Забони точики

Забони тоҷикӣ (Точики) – яке аз гуруҳи забонҳои ҳинду-аврупоӣ буда ватанаш кишварҳои Осиёи марказӣ ва бахусус Тоҷикистон, Афғонистон, Узбекистон ва Ирон мебошад. Забони тоҷикиро то ташкил шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар замони пеш бо номи забони «Дарӣ» ё худ ҳамчун яке шеъваҳои забони форсӣ, номгирӣ менамуданд. Бо талаботи ҳукумати шуъравӣ ба ин шеъваи шарқии забони эронӣ номӣ «Забонӣ тоҷикӣ» дода шуду онро ба мардуми эронинажоди сарзамини Осиёи миёна ва бахусус Тоҷикистониён мутаалиқ донистанд.

deti-taj_20

Имрузҳо бо забонӣ тоҷикӣ зиёда аз 25 млн. нафар одам дар як қатор кишварҳои олам муошира менамоянд, ки аз он 8 млн. нафарашон дар Тоҷикистон,  5 млн. дар Узбекистон (Самарқанд, Бухоро), 10 млн. дар Афғонистон ва дигар кишварҳои дуру наздик мебошанд. Бо забони тоҷикӣ адабиётҳои таърихии зиёду бузурге то имрузҳо омада расидааст, ки бо он олимону шоирон аз ҷумла Абуалии Сино, Абуабдуллои Рудакӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ ва дигарон гуфтору меъросгузорӣ кардаанд. Бояд гуфт, ки забони тоҷикиро дар Афғонистон расман забони Дарӣ меноманд.

Таърихи забонӣ тоҷикӣ

Забони тоҷикӣ сарнавиштӣ зиёда аз 3-ҳазорсола дораду дар таърихи худ давра ба давра бо назардошти тағйиротҳои сиёсию фарҳангӣ таҷдид мегардид. Агар ба пораҳои адабиёти қадимаи тоҷикӣ назар намоем пас дар он хело калимаву ибораҳои нофаҳмо ба замони имрузаро мебинем. Ин аз он сабаб бармеояд, ки сарзамини  Осиёи миёна борҳо аз ҷониби миллатҳои гуногун аз ҷумла Мақдуниҳо, Арабҳо, Муғулҳо, Туркҳо, Руссҳо ва дигарон запт шуда дар даврони ҳукумронии онҳо бо забони худашон то андозае омехта шуданд.

Бинобар ин дар забони тоҷикӣ калимаҳои дигар забонҳои дунявӣ во мехуранд. Имрузҳо бошанд бо тараққи ёфтани шабакаи интеренет дар забонӣ тоҷикӣ калимаву ибораҳои забонӣ англисӣ низ ҳамроҳ шуданашон афзоиш ёфта истодаасту боз ҳам рушду тағйирот дида истодааст.

Мақоми забонӣ тоҷикӣ

Забони тоҷикӣ тибқи қонуни Ҷумуҳурии Тоҷикистон аз 22 июли соли 1989 таҳти рақамӣ № 150 “Дар бораи забон”  борри аввал рузи забонӣ тоҷикиро санаи 22-июл муайян кардааст, ки ҳамасола то соли 2009-ум таҷлили он расман баргузор мегардид. Бо тасвиб расидани  қонунин нав аз 5 октябри соли 2009, таҳти №553 ба забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ дода шуд, ки ин қадами ҷиддӣ барои баланд кардани устувории забонӣ тоҷикӣ асоси қонунӣ пайдо кард.

Бо ба тасвиб расидани қонуни дувумин, аз ҷониби давлатҳои гуногун ва бахусус Руссия изҳорӣ нигаронӣ пайдо шуд, ки ба андешаи онҳо гуё мавқеву манзаллати забони руссӣ коҳиш меёбад. Албата ин андешаҳо то андозае асос доранд, чун ки ҳукумати кишвар тадриҷан аз ҳаммаи ташкилотҳои ватанӣ оид ба бурдани мукотибот дар забонӣ тоҷикиро, талаб менамуд.

Забони тоҷикӣ ин забони назму яке аз забонҳои ширини ҷаҳонист!

Қобили зикр аст, ки бо ба имзо расидани қонуни нав дар бораи забони тоҷикӣ дигарбора рузи забони тоҷикӣ 5-уми октябр таҷлил карда мешавад, ки ин сана бо рузи тавваллуди Президенти кишвар- Эмомалӣ Раҳмон, рост меояд.

Дар Тоҷикистон барои танзим кардани масъалаҳои забон идораи махсуси давлатӣ бо номи «Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» ташкил карда шудааст.

