ҳар чиҳате шур макун шуҳраи хеш.
Бардор зи дунёи дани баҳраи хеш,
З-он пеш, ки даҳр баркашад даҳраи хеш.
336
Эй дил маталаб зи дигарон марҳами хеш,
Худ бош ба ҳар дарди диле маҳрами хеш.
Танҳо бинишину хештан хур ғами хеш,
В-ар ҳамдамат орзу кунад ҳам дами хеш.
337
Панде диҳамат, агар ба ман дори гуш:
«Аз баҳри худо чомаи тазвир мапуш.
Дунё ҳама соатеву умри ту даме,
Аз баҳри даме умри адабро мафуруш».
338
То чанд кунем арзаи нодонии хеш?
Бигрифт дилам аз бесарусомонии хеш.
Зуннор аз ин сипас миён хоҳам баст,
Аз нанги чи? Аз мусулмонии хеш.
339
Чомест, ки ақл офарин мезанадаш,
Сад буса зи меҳр бар чабин мезанадаш.
В-ин кузагари даҳр чунин чоми латиф,
Месозаду боз бар замин мезанадаш.
340
Хайём, агар зи бода масти, хуш бош,
Гар бо санаме даме нишасти, хуш бош.
Поени ҳама чизи чаҳон нести аст,
Пиндор, ки нести, чу ҳасти, хуш бош.
341
Дар коргаҳи кузагаре рафтам душ,
Дидам ду ҳазор куза гиёву хамуш.
Ногоҳ яке куза баровард хуруш:
«Ку кузагару кузахару кузафуруш».
342
Сармаст ба майхона гузар кардам душ,
Пире дидам масту сабуе бар душ.
Гуфтам: «зи худо шарм надори эй пир?»
Гуфто, ки карим аст худо бода бинуш.
343
Сер омадам, эй худой, аз хастин хеш,
В-аз танг диливу аз тиҳидастии хеш.
Ҳар нест ту ҳаст мекуни берун ор,
З-ин нестиям ба ҳурмати ҳастин хеш.

344
Май хур, ки хирад ҳамеша дорад посаш,
У оби ҳаёт асту манам Илъёсаш.
Ман қуввати дил кути равонаш хонам,
Чун гуфт худо «манофеъу линносаш».

345
Май дар қадаҳ, инсоф, ки чонест латиф,
Дар колбуди шиша равонест латиф.
Лоиқ набувад ҳеч гарон ҳамдами ман,
Чуз соғари бода, к-он гаронест латиф.
346
Бисёр таҳайюр аст дар даври фалак,
Авҳом шудааст очиз аз гаври фалак.
Чун менараҳад ҳеч кас аз чаври фалак,
Фарёд чи суд аз Ҳамалу Саври фалак.
347
Хайём, замона аз касе дорад нанг,
К-у дар ғами айём нишинад дилтанг.
Май хур ту ду обгина бонолаи чанг,
З-он пеш, ки обгина ояд бар санг.
348
Ин сурати куза чумла нақш асту хаёл,
Ориф набувад хар ки надонад ин ҳол.
Биншин, қадаҳе бода бинушу хуш бош,
Фориғ шав аз ин нақши ҳаёлоти муҳол.
349
Бо сарвқаде тозатар аз хирмани гул,
Аз даст мадеҳ чоми маю домани гул.
З-он пеш, ки ногаҳ шавад аз боди ачал,
Пироҳани умри мо чу пироҳани гул.
350
То кай зи абад ҳадису то кай зи азал?
Бигзашт зи андози ман илму амал.
Ҳангоми тараб шаробро нест бадал,
Ҳар мушкилро шароб гардонад ҳал.
351
Чанд аз ғаму ғуссаи чаҳон қолоқол?
Бархезу ба шоди гузарон ҳоло ҳол.
Аз сабз чу шуд руи замин миломил,
Даркаш маи лаъл аз қадаҳ моломол.
352
Кас хулду чаҳимро надидаст, эй дил,
Ку кас, ки аз он чаҳон расидаст, эй дил.
Умеду ҳарроси мо ба чизест, к-аз он,
Чуз ному нишоне на падид аст, эй дил.
353
Май хур ҳамасола соғари моломол,
В-аз сар бигузор ҳар чи савдои муҳол.
Бо духтари раз нишину ишрат мекун,
«Духтар ба ҳаром беҳ, ки модар ба ҳалол».

