Закот – чист? чи хел хисоб кардани он ..

zakot_2Закот ин 4-умин талаботи ҳатмии дини Ислом ба шумор меравад ва иҷроишаш фарз аст. Закот ҳар сол бояд як маротиба барои муҳтоҷони камбағал ва ё лоиҳаҳое, ки ба паҳн кардани дини Ислом равона шудааст, пардохт шуданаш қобили қабул аст.

Закот – ин ҳаҷми пули пардохтшавандаи мусалмони сарватманд, ба шахси муҳтоҷ аст. Касе, ки пулаш ба ҳисоби тиллои мағоза ба 100 грамм расидааст, соҳиби нисоб шуморида шуда, аз он 2,5%-ро чун закот бояд диҳад. Нияти закот дар вақти додан ё ҷудо кардан фарз аст. Худи ибора аз забонӣ арабӣ (زكاة‎, кӯҳна. زكوة‎) гирифта шудааст.

Закот аз сарватҳои дар поён номбаршуда ҳисоб карда мешавад:

  1. Дороиҳо (Мулк-молия-боигарӣ): Тилло, Нуқра, воситаҳои пулӣ (аз ҷумла пули нақд, ҳаққи киро, амонату пасандоз дар бонкҳо), саҳмия ва дигар намудҳои қоғазҳои қимматнок:
  2. Чорво
  3. Ҳосил (мева ва дигар намудҳои зироатҳо)

 Закотро ба шахсони зер додан мумкин аст:

  1. Фақир – яъне шахсе, ки ӯро мол нест ё гарчанде ҳам бошад вале кам аз нисоб;
  2. Мискин – яъне шахсе, ки ӯро чизе нест;
  3. Омили закот – ҷамкунанда ва паҳнкунандаи закот, ки аз ҷониби имом муайян карда шудааст;
  4. Мукотаб – яхъне ғуломе, ки барои озод кардани худ кор карда истодааст;
  5. Мадюн – яъне шахсест, ки аз ватанаш дур афтодааст ва бо худ чизе надорад;
  6. Паҳнкунанда – шахсе ки дини Исломро паҳн менамояд.

Фароизи закот:

  1. Ҳуррият – яъне озод будан;
  2. Балоғат;
  3. Оқил;
  4. Ислом;
  5. Нисоб;
  6. Гузаштани сол;
  7. Ғайр аз қарз соҳиби мол будан;

ТАНБЕҲ

Касе, ки закот надиҳад, намози ӯ қабул намешавад ва моли ӯ бар ӯ ҳало намешавад ва агар садақа ва хайрот кунад, қабул намешавад. Ривоят кардааст Абӯ Ҳурайра разияллоҳу ъанҳу аз Пайғамбарамон Муҳаммади Мустафо саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам, касе, ки Парвардигор ӯро мол диҳад, вале закоташро адо накунад фардо рӯзи қиёмат сӯхта мешавад бо ҳамон мол рӯи ӯро в аду паҳлӯи ӯро ва пушти ӯро ва ҳар вақто, ки хунук шавад боз такрор карда мешавад ҳамон азобро.

Комментарии