Занги охирин – аввалини мактаб ва зиндаги

Хамин сол рузи аввали хониш – занги аввалин барои талабахои мактаб рузи панчшанбеи санаи 1-уми сентябри соли 2016 рост омада дархои худро тамоми донишгоххо, донишкадахо, марказхои махсусгардонидашуда, мактабхо ва боғчаи бачагона, боз мекунанд. Занги охир бошад санаи 26-уми май – рузи чумъаи соли 2017 ум мешавад.

Дар Точикистон ба оғози соли 2016 –ум шумораи мактабхо зиёда аз 3,5 хазор, шумораи донишкадахо зиёдаз 50 адад, марказхои махсуси омузиши зиёда аз 150 адад, боғчаи бачагона беш аз 200 ададро ташкил медиханд ки дар он такрибан хамасола беш аз 1,5 (якуним) миллион кудакон – наврасон-чавонон тахсилу тарбия мегиранд, ки онхо атрофи 20% ахолии кишварро ташкил медиханд.

saru_libosБарои омузиши кудакону чавонон хамасола аз бучаи давлат зиёда аз 2 миллиард сомони (такрибан 300 млн доллари ИМА) ба самти маориф чудо карда мешавад, ки такрибан 30% барои маоши муаллимону-мурабиён, 30 барои сохтмони бинохои тахсили ва боки ба дигар самтхои дастгирии рушди донишу тарбияи насли оянда сарф мешавад.

Чихеле, ки медонед ва масъалаи ба танзимдарори ва назорати фаъолияти донишу тарбияи кудакону чавононро дар Точикистон чун тачрибаи чахони, асосан Вазорати маориф ба ухда дорад ва сол то сол кушиш ба харч медихад, ки сифати дониш ва тарбияи насли наврас баландтар шавад. Якчанд хосили наве, ки аз пешравии фаъолияти маорифпарваронаи вазорати-макомоти номбаршуда ин ба рох андохтани низоми Имтихонсупории шафоф дар мактабхои олии кишвар тавассути барномаи тести компютери ва кушодани якчанд мактабхои масус барои кудакони болаёкат ба мисоли Мактаби байналхалкии президенти дар шахри Душанбе, ш. Хисор ва ғайрахо.

Кобили кайд аст ки баъди ба рох андохтани маркази миллии тести маслаи ришвагири дар мактабхо кариб ба тамом аз байн бурда шудааст ва чавонон барои дохил шудан ба мактабхои оли хело вахело бештар имкон пайдо мекардаги шуданд. Кабл агар аз 10 нафар 2 нафар аз имтихон бе ришва мегузаштанд алхол бошад кариб хама бе ришва (взятка – доля – таға) аз имтихон-тест мегузаранду донишчу (студент) мешаванд.

Камбудихо:

Дар катори пешравихо инчунин дар низоми (система) маорифи кишвар якчанд масъалахои халталаб (проблема) мавчуданд ва дар катори онхо ин:

  1. Гарон-киммат будани нархи (арзиши) сарулибос ва чихози мактаби барои оилахои серфарзанд ва оилахои камдаромад;
  2. Сол то сол гаронтар шудани арзиши хониш дар мактабхо;
  3. Набудани омузгорони баландихтисос;
  4. Дар фасли сард набудани барк-гарми дар мактабхо;
  5. Ба пахтачини ва чамъоварии махсулоти кишоварзи чалб кардан;
  6. Баъди хатм чойи кори муносиб дарнаёфтан;

Албата ин мушкилот асоси иктисоди дорад ва масълаи халли он аз кушишхои тамоми чамъияти дохиливу беруна вобаста дорад, ки барои халли он солхои тулони яъне беш аз 10 сол, лозим аст. Холо дар зер сари масълахои дар боло зикршуда дар алохидаги суханрони менамоем.

Нархи сару либоси мактаби

daftardoriБа хисоби миёна барои нафари мактабхон дар Точикистон барои сарулибос ва чихозхои мактабиаш атрофи 500 – 1000 сомони барои як сол лозим аст. Худ бахо дихед: дар Точикситон асосан мардум дар дехот зиндаги мекунанд, ки атрофи 75% ахолии кишварро ташкил медиханд ва маоши миёнаи онхо атрофи 400-700 дар як мох аст ва агар дар  оила 2 ва зиёда аз он фарзанди мактабхон бошад пас ба онхо на кам аз маоши чанд моха сарф мешавад.