354
Он руз, ки нест худ шароби покам,
Заҳре бувад ар даҳр диҳад тарёкам.
Заҳр аст ғами гетиву тарёкаш май,
Чун май хураме зи заҳр набвад бокам.
355
Ё раб, ту гилам сириштай, ман чи кунам?
Пашму касабам ту риштаи, ман чи кунам?
Ҳар неку баде, ки аз ман ояд ба вучуд,
Ту бар сари манн навиштаи, ман чи кунам?.
356
Аз бода шавад такаббур аз сарҳо кам,
В-аз бода шавад кушода банди маҳкам.
Иблис агар зи бода хурди чоме,
Карди ду ҳазор сачда пеши одам.
357
Аз халоиқи бахшандаву аз рабби раҳим,
Навмед машав зи чурму исёни-азим.
Гар масту хароби хуфта боши имруз,
Фардо бахшад ба устухонҳои рамим.
358
Афсус, ки бефоида фарсуда шудем,
В-аз тоси сипеҳри сарнагун суда шудем.
Дардову надомато, ки то чашм задем,
Нобуда ба коми хеш но буда шудем.
359
Эй чарх, зи гардиши ту хурсанд наям,
Озодам кун, ки лоиқи банд наям.
Гар майли ту бо бехираду ноаҳл аст,
Ман низ чунон аҳлу хирадманд наям.
360
Эй дуст биё ғами фардо нахурем,
В-ин якдама умрро ғанимат шумарем.
Фардо, ки аз ин руи замин даргузарем,
Ба ҳафтҳазорсолагон сарбасарем.
361
Эзид чу нахост он чи ман нахостам,
Кай гардад рост он чи ман хостам?
Гар ҳаст савоб он чи у хостааст,
Пас чумла хатост он чи ман хостам.
362
Эй муфтин шаҳр, аз та пуркортарем,
Бо ин ҳама масти аз ту ҳушёртарем.
Ту хуни касон хурию мо хуни разон,
Инсоф бидеҳ кадом хунхортарем.
363
Ин чархи фалак, ки дар у ҳайронем,
Фонуси хаёл аз у мисоле донем.
Хуршед чароғ дону олам фонус,
Мо чун суварем, к-андар у гардонем.

364
Бо нафс ҳамеша дар набардам, чи кунам?
В-аз кардаи хештан ба дардам, чи кунам?
Гирам, ки зи ман дар гузарони ба карам,
З-ин шарм, ки диди, ки чи кардам, чи кунам?.
365
Пок аз одам омадему нопок шудем,
Шодон ба дар омадему ғамнок шудем.
Будем зи оби дида дар оташи дил,
Додем ба бод умру дар хок шудем.
366
Бархезаму азми бодаи ноб кунам,
Ранги рухи худ ба ранги уноб кунам.
Ин ақли фузулпешаро муште май,
Бар руй занам, чунон ки дар хоб кунам.
367
Бархезу биё, то ман гулранг кашем,
Бо нағмаи уду нолаи чанг кашем.
Хуш дор, ки айёми таровеҳ гузашт,
Ид асту биё, то манн гулранг кашем.
368
Бархез дило, ки чанг бар чанг занем,
Май нуш кунем ном бар нанг занем.
Саччода ба як пиёла май бифрушем,
В-ин шишаи зуҳд ба сари санг занем.
369
Бар мафраши хок хуфтагон мебинам,
Дар зери замин нухуфтагон мебинам.
Чандон, ки ба саҳрои адам менигарам,
Ноомадагону рафтагон мебинам.
370
То чанд асири ақли ҳарруза шавем?
Дар даҳр чи садсола чи як руза шавем.
Дардеҳ ту ба коса май аз он пеш, ки мо,
Дар коргари кузагарон куза шавем.
371
То даст ба иттифоқ дар ҳам назанем,
Пое ба нишот бар сари ғам назанем.
Пеш аз гахи субҳидам сабуҳи бизанем,
К-ин субҳ басе дамад, ки мо дамназанем.
372
То занн набари, ки ман ба худ мавчудам,
Ё ин раҳи торик ба худ паймудам.
Чун буду ҳақиқати манн аз у будаст,
Ман худ, ки будам? Кучо будам? Кай будам?.
373
Тарсем, ки чу з-ин беш ба олам нарасем,
Бо ҳамнафасон низ фароҳам нарасем.
Ин дам, ки дар уем, ғанимат шумарем,
Шояд, ки ба зиндаги дар он дам нарасем.

374
Чоно ману ту намунаи паргорем,
Сар гарчи ду кардем, як тан дорем.
Бар нуқта равонем ҳаме доиравор,
То охири кор сар ба ҳам боз орем.
375
Човид наям чу андар ин даҳр муқим,
Пас бе маю маъшуқ хатоест азим.
То кай зи қадиму муҳдас, эй марди ҳаким?
Рафтем чу мо, чаҳон ин муҳдас, чи қадим.
376
Худро шабу руз дар шароб андозам,
В-аз чаври фалак масту хароб андозам.
Чун киштии умр ғарқа хоҳад гаштан,
Он беҳ, ки сипар бар сари он андозам.
377
Хуршед ба гил нухуфт менатавонам,
В-асрори замона гуфт менатвонам.
Аз баҳри тафаккурам бароварда хирад,
Дуре, ки зи бим суфт менатвонам.
378
Дар пои ачал чу ман сарафканда шавам,
В-аз бехи умеди умр барканда шавам.
Зинхор, гилам ба чуз суррохи макунед,
Бошад, ки зи бода пур шавад, зинда шавам.
379
Дар ишқи ту сад гуна маломат бикашам,
В-ар бишканам ин аҳд, ғаромат бикашам.
Гар умр вафо кунад, чафоҳои туро,
Боре кам аз он, ки то қиёмат бикашам.

