Зайниддин Махмуди Восифи

zayniddin_mahmudi_vosivi

Расми Занидини Восифи

Зайнуддин Маҳмуд ибни Абдуҷалил – Шоир ва таърихчии халқи тоҷику форс, мутахаллис ба Восифӣ соли 1485 дар шаҳри Ҳирот ба дунё омадааст. Волидайн ва хешу ақрабои ӯ, ки мутааллиқ ба табақаи миёнаҳол буданд, қариб ҳама таҳсилкарда ва аз ҷумлаи ашхоси бомарифати замон маҳсуб мешуданд. Бад-ин восита буд, ки баъзеашон дар хидмати давлат қарор доштанд. Дар шаҳри Ҳирот мадориси муътабаре мавҷуд буданд, ки дар онҳо донишмандони бузурги огоҳ аз улуми ақлию нақлӣ дарс медоданд. Восифӣ дар мадрасаҳои Ҳирот дарс хонда, аз илмҳои гуногун – сарфу наҳви арабӣ ва форсӣ, таърих, мантиқ, маонию баён, арӯзу қофия, риёзиёт, улуми динӣ – фиқҳ, тафсир, ҳадис ва ғайра дониши комил андухта буд. Дар замони Восифӣ яке аз машғулиятҳои дустдошта дар миёни аҳли адаби дарбор ва дар доираҳои адабии пешаварон муаммогуйӣ ва шикофтани он буд. Восифӣ дар синни наврасӣ ин ҳунарро ба хуби соҳиб  гардид ва ба ҳидояти хеши волидааш Соҳиб Доро, ки бо Алишери Навоӣ ҳамнишин буд, дар шикофтаии муаммо аз имтиҳони Алишери Навоӣ гузашт.

То айёми бистсолагӣ Восифӣ чун донишманди огоҳ аз кулли улуми расмии давр, ҳофизи Қуръон, донандаву муфассири он, воизи хушсалиқа номбурдору машҳур гардид. Дар ваъз аз шогирдони Ҳусайн Воизи Кошифӣ буд. Устодаш дар муаррифии у мегуфт, ки фарқ миёни ману Восифӣ дар он аст, ки ман  овози хуб надорам, вале овози Восифӣ хуб аст.

Восифӣ ба сабаби нооромиҳо дар ҳаёти иҷтмоӣ ва сиёсии давр ба маҳрумият, саргардонӣ, оворагардӣ ва сафарҳо аз як шаҳр ба шаҳри дигар, ба орзу ҳасади ҳамкасбони худ дар дарборҳо дучор омада, аз ҳад зиёд ранҷу азоб кашидааст. Соли 1510 ба Ҳирот лашкари шоҳ Исмоили Сафавӣ ворид гардид ва дар ин ҷо таассуби шадиди мазҳабӣ байни шиаҳову суниҳо ба миён омад.

Зодгоҳи З.М. Восифӣ – шаҳри Ҳирот дар харита

Дар ин гирудорҳо Восифӣ ба таъкибу тааддӣ дучор омад ва маҷбур шуд соли 1512 ба Мовароуннаҳр фирор бикунад. Баъди ин фирор Уро имкони дубора ба ватаи баргаштан нашуд ва то охири умр дар ғурбат ба сар бурд. Тақрибан як сол дар Самарқанд зиндагӣ кард, дар маҳфилҳову маҷлисҳои адабӣ ширкат медошт, ҳатто боре барои санҷиши ҳунару лаёқати у дар номанигорӣ ва иншо аҳли маҷлис ӯро имтиҳон ҳам карда буданд. У бадоҳатан, бе омодатй беш аз 16 номаву арзадошт навишт ва аҳли маҷлисро дар ҳайрат гузошт, ки минбаъд овозаи он дар Самарқанд шуюъ ёфт. Баъдан аз Самарқанд ба Бухоро рафт ва аз Бухоро ба Саброн, ба назди Мири Араб сафар кард. Дар ин ҷо муддате зиста, сипас ба Фарғона, Намангону Ахсикат, Шаҳрисабз ва Тошканд рахти сафар баст. Аз Тошканд ба Самарқаид баргашт. Мехост дар ин ҷо оромона зиндагӣ ба сар барад, вале даъвати қатъии ҳокими Шоҳруҳия Кетшшуҳаммад сабаб шуд, ки маҷбуран ба ҳидмати дарбори у биравад Шуҳрати Восифӣ чун шахсият фарҳанги хеле боло рафта буд ва Келдимуҳаммад мехост аз суҳбати у баҳравар гардад.

Зиндагии баъдинаи Восифӣ дар даргоҳи Келдгшуҳаммад аввал дар Шоҳруҳия, сипас дар Тошканд – баъди ба ҷойи падар ба тахт нишастани Келдимуҳаммад – ҷараён гирифтааст. Аз сафаҳоти «Бадоеъу-л-вақоеь» бармеояд, ки Восифӣ то соли 1551 дар қайди ҳаёт будааст. Ба андешаи муҳақиқи ҳаёт ва эҷодиёти Восифӣ – А. Н. Боддирев вай байтӣ солҳои 1551 – 1566 фавтидааст.

