Ёвон – Нохия ва ё Шахр дар Точикистон

Ёвон - Дар Харитаи чахон

Ёвон – Дар Харитаи кишвар

Ёвон  яке аз ноҳияҳои Тоҷикистон буда, маркази маъмурияш шаҳри Ёвон мебошад, ки дар вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҷойгир аст. Аҳолии ноҳия 198,5 ҳазор (2015 сол) буда, масоҳаташ 976,2 км2 мебошад.

Айни замон ноҳияи Ёвон мисли давраи Шӯравӣ яке аз ноҳияҳои тараққикардаи саноатӣ дар ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад ва як қатор корхонаҳои бузург низ дар ноҳия фаъолият менамояд, ба монандӣ: корхонаи сементбарории «Ғаюр», корхонаи нассоҷии «Хима текстил» ва ғайраҳо.

Мардуми ноҳияи Ёвон бо шӯхтабиатию ҳазлгӯияшон дар тамоми Тоҷикистон машҳуранд. Баъзан дар Тоҷикистон ҳангоми бисёр шӯхӣ ва ҳазлнамоӣ шахсро  «Ёвонӣ»  низ мегӯянд.

Ба забони русӣ ноҳияро «Яван» ном мегиранд. Ноҳия аз  9 ҷамоат иборат мебошад, аз ҷумла : ҷамоати Ёвон бо 22 ҳазор аҳолӣ, Ҳаёти нав – 2,5 ҳазор, Даҳана 12,9 ҳазор, Гулсара 16,2 ҳазор, Норин 15,1 хазор, Обшорон – 19,9 ҳазор, Ҳасан Ҳусейн – 17,6 ҳазор, Ситораи сурх – 14,1 ҳазор ва Чоргул – 11,1 ҳазор.

Сурати Нохияи Ёвон

Сурати Нохияи Ёвон аз Кайхон

Ҷуғрофия: Ноҳияи Ёвон бо ноҳияҳои  Рӯдакӣ (пештар Ленинский) ва Ваҳдат, аз тарафи шарқ бо ноҳияҳои Норак ва Данғара, аз тарафи ғарб ва ҷанубу шарқӣ бо ноҳияҳои Хуросон ва Ҷомии вилояти Хатлон иҳота шудааст. Ёвон дар водии дарёи Ёвон ва Вахш дар масоҳати  976,2 км2 ҷойгир аст.

Корхонаҳои (иқтисодиёти) ноҳияи Ёвон:

  1. Корхоани истеҳсоли гипсокартонҳои сохтмонӣ, ки иқтидори шабонарӯзиаш 10 ҳазор гипсокартонҳои сохтмониро ташкил медиҳад (2015сол ташкил шудааст). Дар ширкати зикршуда тақрибан 300 нафар кору фаъолият менамоянд.
  2. Корхонаи истеҳсоли криолит ва фториди алюминий, ки барои эҳтиёҷоти Корхонаи алюминии Тоҷикистон ба маблағи 125 млн. доллар сохта мешавад.
  3. Заводи семент бо иқтидори солонаи истеҳсоли 1,2 млн. тонна семент. Ширкат ба маблағи 120 млн. доллари ИМА аз ҳисоби сармоягузорони ватанию хориҷӣ (Хитоӣ) сохта шудааст. Корхона дар чамоати Даҳна ҷойгир буда, дар он тақрибан 1000 нафар фаъолият менамоянд.
  4. Хима текстил – ширкат оида ба коркарди нахи пахта, иқтидори истеҳсолиаш дар як сол 4000 тонна пахта буда, 120 ҷойи кориро ташкил медиҳад.
  5. МБГ-и Ёвон, ки дар давраи Шӯравӣ сохта шуда, то ба имрӯз қисман фаъолият менамояд.
  6. Заводи электрохимиявии Ёвон (1978с.). Заводи мазкур дар давраи Шӯравӣ фаъолият менамуд ва чунин моддаҳоро истеҳсол мекард: содаи каустикӣ, хлори моеъ, гипохлорити калсий ва гипохлорити натрий.
Видео: г. Яван новости и туй в наврузе:

 

 Нишондиҳандаҳои асосии ноҳияи Ёвон:

Ном ба  русӣ: Яванский район
Ном ба забони модари: Ноҳияи Ёвон
Роҳбари нохия: Раиси (Rais)
Кишвар: Тоҷикистон
Мартаба: Ноҳияи маъмурӣ
Дохил ба: Вилояти Хатлон
Дар бар мегирад: 1 шаҳр, дар 9 мавзеи деҳот (аз ҷумла дар деҳаи 2)
Маркази маъмурӣ: шаҳраки Ёвон
Сана Маълумот: 12 550
Забони давлати: Тоҷики
Аҳолӣ (2016): 198 512
Таркиби этники: тоҷикон, узбакҳо
Таркиби конфесиони: мусалмони сунимазхаб
Майдон: 976,2 км²
Минтақаи вақт: UTC + 5
Ихтисороти: YA
Коди ISO 3166-2: TJ.KO.YA
Мавзеъ дар зхарита: 38 ° 19 шимол, 69 ° 03 Гарб
Etnohronim: Ҷаванизӣ
Баландӣ аз сатҳи баҳр (дар амал): 678
Индекс и пучта: 735310
Домейни Интернет: .tj
Рақамҳои автомашинаи: 03 ЧТ
Рамзи телефон: (+992) 3141
Майдони умумии замин (га): 93 185
Майдони обёришаванда (га): 26 970
Замини лалмӣ (га): 66 215
Замини корам (га): 25 829
Заминхои лалми (га): 1 174
Токзор (га): 961
Тутзор (га): 51
Марғзорҳои (га): 54
Ситрусӣ (га): 131
Майдони наздиҳавлиги (га): 2.1
Партофташуда (га): 22
Чарогоххо (га): 44 244
Замини кишоварзӣ: 24112
Хонаҳо: 771
Хочагихои дехкони (навъи колхози): 2 403
Сомонаи расмии: www.yavan.tj

Суратхои нохияи Ёвон
yavan_yovon-rayon yavan_yovon-rayon-2

Харитаи Ёвон аз Кайхон:

Телефоны основных учреждений и государственных структур: 

Маъмурият: (+992 3141) 311-06
Прокуратура: (+992 3141) 32-111
Суд : (+992 3141) 321-78
КБД: (+992 3141) ****
Комисиариати харби: (+992 3141) 322-97
Милисия: (+992 3141) 322-97
Сухторнишон: (+992) 95-162-84-78
Андоз: (+992 3141) ****
Болmница: (+992 3141) 321-80
Гор эл. Сет: (+992 3141) ****
Агроинвестбанк:(+992 47)  449-00-10, 449-00-08

Боду хаво (обу хаво ) дар Ёвон


Комментарии