380
Дар масчид агар бо ниёз омадаам,
Ҳаққо ки на аз баҳри намоз омадаам.
Рузе ин чо саччодае дуздидам,
Он куҳна шудаасту пора боз омадаам.
381
Душман бо ғалат гуфт, ки манн фалсафиям,
Эзид донад, ки он чи у гуфт наям.
Лекин чу дар ин ғамошён омадаам,
Охир кам аз он, ки ман бидонам, ки киям,
382
Дил фарқ намекунад ҳаме дона зи дом,
Роҳеш ба масчид асту роҳеш ба чом.
Бо ин ҳама мову маю маъшуқ модом,
Дар майкада пухта беҳ, ки дар савмаа хом.
383
З-он пеш, ки аз замона тобе бихурем,
Бо якдигар имруз шаробе бихурем.
Ки ин чархи фалак ба вақти рафтан моро,
Чандон надиҳад амон ки обе бихурем.

384
Душина паи шароб мегардидам,
Афсурда гуле канори оташ дидам.
Гуфтам, ки чи кардаи, ки месузандат?
Гйфто: «нафасе дар ин чаман хандидам».
385
Ин гуна, ки ман кори чаҳон мебинам,
Олам ҳама ройгон бар он мебинам.
Субҳониллаҳ ба ҳра чи дарменигарм,
Нокомии хештан дар он мебинам.
386
Субҳаст даме бар ман гулранг занем,
В-ин шишаи ному нанг бар санг занем.
Даст аз амали дарози худ бозкашем,
Дар зулфи дарозу домани чанг занем.
387
Ку маҳрами роз? То бигуям як дам,
К-аз гоҳи нахуст худ чи будаст одам:
Меҳнатзадае, сириштае аз гили ғам,
Якчанд чаҳон бигашту бардошт қадам.
388
Кунчеву ду курс азчаҳон бигзидам,
В-аз давлату ҳашматаш тамаъ бибридам.
Дарвеширо зи чону дил бихридам,
Дар дарвеши тавонгариҳо дидам,
389
Гирди дигаре чи гуна парвоз кунам?
Ё айши туе чи гуна оғоз кунам?
Як лаҳза сиришки дида менагзорад,
То чашм ба руи дигаре боз кунам.
390
Гар ман зи ман муғона мастам ҳастам,
В-ар ошиқу ринду будпарастам ҳастам.
Ҳар кас ба хаёли худ гумоне дорад,
Ман худ донам, ҳар он чи ҳастам, ҳастам.
391
Гуфтам, ки дигар бодаи гулгун нахурам,
Май хуни разон аст, дигар май нахурам.
Пири хирадам гуфт: «ба чид(д) мегуи?»
Гуфтам, ки мазоҳ мекунам, чун нахурам.
392
Гул гуфт, ки ман Юсуфи Мисри чаманам,
Ёқути гаронмояи пурзар даҳанам.
Гуфтам: «чу ту Юсуфи нишоне бинамои»,
Гуфто, ки ба хун ғарқа нигар пираҳанам.
393
Гуянд маро, ки майпарастам, ҳастам,
Гуянд маро фосиқу мастам, ҳастам.
Дар зоҳири ман нигоҳ бисёр макун,
К-андар ботин чунон ки ҳастам мастам.

394
Мо афсари хону точи кай бифрушем,
Дастори касаб бо бонги най бифрушем.
Тасбеҳ, ки пайки лашкари тазвир аст,
Ногоҳ ба як пиёла май бифрушем.

