Хирс

Хирс  Мария дар Душанбе

Хирс бо номи Мария дар Душанбе

Хирс – як намуди ҳайвони бузургҷуса ки ба оилаи ширхурҳо шомил буда ҳамачизхур мебошад. Хирсҳо дар масълаҳои часпида баромадан, шино кардан, зуд давидан, бо ду пойҳои қафо рост истода гаштан хело моҳирона аз уҳдааш мебароянд.

Ин ҳайвон думи кутоҳ ва пашми (муй) баданаш хело сахту ҷафс аст. Вақти шикори Хирсҳо асосан бегоҳирузист ва ё субҳидам. Дар зиндагӣ Хирсҳо асосан ба ғайр аз инсон аз дигар ҷонварон наметарсанд ва зарар ҳам намебинанд.  Пойҳои қафои Хирс аз пойҳои пешаш андаке дароз буда дар давида баромадан ба куҳҳо чандон душворӣ надорад. Дар як пояш иборат аз 5-ангушт ҳаст ки дар нуги он нохунҳои мутаҳакам мавҷуданд.

Макони асосии зиндагонии Хирсҳо кишварҳои нисбатан салқин буда дар биёбону мамолики тасфон зиндагӣ намекунанд. Дар Тоҷикистон шумораи миёнаи Хирсҳо тақрибан ба 500 адад баробар буда дар куҳҳои Водии Ҳисор ва Помир зиндагӣ менамоянд. Вазни миёнаи Хирсҳо тақарибан 450 килограмро ташкил медиҳад вале метавонад то 1 тоннаро ташкил намояд.

Видео Хирс – Мария дар Душанбе (пойтахти Точикистон)

Хуроки Хирс метавонад, меваҷот, алаф, гушт, моҳӣ ва дилҳоҳ набототу ҳайвонот бошад. Хирс аз хурдани шириниҳо ва хусусан аз асал бениҳоят лаззат мебарад ва барои ҳамин ҳам ба хонаи замбур нотарсона ҳуҷум мекунад.

Умуман дар дунё зиёда аз 10 намуди хирс зиндагӣ мекунад ва онҳоро ҳамчун ҳайвони ҷасур мешиносанд. Дар Африка, Афстралия, Америкаи ҷануби Хирсҳо зиндагӣ намекунанд.

Мултфилми Хирс ва Маша

Комментарии