Бо назардошти бухрони иктисолии аз октябри соли 2014 оғозёфта дигарбора мардум аз харидани сару либоси кудакона хело даст кашида истода фарзандони худро ба истифода бурдани либосхои кухна мачбур месозанд. Масалан ба чои сумка (чома) онхо ба кудаконашон салафан медиханд ва китобхои даркориро намехаранд.

Холо соли чори нархи сару либоси мактаби ва чихозхои хониш вобаста ба сину соли кудак ва сифати бор дар ин фазоянд:

  1. Курта: 20 – 50 сомони;
  2. Майка: 5-10 сомони;
  3. Кастюму шим: 150 – 500 сомони;
  4. Туфли-басаночка: 50-250 сомони;
  5. Каиш: 10-15 сомони;
  6. Галстук: 5-25 сомони;
  7. Сумка: 50-150 сомони;
  8. Китобхо (1 адад): 10-30 сомони;
  9. Дафтар: 0,45-3 сомони;
  10. Хома (ручка): 0,5-2 сомони;
  11. Калам: 2-5 сомони;
  12. Чадвал: 1-2 сомони;

Арзиши хониш:

Ба хисоби миёна дар Точикистон дар соли 2016 барои хонондану парваридани як кудак-чавон дар як сол аз 10 000 сомони то 100 хазор сомони маблағ арзиш дорад ки дар ин маблағ хаммаи харочотхо ба инобат гирифта шудаанд, аз чумла хурока, хакки мактаб, рохкиро, сару либос ва ғайра. Ин хачм маблағ баробари арзиши 300 то 3000 кило гушти гов аст ва ё баробари хачми 40-400 нафакапули ё баробари хачми 10-100 маоши миёна.

Чи тавре ки худ мебинед барои ба воя ва сохиби илму касб кардани кудак-фарзанд арзиши зиёде лозим будааст ва солхои шуърави хаммаи ин маблағро хукумат ба ухдаи худ мегирифт ва холо бошад хар волидайн ба кадри тавонои худаш ин масъаларо ба танзим мерасонад. Яъне фарзандони бой сохиби донишу шароити хуби тахсилро доранду фарзандони мардуми одди ки 80 % ахолии кишвар хастанд ба говчарони, алафбиёри, саргардони, сарсони, ва ё дигар масъалахои зиндаги машғуланд.

Албата чунин фаркияти калонро байни фарзандони бой ва кабағал, хаммаи мову шумо мазмунан дарк менамоем ки аз чи сабабанд, вале хеч кас намехохад ки рузаш бадтар шавад ва барои хамин хам кушиш ба харч медихад ки имконияти доштаашро барои хуб ба воя расонидани насли худ сарф кунад ва барои хамин хам ризки худро ба дигарон намедихад.

Сатхи дониши устодон

Дигар проблемаи (мушкилоти) чамъияти имрузаи Точикистон ин набудани муаллимони баландихтисос яъне донишу малакаи зиёддошта. Ин аз он сабаб аст ки маоши муаллимон кам аст ва нафари аз байни онхо дониши баланддошта дар сохахои гуногун фаъолият менамоянд аз чумлаи бехтарини онхо ба хорича рафта дар он чойхо зиндагиву кор мекунанд.

Ба хисоби миёна маоши кормандони сохаи маориф 500 то 1500 сомониро ташкил медихад (баробари нархи 15-50кг гушти гоф), ки ин имкон намедихад барои конеъ кардани талаботхои асоси онхо.

Бештари муаллимони мактабхои миёнаро чавонони аз донишгох нав хатмкарда дарс медиханд ки сатхи малакаву донишашон кам аст ва бо гузашти 2-3 сол корашонро бар асоси кам будани маош партофта ба Руссия барои кор кардан ва дарёфти ризки бештар равона менамоянд. Дар ин давраи мухочири муаллимон дониши худро коста баъди гузашти чанд соле боз бо ризки чамъшуда ба ватан бармегарданд ва боз ба мактаб кор мекунанд ё дигар соха ва бо ин рох хичрати муаллимон ба дигар бахшхои иктисодиёт ба вучуд омада талафи сатхи донишу малакаи муаллимон мешавад.