395
Моем, ки асли шодиву кони ғамем,
Сармояи додему ниҳоди ситамем.
Пастему баландему зиёдему камем,
Оинаи зангхурдаву чоми чамем.
396
Мо ҳирқаи зухд дар сари хум кардем,
В-аз хоки хаборот таяммум кардем.
Бошад, ки зи хоки майкада дарёбем,
Он умр, ки дар мадрасаҳо дарёбем.
397
Мо, к-аз маи бехуди тарабнок шудем,
В-аз пояи дун бар сари афлок шудем.
Охир ҳам аз олоиши тан пок шудем,
Аз хок баромадему ба хок шудем.
398
Моем дарафтода чун мурғ ба дом,
Дилхастаи рузгору ошуфта мудом.
Саргашта ба ин доираи бе дару бом,
Ноомада бар муроду норафта ба ком.
399
Мақсуд зи чумла офариниш моем,
Дар чашми хирад чавҳари биниш моем.
Ин доираи чаҳон чу ангуштари аст,
Бе ҳеч шаке нақши нигинаш моем.
400
Ман бе маи ноб зистан натвонам,
Бе чом кашид бори тан натвонам.
Ман бандаи он дамам, ки гуяд соқи,
« Як чоми дигар бигир»-у ман натвонам.
401
Ман дар рамазон руза агар мехурдам,
То занн набари, ки бехабар мехурдам.
Аз меҳнати руза рузи ман чун шаб буд,
Пиндошта будам, ки саҳар мехурдам.
402
Манн зоҳири нестию ҳасти донам,
Манн ботини ҳар фарозу пасти донам.
Бо ин хама дониши худ шарман бод,
Гар мартабае варон масти донам.
403
Ман май на зи баҳри тангдасти нахурам,
Ё аз ғами раствоиву масти нахурам.
Ман май зи барои хушдили мехурдам,
Акнун, ки ту бар дилам нишасти, нахурам.
404
Не аз сарукор бо халал метарсам,
На низ зи нуқсони амал метарсам.
Хавфам зи гунаҳ нести, ки ҳасти ту карим,
Аз собиқаи рузи азал метарсам.
405
Майлам ба шароби ноб бошад доим,
Гушам ба наю рубоб бошад доим.
Гар хоки маро кузагарон куза кунанд,
Он куза пур аз шароб бошад доим.
406
Ҳаргиз ба тараб шароби нобе нахурам,
То аз кафи андуҳ шаробе нахурам.
Ноне назанам дар намаки ҳеч касе,
То аз чигари хеш кабобе нахурам.
407
Ҳушёр набудаам даме то ҳастам,
Гар худ шаби қадр бошад, он шаби мастам.
Лал бар лаби чому сина бар синаи хум,
То руз ба гардани сурохи дастам.
408
Якчанд ба кудаки ба устод шудем,
Якчанд ба устодии худ шод шудем.
Поени сухан шунав, ки моро чи расид,
Чун абр дар омадему чун бод шудем.
409
Якчанд ҳарифи бодаву чом шудем,
Дуздида ба хонаи дилором шудем.
Тарсидани мо чунки зи бадноми бувад,
Акнун зи чи тарсем, ки бадном шудем.
410
Як даст ба мусҳафему як даст ба чом,
Гаҳ назди ҳалолему гаҳе назди ҳаром.
Моем дар ин чаҳон нопухтаи хом,
На кофири мутлақ, на мусулмони тамом.
411
Як руз зи банди олам озод наям,
Як дам задан аз вучуди худ шод наям.
Шогирдии рузгор кардам бисёр,
Дар кори чаҳон ҳануз устод наям.
412
Он чисми пиёла бин ба чон обастан,
Ҳамчун самане ба аргувон обастан.
Не, не ғалатам, ки бода аз ғояти лутф,
Обест ба оташи равон обастан.
413
Онро, ки вуқуф аст бар аҳволи чаҳон,
Шодиву ғами чаҳон бар у шуд яксон.
Чун неку бадии чаҳон ба сар хоҳад шуд,
Хоҳи ҳама дард бошу хоҳи дармон.

414
Аз гардиши ин доираи бепоён,
Бархурдори ду навъ мардумро дон:
Ё бохабаре тамом аз неку бадаш,
Ё бехабаре аз худу аз ҳоли чаҳон.
415
Асрори азалро на ту дониву на ман,
В-ин ҳарфи муаммо на ту хониву на ман.
Ҳаст аз паси парда гуфтугуи ману ту,
Чун парда барафтад на ту мониву на манн.
416
Эй дида, агар кур най гур бубин,
В-ин олами пурфитнаву пуршур бубин.
Шоҳону сарону сарварон зери гиланд,
Руҳои чу маҳ дар даҳани мур бубин.
417
Эй монда шабу руз ба дунё нигарон,
Андеша намекуни ту аз рузи гарон.
Охир ба худ ою нек бингар як дам,
К-айём чи гуна мекунад бо дигарон.
418
Акнун, ки занад ҳазордастон дастон,
Чуз бодаи лаъл аз кафи мастон маситон.
Бархезу биё ки гули шоди бишкуфт,
Рузе ду-се доди худ зи бустон биситон.
419
Бархезу махур ғами чаҳон гузарон,
Биншин даме ба шодмони гузарон.
Дар табъи замона гар вафое буди,
Навбат ба ту худ наёмади аз дигарон.
420
Бар синаи ғампазири ман раҳмат кун,
Бар ҳоли дили асири ман раҳмат кун.
Бар пои харобатрави ман бахшой,
Бар дасти пиёлагири ман раҳмат кун.
421
Бар мачмуи ақл зиндагони кардан,
Чун ман бикуни ки метавони кардан.
Устоди ту рузгори чобукдаст аст,
Чандон ба сарат занад, ки дони кардан.
422
Бишнав зи ман эй зубдан ёрони куҳун,
Андеша макун з-ин фалаки бесару бун.
Бар гушаи арсаи қаноат биншин,
Бозичаи чархро тамошо мекун.
423
То битвони хидмати риндон мекун,
Бунёди намозу руза вайрон мекун.
Бишнав сухани рост зи Хайём, эй дуст,
Май мехуру рах мезану эҳсон мекун.