Мероси расидани ӯ ҳамин «Бадоеьу-л-вақоеъ» аст, ки дар он осори мансуру манзумаш фарохам омадаанд. Ба таълифи ин асар вай солҳои 1517 – 1518 шуруъ кардааст. Асари мазкур шоҳкори насри бадеъ дар адабиёти форс-тоҷик  аст. Онро оинаи ҳаёти иҷтимоӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, адабии охири қарни понздаҳум ва нимаи аввали қарни шонздаҳуми Хуросону Мовароунаҳр метавон гуфт. «Бадоеъу-л-вакоеъ» аз ҳикоёту қиссаҳо, ёддоштҳо, хотираҳо, нақли руйдодҳои таърихӣ, латифаҳои эчодиёти шифоҳии мардум, намунаи гӯишҳои Ҳирот ва Самарқанду Бухоро ва ғ. таркиб ёфтааст. Қаҳрамонони ҳикоёту достонҳо шоҳону вазирон, ходимони давлат, сипоҳиён, ахди фазлу дониш, арбобони дину шариат, қозиҳо, шайхулисломҳо, шоироиу орифон, аҳли ҳунар – мусиқидонону навозандагон, ҳофизону машшоқои, раққосон ва намояндагони доираҳои адабии пешоварони кишварҳои номбурда мебошад.

Дар баъзе аз ҳикоёт аз паҳлавонон, қаландарон, айёрони марду зан, лавандҳо (ятимон), масхарабозон, қаллобон ва дигарон сухан меравад. Чунин ба назар мерасад, ки Восифӣ дар доираи мадрасаҳо, муддарисон ва шогирдон шахси худӣ буд. Аз зиндагии ин табақаи аҳолӣ ҳикояҳои ҷолиб оварда шудаанд.

Аз мутолиаи «Бадоеъу-л-вақоеъ» метавон хулоса кард, ки нависандаи он донандаи хуби Қуръон, аҳодиси набавӣ, дуоҳои шарифа, эҷодиёти шоирону адибони гузаштаву муосираш Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Сино, шоирони доираи адабии Газнин, Низомии Ганҷавӣ, Ҳоқонӣ, Амир Хусрави Деҳлавӣ, Саъдӣ, Ҳофиз, Котибӣ, Унсӣ, Абдурраҳмони Ҷоми, Алишери Навоӣ, Биноӣ, Дарвеши  Деҳакӣ, Амонӣ ва дигарон будааст. Восифӣ ба дархости шоҳону вазирон дар маҷлисҳои адабӣ аз зиндагиву омоли шоҳони машҳури гузашта бо мақсади панду андарз додан ва насиҳат кардан дар кори давлатдорӣ ҳикоятҳо нақл мекард, ки баъзеи онҳоро дар ин асараш дарҷ намудааст.

Дар «Бадоеъу-л-вақоеь» беш аз 1600 байти мутааллиқ ба Восифӣ (қасидаҳо, ғазалҳо, рубоиҳо, қитьаҳо, муаммоҳо) сабтанд. Забон, тарзи баён, сабки нигориши Восифӣ дар «Бадоеъу-л-вақоеъ» ба истиснои оғози гуфторҳо бахшҳои фарогири арзадоштҳо, номаҳо, иншоҳои расмӣ, содаву равон, ҷониб ва моҷарой мебошанд, ки хонандаро ба завқ меоранд ва ӯро барои донистани ниҳояти воқеаву ходисаҳо мушаввиқ мегардонанд.

Дар адабиётншносни тоҷикӣ ва собиқ шӯравӣ омузиши «Бадоеъу-л- вақоеъ» ва ба хонандагон пешкаш намудани онро устод Садриддин Айнй соли 1925, ҳангоми машғулият ба тадвини «Намунаи адабиёти тоҷик» оғоз кард. Моҳи апрели соли 1946 асари у бо номи «Дар бораи Зайнддин Маҳмуд Восифӣ ва хулосаи Бадоеъ-ул-вақоеъ» ба анҷом расид. Ин асар бо номи «Восифӣ ва хулосаи Бадоеъ-ул-вақоеъ» соли 1946 чоп шуд. Устод Садриддин Айнӣ ёддоштҳо ва ҳикояҳои Восифиро интихоб карда, аз забони у, вале дар таҳрири худ мутобиқ ба забони адабии имруза ва таҳрири имруза нақл кардааст. Матни илмии интиқодии «Бадоеъу-л-вақоеъ»-ро шарқшиноси шуравӣ А. Н. Болдирев соли 1961 дар дар Маскав дар ду китоб ба табъ расонид. Бори дуюм ин асар бо тасҳеҳу ислоҳот солҳои 1971 – 72 дар Теҳрон интишор гардид.

Китобе, ки ба алифбои имрузаи тоҷикӣ ба хонанда пешниҳои мегардад, баргардони ҳамин нашри охирин мебошад. Ба хонандаи тоҷик ба алифбоӣ имрӯзан тоҷикӣ дастрас намудани комили «Бадоеу-л вақоеъ» орзу ва дархости устод Садриддин Айнӣ низ буд.

Комментарии