Мутобиқи моддаи 2-юми Сарқонуни (Конституция) Тоҷикистон, забони давлатии Тоҷикистон забони тоҷикӣ аст. Забони русӣ ҳамчун забони муоширати байни миллатҳо амал мекунад. ҳамаи миллатҳо ва халқиятҳое, ки дар ҳудуди ҷумҳурӣ зиндагӣ мекунанд, ҳақ доранд, аз забони модариашон озодона истифода кунанд.

Забони тоҷикӣ ба забони форсӣ, ки дар қисмати ғарбии Эрон бештар паҳн шудааст монандӣ дорад, вале хело фарқиятҳоро низ соҳиб аст. Бо ворид кардани хатти кирилӣ дар соли 1939, байни забони форсӣ бо тоҷикӣ, тафовут боз ҳам зиёдтар мегаштагӣ шуд.  Забони тоҷикӣ назар ба забони форсӣ (эронӣ) аз ҷиҳати фонетикӣ ва луғаттӣ беҳтар боқӣ мондааст ва дар худ калимаҳои қадимаи халқиро (асрҳои IX—XV), бештар нигоҳ доштааст.

Рушди забони тоҷикиро ба ду давра тақсим кардан мумкин аст, ки ин ҳам бошад замони давлатдории мардуми тоҷик дар Осиёи миёнаро дар бар мегирад:

  1. Давраи давлатдории Смониён. Дар ин солҳо мақоми забони тоҷикӣ то ба андоза баланд мешавад, ки адабиётҳои исломӣ ба ин забон омода ва паҳн карда мешаванд. Шумо худ то ин замон шоҳид ҳастед, ки имрузҳо ҳам мардуми Узбекистон як қатор ҷумлаҳои ибодативу дуохонии худро ба забонӣ тоҷикӣ анҷом медиҳанд. Дар ин давраи адабиётҳои илмии олимону шоирон ба забони тоҷикӣ низ расман омода карда, корбарӣ мешаванд.
  2. Давраи пайдоиши Ҷумҳурии Тоҷикистон. Бо тағйир ёфтани харитаи сиёсии ҷаҳон дар асри IXX ва ташкил ёфтани ҶШС Тоҷикистон пайдо шудани номи «Забони тоҷикӣ» ва дар ин замина такомули ҷиддӣ дидани забон ва адабиёти тоҷик. Дар ин аём саҳми Садриддин Айнӣ – нависанда ва қаҳрамони халқи тоҷик дар баланд бардоштани мақоми забони тоҷикӣ, басо назаррас аст.

Қобили қайд аст, ки он мардуми узбекзабони дар Тоҷикистон мезиста дар давом додани таҳсил бо забонӣ модариашон ягон мушкилӣ пайдо накарданд, вале он мардуми тоҷике, ки баъди пош хурдани итиҳоди шуравӣ хело зиёд дар сарзамини Узбекистон боқи монданд аз тарафи давлат дастгирӣ наёфтанд ба омехташавии тоҷикзабониҳо бо мардуми узбек зуд ба вуқуъ омад, ки ин ҳам бошад сиёсати давлатӣ дар ин кор замина дошт.

Солҳои 1950-1990 бо назардошти зиёд омадани мардуми рус ба Тоҷикистон барои рушди иқтисодиёти кишвар таъсири забони онҳо ба забони тоҷикӣ хело зиёд гашт, вале баъди пош хурдани иттиҳоди шӯърави таъсири забони русӣ коҳиш ёфтан гирифт. Лек бояд гуфт, ки бо сабаби мардуми зиёди тоҷик (1 млн) ба сифати муҳоҷири меҳнатӣ ба Руссия рафтан таъсири он ба забони тоҷикӣ боз ҳам дар солҳои охир мустаҳакам гардида истодааст.

Дигар ҳолати ивазшавии забону хатро аз оғози солҳои 1980 низ ба назар мерасид, ки як қатор зиёиён дар масъалаи баргаштан ба хату луғатти куҳани тоҷикӣ (хату  забони форсӣ) бештар кушиши худро равона менамуданд. Дар ин солҳо омузондани алифбои форси дар мактабҳо ҷорӣ карда мешуд. Холо бошад як қатор сомонаҳои интеренетӣ ба забонӣ форси ахбори Тоҷикистонро паҳн менамоянду худро тоҷикзабон меноманд, ҳол он ки матни истифодабарандаи онҳо аз забони тоҷикӣ хело дур буда бештар ба иронизабонӣ шабоҳат дорад. Дар қатори чунин сомонаҳо шабакаи www.ozodi.org мебошад.

Дар куллӣ Тоҷикистон забони тоҷикиро дар мактабҳо, донишгоҳо ва дигар намудҳои марказҳои омузишӣ ҳамчун воситаи омузишӣ истифода бурда мешавад. Дар Душанбе, Самарқанд ва Москва марказҳои омузишии забони тоҷкӣ ҳаст.