424
То чанд куни хидмати дунону хасон?
Чон бар сари ҳар чуъма манеҳ чун магасон.
Ноне ба ду руз бихур, макаш миннати касс,
Хуни дили худ хури, на аз нони касон.
425
То кай ғами он хурам. к-аз ин чархи куҳун,
Аҳволи маро на сар падид асту на бун?
З-он пеш, ки рахт аз ин саро барбандам,
Соқи бидеҳам май, ки ҳамин аст сухан
426
Дар домани ин чархи нав ангез кухун,
Бо дусту ту сар зи як гиребон як кун.
Дасте, ки замонаро на сар ёфт на бун,
Кутах макун аз май ки дароз аст сухан.
427
Рафтам, ки дар ин манзили бедод будам,
Дар даст нахохад ба чуз аз бод будан.
Онро бояд ба марги ман шод будан,
К-аз дасти ачал тавонад озод будан.
428
Рузе, ки гузашт аз у дигар ёд макун,
Фардо, ки наёмадаст, фарёд макун.
Бар н-омадаву гузашта бунёд макун,
Холи хуш бошу умр бар бод макун.
429
З-ин гунбади гарданда бадафъоли бин,
В-аз чумла дустон чахон холи бин.
То битвони ту як нафас худро бош,
Фардо манигар, ди маталаб, холи бин.
430
Конеъ ба як устухон чу каргас будан,
Бех з-он, ки туфайлаш хони нокас будан.
Бо нони навини хеш, хакко, ки бех аст,
К-олуда ба полудаи хар кас будан.
431
Кавме муттафакиранд дар мазхабу дин,
Чамъе мутахаййиранд дар шаку якин.
Ногох мунодие барояд зи камин,
К-эй бехабарон рох на он асту на ин.
432
Говест дар осмову номаш Парвиз,
Як гови дигар нухуфта дар зери замин,
Чашми хирадат кушову чун ахли якии,
Зеру забари ду гов муште хар бин.
433
Гар бар фалакам даст буди чун яздон,
Бардоштаме маи ин фалакро зи миён.
В-аз нав фалаке дигар чунон сохтаме,
К-озода ба коми дил расиди осон.

434
Гуянд маро, ки май бихур камтар аз ин,
Охир ба чи узр бар надори сар аз ин?
Узрам рухи ёру бодаи субхдам аст,
Инсоф бидех, чи узр равшантар аз ин?.
435
Мискин дили дарманди девонаи ман,
Хушёр нашуд зи ишки чононаи ман.
Рузе, ки шароби ошики медоданд,
Дар хуни чигар заданд паймонаи май.

436
Машнав сухани замонасоз омадагон,
Май гир мураввак аз Тироз омадагон.
Рафтанд ягон-ягон фароз омадагон,
Кас менадихад нишони бозомадагон.
437
Май хурдану гирди некувои гардидан,
Бех з-он, ки ба зарк зохиди варзидан.
Гар ошику маст дузахи хохад буд,
Пас руи бихишт кас нахохад дидан.
438
Натвон дили шодро ба гам фарсудан,
Вакти хуши худ ба санги мехнат судан:
Дар дахр донад, ки чи хохад будан,
Май бояду маъшуку ба ком осудан.
439
Нангест ба номи нек машхур шудан,
Ор аст зи чаври чарх ранчур шудан.
Хаммор ба буи оби ангур шудан,
Бех з-он, ки ба зухди хеш машхур шудан.
440
Обе будем дар камар бинхода,
Аз оташи шахвате бурун афтода.
Фардост, ки бод хоки моро бибарад,
Хуш мегузарад ин ду нафас бо бода.
441
Он бодаи хушгувор бар дастам нех,
В-он согари чун нигор бар дастам нех.
Он май, ки чу занчир бипечад бар худ,
Девона шудам, биёр бар дастам нех.
442
Аз оташу боду обу хокем хама,
Дар олами кавн дар халокем хама.
То тан бо мост, дар магокем хама,
Чун тан биравад равон покем хама.
443
Аз дарси улум чумла бигрези бех,
В-андар сари зулфи дилбар овези бех.
З-он пеш, ки рузгор хунат резад,
Ту хуни пиёла дар кадах рези бех.

474
Он моя зи дуне, ки хури ё пуши,
Маъзури, агар дар талабаш мекуши.
Боқи ҳама ройгон наярзад хуш дор,
То умри гаронмоя бад-он нафруши.
475
Ибриқи ман маро шикасти, рабби,
Бар ман дари айшро бибасти, рабби.
Бар хок бирехти ман ноби маро,
Хокам ба дахан, магар ту масти, рабби.
476
Аз омадани баҳору аз рафтани дай,
Авроқи вучуди мо ҳамегардад тай.
Май хур, махур андуҳ, ки гуфтааст ҳаким,
«Ғамҳои чаҳон чу заҳру тарёкаш май».
477
Аз дафтари умр баргирифтам фоле,
Ногоҳ зи сузи сина соҳибҳоле.
Мегуфт: «Хушо касе, ки андар бари у
Ерест чу моҳеву шабе чун соле».