Рушани ва гарми набуда дар фасли сармо

Аз сабаби дар фасли сармо аз мохи октябр то охири март набудани барк дар нохияхои кишвар мактаббачахо дар хунуки дарс мехонад ки ин бар асоси ба беморихои гуногун аз чумла хунуки гирифтани гурда, сар, шуш ва дар синфои нимторики ба чашм зараровар дарс хондан.

Дигар тарафи аз хама зарарнок аз набудани барк ин аз технологияхои хозиразамон бар асоси барк набудан истифода накардани ё наомухтани илм тавассути компютер мебошад. Бар асоси свет – барк набудан бачахо на интернет ва ягон барномахои видеои – дистансиониро омухта наметавонанду рузашон камсамару камнатича мемонад.

Истифодаи кувваи кории мактаббачахо дар кори сахро

Аз замони шурави то хол барои кудакони мактаб як хосияти бад боки мондааст ки ин хам бошад ба пахтачини, ангурчини, себчини ва ё дигар намуди махсулоти кишоварзи чалб кардани кудакон мебошад. Атрофи 500 000 нафар кудак аз синфхои 5 то 10 барои чамъовари кардани махсулоти сахро дар моххои сентябр ва октябр хамасола чалб карда мешаванд, ки дар ин муддат онхо хам аз гирфтани дониш ғофил мемонанд ва хам дар ин моххо ки барк то андозае хаст аз истифдаи компютер дар мактаб бебахра мемонанд.

Дарёфти чойи кори

Хуллас аз хама масъалаи душвортарин барои мактаббачахои тахсилро тамомкарда ин дарёфти чойи кори аст. Атрофи 80% – и мактаббачахо баъди тахсили мактаби миёна ба зиндагии мустакил пайгири карда ба кофтани чойи кори машғул мешаванд ва танхо такрибан 20% онхо ба идома додани тахсил машғул мешаванд.

Умуман дарёфти чойи кори нихоят мушкил аст ва нафароне асосан бештар чойи кории бехтарро сохиб мешаванд, ки донишашон баланд аст, одобашон бехтар аст, тағаи вазбин доранд(хешу табори бой ё вазифадор).  Танхо дар холатхои ногахон кори баландмузд ба касе муяссар мешавад ва барои хамин хам асосан ба донишу тарбияи худ такя кардан лозим. Нозукихои корёви ва касбиро дар сахифаи http://mynet.tj/intixobi_kasb/ хонед.

Бароятон рузгори обод, фарзандони пурдониши ботарбия ва барори зиндагиро хохонем!

Щеър дар васфи занги охир

Як нафас боз сабр бинмоед,
Чехрахотон ба ёди худ гирам,
Дустон, дустони хамдарсам,
Пас равам уустуууи таудирам.
Ёдхо, чехрахою хислатхо,
Хазлу шухи, латифагуихо –
Олами чун фасона ширине
Чун насиме гузашту рафт аз мо.
Дона будем дар кади хуша,
Вакташ омад, чудо шудем аз хам.
То ки з-он дона хирмане руяд,
Рох чуем бар дили одам.
Боз дар пеш рузхои нав,
Насяву накд, гиряву ханда.
Ҳар кӣ бо пои хеш раҳрав шуд.
Гоҳ ҷамъем, гаҳ пароканда.
Фасли бебозгашти дилбозӣ,
Шавқи тасхири осмони баланд,
Фикри ояндаву сарафрозӣ
Кард моро ба зиндагӣ пайванд.
Роҳ яктост сӯи оянда,
Сӯи як раҳ ҳазор раҳ бояд.
Сӯи ин роҳ то ки раҳ ёбем,
Хотири мо даме наёсояд.
Пой то сар умеду мақсудем,
Ҳар ками мо ба ҷои бисёр аст.
Гар ҷавонист фасли обутоб,
Баъди он нангу нузҳату ор аст.
То нагӯем: «Ҳасрато, ҳайфо,
Навҷавонию фасли афсона!»
Дар раҳи сӯи пирӣ рафтанҳо,
Дӯстонам, бувем мардона!

Комментарии