Шеъваҳо (Лаҳҷа) дар забони точики

Забони тоҷикӣ асосан ба ду шеъва тақсим мешавад:

  1. Шеъваи Шимолӣ, ки онро инчунин лаҳҷаи ленинободӣ ё худ суғдӣ низ менаоманд. Ба шеъваи шимолӣ, мардуми Вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон, аҳолии шаҳрҳои Самарқанд, Бухоро, вилояти Фарғонаи Узбекистон ва як қисми аҳолии қаторқӯҳи Хисор гуфтугӯ менамоянд.
  2. Шеъваи Ҷанубӣ. Ба ин лаҳҷа мардуми қисми ҷанубии Тоҷикистон аз ҷумла аҳолии мардуми вилояти Хатлон, водии Рашт ва шимоли Афғонистон суҳбат менамоянд.

Яке аз фарқиятҳои асосии шеъваи суғдӣ аз шеъваи ҷанубӣ дар он аст, ки аз ҷониби мардуми шимол дар охири ҷумлаҳои саволӣ, суфекси «мӣ» бисёр истифода мебаранд. Инчунин суғдиҳо овози «ӯ»-ро бениҳоят зиёд истифода бурда фелҳоро бо суфекси «дя» ба итмом мерасонанд. Умуман шеъваи шимолиро асосан бештар ба забони адабиёти тоҷик маҳсуб медонанд. 

Видео барои шунидану дидани суханронии шеъвахои точики

Шеъваи ҷанубӣ                                       Шеъваи шимолӣ

 

Хатти тоҷикӣ (Алифбо)

Алифбои ТочикиЗабони тоҷикӣ то запти арабҳо Осиёи миёна, бо хатти «Авастоӣ» ё худ онро ҳамчунин хатти Паҳлавӣ низ меноманд, навишта мешуд. Баъдан аз асрҳои ҳафт ва ҳашт то омадани русҳо, ҳалқи тоҷик ба хатти форсӣ (арабӣ) менавишт. Соли 1922 то соли 1938 хатти лотинӣ ҷори карда шуд. Аз соли 1939 инҷониб дар Тоҷикистон хатти кирилӣ ҷорӣ карда шуд, ки он замонҳо дар алифбои тоҷикӣ 39-ҳарф буд. Бинобар сабаби дар забони тоҷикӣ мавҷуд будани овозҳои хосӣ тоҷикӣ ба алифбои кирилӣ боз 6 ҳарфи тоҷикӣ зам карда шуд (ғ, қ, ӯ, ҳ, ҷ, ӣ).

Баъдт пайдо кардани истиқлолият (1991) ва кам шудани таъсири сиёсии халқи рус ба қабули қарор ба масъалаҳои кории мардуми тоҷик, 4- ҳарфӣ ғайри хоси тоҷикӣ (ц, ь, ы, щ) аз алифбои тоҷикӣ бароварда шуда соли 1998 шакли замонавии алифбои тоҷикӣ тасдиқ карда шуд, кии борат аз 34 ҳарф аст.

Алифбои кухнаи точики (Пахлави)

Алифбои кухнаи точики (Пахлави)

Забони тоҷикӣ хело аз нуқтаи назари фонетикӣ (овозӣ) бой аст ва тавассути он бисёр забонҳои ҷаҳониро дуруст талафуз кардан мумкин. Масалан ҳарфи «ҷ», «қ» «ӯ» ва дигарон имкон медиҳад, ки забонҳои арабӣ, англисӣ, туркӣ ва дигарҳоро дуруст талафуз карда шавад. Албатта як қатор дигар овозҳои хосе ҳастанд, ки дар забони тоҷикӣ во намехуранд, аз ҷумла ҳарфи «Сод»-и арабӣ ё «Р» -и англисӣ.

Дар такоммули забони тоҷикӣ имрузҳо адабиётҳои гуногун нашр мешаванд, ки дар китобхонаи Миллӣ воқе дар шаҳри Душанбе мавҷудбуда ва дигар китобхонаву ташкилотҳои кишвар вомехуранд. Бахусус аз соли 2015-инҷониб нашри Энсиклопедияи миллӣ дар рушди мавқеи забони тоҷикӣ такони ҷиддӣ хоҳад дод.

Барои аз худ кардани забони тоҷикӣ тавассути забонӣ руссӣ бори аввал дар таърих луғатти қоғазӣ бо номи  «Луғати русӣ-тоҷикӣ» соли 1985 чоп карда шуд, ки он дар худ 65 ҳазор калимаву ибораро дошт.