478
Аз кузагаре куза харидам боре,
Он куза сухан гуфт зи ҳар асроре.
«Шоҳе будам, ки чоми зарринам буд,
Акнун шудам кузаи ҳар хаморе».
479
Аз матбаҳи дуне ту ҳама дуд хури,
То чанд ғами будаву нобуд хури?
Сармоя нахоҳи, ки чаве кам гардад,
Моя, ки хурад чу ту хама суд хури?.
480
Афтод маро бо маю масти коре,
Ҳалқам зи чи мекунад маломат боре?
Эй кош, ки ҳар ҳарром масти карди,
То ман ба чаҳон надидаам ҳушёре.
481
Эй он, ки натичаи чаҳору ҳафти,
В-аз ҳафту чаҳор доим андар тафти.
Май хур, ки ҳазор бор бешат гуфтам,
«Боз омаданат нест, чу рафти, рафти».
482
Эй бода ту маъшуқи мани шайдои,
Ман мехураму натарсам аз расвои.
Чандон хураме, ки ҳар ки бинад, гуяд:
«Эй хоча шароб, аз кучо меой?».
483
Эй бодаи хушгувор, дар чом беҳи,
Бар пои хирад тамом банду гиреҳи.
Ҳар кас, ки зи ту хурад амонаш надиҳи,
То гавҳари рад амонаш надиҳи,
То гавҳари у бар кафи дасташ наниҳи.
484
Эй чарх, дилам ҳамеша ғамнок куни,
Пироҳани хушдили ман чок куни.
Боде, ки ба ман вазад, ту оташаш сози,
Обе, ки хурам дар даҳонам хок куни.
485
Эй чарх ҳама хасисро чиз диҳи,
Гармобаву осиёву даҳлез диҳи.
Озода ба нони шаб гаравгон биниҳад,
Бояд, ки ба инчунин фалак тиз диҳи.
486
Эй дил ту ба идроки муаммо нараси,
Дар нуқтаи зиракони доно нараси.
Ин чо, ки биҳишт аст, раси ё нараси,
К-он чо, ки биҳитш аст, раси ё нараси.
487
Эй даҳр ба кардаҳои худ муътарифи,
Дар зовияи чавру ситам муътакифи.
Неъмат ба хасон диҳиву заҳмат ба касон,
З-ин ҳар ду бурун нест: хари ё ҳарифи.
488
Эй ғамзада, бода нуш то шод шави,
В-аз банди ғами замона озод шави.
З-он оби ҳайёт оташе дар ғам зан,
З-он пеш, ки ҳамчу хок барбод шави.
489
Эй кош, ки чои орамидан буди,
Ё ин раҳи дурро расидан буди.
Кош аз паи сад ҳазор сол сз дили хок,
Чун сабза умеди бардамидан буди.
490
Эй кузагаро, бикуш, агар ҳушёри,
То чанд куни бар гили одам хори?
Ангушти Фариддуну кафи Кайхусрав,
Бар чарх ниҳодаи, чи мепиндори?.
491
Ин аст тариқи риндиву авбоши,
Гар даҳр пур аз боло бувад, хуш боши.
Дар вақти хушии ҳама касон хуш бошанд,
Шарт аст, вақти нохуши хуш боши.
492
Бо ману ту ҳар он чи гуи аз кин гуй,
Пайваста маро мулҳиду бедив гуй.
Ман худ муқир(р)ам бад-он чи гуи, лекин
Инсоф бидеҳ туро расад, к-ин гуй.
493
Бар раҳгузарам ҳазор чо дом, ниҳи,
Гуи, ки бигирамат агар гом ниҳи.
Як зарра зи ҳукми ту чаҳон холи нест,
Ҳукмам ту куниву осиям ном ниҳи.

494
Бар санг задам душ сабуи коши,
Сармаст будам, ки кардам ин авбоши.
Бо ман ба забони ҳол мегуфт сабу:
«Ман чу ту будам, ту низ чу ман боши».
495
Бар кузагаре парер кардам гузаре,
Аз хок ҳаменамуд ҳар дам ҳунаре.
Ман дидам, агар надид ҳар бехабаре,
Хоки падарон дар дасти ҳар кузагаре.
496
Баргир зи худ ҳисобе, ар бохабари,
В-аввал ту чи овардиву охир чи бари?
Гуи: «Нахурам бода, ки мебояд мурд»,
Мебояд мурд, агар хури ё нахури.
497
Пире дидам ба хонаи ҳамморе,
Гуфтам: «Накуни зи рафтагон ахборе?»
Гуто: «Май хур, ки ҳамчу мо бисёре
Рафтанду як бознаёмад боре».

