Забони англиси (Омузиш)

Забони англисӣ яке аз забонҳои бузургтари ҷаҳон ба шумор рафта шумораи одамоне, ки дар ҷаҳон бо он гуфтугу менамоянд зиёда 1,5 млрд. мебошад. Забони англисӣ дар 58 давлати дунё мақоми давлатӣ дошта ватанаш Бритониёи кабир мебошад. Забони англисӣ ба яке аз шохаҳои забони олмонӣ шомил буда дар маҷмуъ ба оилаи забонҳои ҳинду аврупоӣ дохил мешавад.

Забони англисиро зиёда аз 90% мардуми ИМА, Британияи Кабир, Австралия, ва Канада истифода мебаранд, ки ин ҳам бошад аз сабаби халқи мезистаи ин давлатҳои англичанҳо мебошанд.

Забони англисӣ забонӣ ҷаҳонӣ эътироф шуда зиёда аз нисфи кишварҳои дунё бо ин забон дар донишгоҳҳову марказҳои таълимӣ ба мардум дарс меомузанд. Маҷлисҳову корҳои тиҷоратӣ асосан байни давлатҳои дунё бо забонӣ англисӣ суръат мегирад.

Шахсоне, ки забони англисиро медонанд, имрузҳо имконият дорад ба бойгониҳои адабиётии ҷаҳонӣ роҳ ёбанд ва бар замми ин барои фаъолияти меҳнатӣ кардан, дар ҷаҳон имрузҳо маҳз забони англисӣ бештар талаб карда мешавад.

Адабиётҳои асосии инсонӣ, ки ба ҳаммаи халқияту мамлакатҳо вобаста аст ба забони англисӣ тарҷумаву навишта шудаанд ва ба мисли он дастовардҳои Умари Хаём, Саъдии Шерозӣ, Абуалии Сино ва ғайра.

Тақрибан то солҳои 1950 мақоми забони англисӣ дар ҷаҳон чандон баланд набуд ва дар қатори он забони фаронсавӣ, олмонӣ, португалӣ, испанӣ, арабӣ, хитоӣ ва ғайраҳо ҳам эътиборӣ баланд доштанд. Вале бо назардошти пурзур шудани мавқеи давлатҳое, ки дар онҳо мардум асосан бо забони англисӣ фаъолият менамоянд, аз ҷумла ИМА (Амрико), Британия, Канада, Австралия, Ҳиндустон ва як қатор дигар давлатҳо ба забонӣ англисӣ таваҷуҳи бештар зоҳир карда мешуд, ки дар ниҳоят сабаб шуд ки мавқеи дигар забонҳои ҷаҳони коҳиш ёбанд.

Барои тарчумаи матн ва калимахои забони точики ба забони англиси тавсия карда мешавад, ки сомонахои https://translate.google.ru/ истифода шавад.

Донандагони забонҳои маъруфтарини ҷаҳонӣ:

Мавкеъ Номи забон Ҳамчун забони миллӣ Ҳамчун забони дувум
1 1,2 миллиард то 300 миллион то 1,5 миллиард
2 500 миллион то 1 миллиарда то 1,5 миллиард
3 425 миллион то 125 миллион то 550 миллион
4 300 миллион то 120 миллион то 420 миллион
5 160 миллион то 100 миллион то 260 миллион
6 230 миллион то 30 миллион то 260 миллион
7 120 миллион то 80 миллион то 200 миллион
8 75 миллион то 195 миллион то 270 миллион

Видео дар бораи омузиши забони англиси

Комментарии