Соли 2014 барои тарҷумаи калимаву ибораҳои забони тоҷикӣ ба забонҳои дигари дунявӣ (англисӣ, фаронсавӣ, ҷопонӣ, ҳиндӣ, арабӣ ва даҳҳои намуди дигар) аз ҷониби сомонаи https://translate.google.ru/ барномаи инернетии тарҷумонӣ сохта ва ба истифода дода шудааст, вале он хело камбудиҳоро соҳиб буда тақрибан 70% калимаҳои тоҷикиро дар худ таҷасумгар мебошад. Яъне ҳоло ин сомонаи ҷаҳонӣ барои таҷдиди тарҷумонии матнҳои тоҷикӣ хело ниёз дорад. Аммо луғати электронии тоҷикӣ-русӣ-тоҷикии дар сомона www.oftob.com  хело беҳтар ва дурустар аст.

Ниҳоятан қайд кард, ки забони тоҷикӣ дар байни дигар забонҳои дунявӣ ниҳоят хурд мебошад. Масалан забони тоҷикӣ назар ба забонӣ русӣ 12-маротиба, немисӣ 5 маротиба, арабӣ 15- маротиба ва аз мандаринӣ (хитоӣ) 50 маротиба хурд буда ҳатто ба руихатти 100 забони калонтарини дунявӣ дохил намешавад.

Сабаби кам будани ҳиссаи забони тоҷикӣ дар тамадуни башар дар он аст, ки мардуми тоҷик бо забонаш таи ҳазорсолаҳо мутеъи халқҳои дигар буду имконияти рушд карданро надошт. Имрузҳо барои рушт кардани забони тоҷикӣ мустақилияти давлатӣ шароит медиҳад, вале бо назардошти рақобати иқтисодии ҷаҳони ки талаби донистани забонҳои ҷаҳониро тақозо менамояд як қатор тоҷикон майли донистану корбариро ба забонҳои хориҷӣ аз ҷумла англисӣ, руссӣ, арабӣ ва хитоиро пеша мегиранду дар тараққиёти забони модарии худ кам ҳиссагузор мешаванд.

Албата забонҳои ҷаҳонӣ дар замонҳои қадим ҳам таъсири калон доштанд ва инро аз маҳсули кории Абуалии Сино, Умари Хаём ва дигарон ки ба забони арабӣ боқӣ мондаанд, исбот менамояд.

Барои пурзур кардани мавқеи забони тоҷикӣ як катор донишмандон пешниҳод менамояд, ки ба ҳарфҳои (хаттӣ) форсӣ баргашта гузашта шавад ва бо ин роҳ омухтани хазинаи бузурги адабиётҳои форсие, ки дар ҷаҳон ҳастанд барои омузиш имконпазир гарданд. Дигар  қисмати донишмандон дар он фикранд, ки адабиётҳои форсии мавҷудбуда аз забони тоҷикӣ хело фарқ дораду фаҳмидани он барои тоҷикон мушкил аст. Ва он қисмати асосии адабиётҳои таърихии мутаалиқ ба тоҷикон алакай ба ҳарфҳои замонавии тоҷикӣ аз нав чоп шудаанду ба мардум дастрасанд. Дигар тарафи масъла дар он аст, ки гузаштан ба алифбои форсӣ ба мустаҳакам кардани мавқеи Ирон дар ҷаҳон ва коҳиш ёфтани манзаллати Руссҳо таъсир расонида асоси сиёсӣ дорад.

Суруд ва намиш ба забони точики

 

 

Ба андешаи баъзе мутафакирон баъд аз чанд асри наздиқ бисёрии забонҳои ҷаҳонӣ ки шумораи гуяндагони чандон зиёд нест аз байн рафта забонӣ англисӣ ҳамчун забонӣ башар мешавд ва ҳаммаи одамони дунё бо он суханронӣ менамоянд.

Яъне худ имуз ҳам бисёриҳо аз пурзур будани забонӣ англсӣ дарк намуда ҳарчи барвақтар донишу кори худро бо он пайванд намуда истодаанд. Дар дунёи имруза тақрибан нисфи адабиёти ҷаҳонӣ ба забонӣ англисӣ мавҷуд аст ва қариб дилхоҳ масъаларо бо ин забон ёфта метавон аз ҷумла дар бахши барномасозӣ, тиб, таърихи ин ё он давлат, қонунҳо, физика ва ғ.

Бар иловаи ин донистани забонӣ англсӣ дар замони муосир барои ёфтани кори сермаош ва дар дилхоҳ кишвари дунё имконияти зиёдеро фароҳам меорад, ки бисёриҳо аз донистани он мефахранду баҳра мегиранд.

Комментарии