498
То чанд зи ёсину барот, эй соқи,
Бинвис аз майхона барот, эй соқи.
Рузе, ки бароти мо ба майхона баранд,
Он руз беҳ аз шаби барот, эй соқи.
499
То дар тани туст устухону рагу пай,
Аз хонаи тақдир манеҳ берун пай.
Гардан манеҳ, ар хасм бувад Рустами Зол,
Миннат макаш, ар дуст бувад Хотами тай.
500
Тан зан, чу ба зери фалаки бебоки,
Май нуш, чу дар чаҳони офатноки.
Чун аввалу охират ба чуз хоке нест,
Ангор, ки бар хоки най, дар хоки.
501
Тунге май лаъл хоҳаму девоне,
Садди рамақс бояду нисфи ноне.
В-он гаҳ ману ту нишаста дар вайроне,
Айше бошад на ҳади ҳар султоне.
502
То кай зи ғами замона маҳзун боши?
Бо чашми пуробу дили пурхун боши?
Май нушу бо айш кушу хушдил мебош,
З-он пеш, ки аз ин доира берун боши.
503
Чандон, ки нигоҳ мекунам ҳар суе,
Аз сабза биҳиштесту зи кавсар чуе.
Саҳро чу биҳишт шуд, зи кавсар кам гу,
Биншин ба биҳишт бо биҳиштируе.
504
Чандин ғами беҳуда махур, шод бизи,
В-андар раҳи бедод ту бо дод бизи.
Чун охири кори ин чаҳон нести аст,
Ангор, ки нестиву озод бизи.
505
Чун огаҳи, эй дуст, зи ҳар асроре,
Чандин чи хури ба беҳуда теморе?
Чун менаварад ба ихтиёрат коре,
Хуш бош дар ин нафас, ки ҳасти боре.
506
Чун ҳаст замона дар шитоб, эй соқи,
Барнеҳ ба кафам чоми шароб, эй соқи.
Ҳангоми сабуҳ куфл аз дар бикшо,
Май деҳ, ки баромад офтоб, эй соки.
507
Ҳоли дили хастаи гадо медони,
В-ин дарди дили маро даво медони.
Бо ту чи кунам қиссаи дарди дили хеш?
Ногуфта чу дарди дили мо медони.

508
Хоҳи, ки асоси умр маҳкам ёби,
Якчанд ба олам дили хуррам ёби.
Фориғ манишин зи хурдани бодаи соф,
То лаззати умри худ домодам ёби.
509
Хоҳи, ки писандидаи айём шави,
Мақбулу қабули хоссаву ом шави.
Андар паи муъмину чуҳуду тарсо,
Балгуй мабош, то накуном шави.
510
Хуш бош, ки пухтаанд савдои ту ди,
Эмин шуда аз ҳама таманнои ту ди.
Ту шод бизи, ки бе тақозои ту ди,
Доданд қарори кори фардои ту ди.
511
Дони, ки сапедадам хуруси саҳари,
Ҳар лаҳза чаро ҳамекунад навҳагари?
Яъне, ки намуданд дар оинаи субҳ,
К-аз умр шабе гузашту ту бехабари.

512
Дардеҳ ман лаъли лолагуни софе,
Бикшой зи халқи шиша хуни софе.
К-имруз бурун зи чоми май нест маро,
Як дуст, ки дорад андаруни софе.
513
Дардеҳ ман лаъли мушкбуй, эй соқи,
То бозраҳам зи гуфтугуй, эй соқи.
Як кузаи май бидеҳ аз он пеш, ки даҳр,
Хоки ману ту кунад сабу, эй соқи.
514
Дар дида ба чон об нам боисти,
Ё бо ғами у сабр ба ҳам боисти.
Ё умр ба андозаи ғам боисти,
Ё мояи ғам чу умр кам боисти.
515
Гар ҳаст туро дар ин чаҳон дастрасе,
Хон, то назани ту чуз ба неки нафасе.
Пеш аз ману ту биёзмуданд басе,
Дунё накунад ба ғайри озори касе.
516
Дар коргаҳи кузагаре кардам рой,
Дар пояи чарх дидам истода ба пой.
Мекард далер кузаро даставу сар,
Аз каллаи подшоҳу аз пои гадой.
517
Дар гушаи дилам гуфт фалак пинҳони,
«Ҳукме, ки қазо бувад зи ман медони,
Дар гардиши хеш агар маро дасте буд,
Худро бираҳондаме зи саргардони».
518
Рузе, ки рухам ба ранги оби ёби,
Дар кунчи дилам басе хароби ёби.
Дар баҳри ду дидаам агар ғута зани,
Гар гум нашави, мардуми оби ёби.
519
З-он кузаи май, ки нест дар вай зараре,
Пур кун қадаҳе, бихур, ба ман деҳ дигаре.
З-он пештар, эй санам, ки дар раҳгузаре,
Хоки ману ту куза кунад кузагаре.
520
Зинҳор, кунун, ки метавони боре,
Бардор зи хотири азизон боре.
К-ин мамлакати ҳусн намонад човид,
Аз дасти ту ҳам бурун равад якборе.
521
Созандаи кори мурдаву зинда туи,
Дорандаи ин чархи пароканда туи.
Май гарчи бадам, хочаи ин банда туи,
Касро чи гунаҳ, чу офаринанда туи?.

522
Шамъ асту шаробу моҳтоб, эй соқи,
Дар шиша мае чу лаъли ноб, эй соқи.
Аз хок нагу ин дили пуроташро,
Барбод мадеҳ, биёр об, эй соқи.
523
Шайхе ба зани фоҳиша гуфт: «Масти,
Ҳар лаҳза ба доми як кас побасти».
Гуфто: «Шайхо, ҳар он чи гуи, ҳастам,
Аммо ту чунон ки менамои, ҳасти?».

524
Субҳе хушу хуррам аст, хез, эй соқи,
Дар шиша кун он шароби аз шаб боқи.
Чоме ба ман овару ғанимат медон,
Ин якдама нақдрову фардо боқи.
525
Гар омаданам ба ман буди, н-омадае,
В-ар низ шудан ба ман буди, кай шудаме?
Беҳ зи он набуди, ки андар ин дайри хароб,
На омадаме, на шудаме, на будаме.
526
Гар чинси маро хосса бидонад соқи,
Сад фасл зи ҳар навъ биронад соқи.
Чун вомонам ба расми худ бода диҳад,
В-аз ҳадди худам даргузаронад соқи.
527
Гар хидмати ҳар тане куни, чон боши,
В-ар чон боши, ҳамдами чонон боши.
Меҳмони сарои ту агар мур бувад,
Беҳ з-он, ки ту меҳмони Сулаймон боши.
528
Гар даст ба лавҳаи қазо доштаме,
Бар майлу муроди қазо доштаме.
Ғамро зи чаҳон яксара бардоштаме,
В-аз шоди сар ба чарх афроштаме.
529
Гар даст диҳад зи мағзаи гандум ноне,
В-аз май кадуе, зи гусфанде роне.
Бо моҳрухе нишаста дар вайроне,
Айшест, ки нест ҳадди ҳар султоне.
530
Гар з-он, ки ба даст афтад аз май ду мане,
Май нуш ба ҳар маҳфилу ҳар анчумане.
К-он кас, ки чунин кард, фароғат дорад,
Аз сиблати чун туеву риши чу мане.
531
Гар шуҳра шави ба шаҳр, шаррунноси,
В-ар гушанишин шави, ҳама васвоси.
Он беҳ, ки агар Хизр, агар Ильёси,
Кас нашносад туро, ту кас нашноси.

532
Гар кофи фалак ба адл санчида буди?
Аҳволи фалак чумла писандида буди.
В-ар адл буди ба корҳо дар гардун,
Кай хотири аҳли фазл ранчида буди?.
533
Гуянд: «Махур май, ки дар оташ боши,
Дар рузи мукофот балокаш боши».
Ин ҳаст, вале зи ҳарду олам бехтар,
Ин якдама, к-аз шароб сарх(в)аш боши.

534
Хон, то бари мастон ба дурушти нашави,
Ё аз дари некувон ба зишти нашави.
Май хур, ки ба хурдану ба нохурдани май,
Гар олати дузахи, биҳишти нашавад.
535
Ҳарчанд зи дасти даҳр ғамкаш боши,
В-аз чавру чафон чарх нох(в)аш боши.
Зинҳор зи дасти нокасон оби зулол,
Бар лаб мачакон, гарчи дар оташ боши.
536
Ҳангоми сабуҳ, эй санами фаррухпай,
Барсоз таронаеву пеш овар май.
К-афканад ба хок сад ҳазорон Чаму Кай,
Ин омадани тирмаҳу рафтани дай.
537
Ё раб, бикушой бар ман аз ризҳ даре,
Бе миннати ин хасон расон моҳазаре.
Аз бода чунон маст нигаҳ дор маро,
К-аз бехабари набошадам дарди саре.
538
Мову маю маъшуқу сабуҳ, эй соқи,
Аз мо н-ояд тавба (и) Насуҳ, эй соқи.
То кай хони киссаи Нуҳ, эй соқи,
Пеш ор сабук роҳати руҳ, эй соқи.
539
Чононакеву кунчаки хонакаке,
В-он гаҳ зи шароби ноб паймонакаке.
Гар даст диҳад вагарна варонакаке,
В-аз бехи зумурради ба каф донакаке.
540
Ид омаду корҳо наку хоҳад кард
Чун руи арус,
Соқи ман лаъл дар сабу хоҳад кард
Чун чашми хурус.
Афсори намозу пузабанди руза
Як бори дигар,
Ид аз сари ин харон фуру хоҳад кард
Афсус, афсус.

Комментарии