Хатлон – Вилояти Точикистон

Вилояти Хатлон – (шакли кӯтоҳ – Хатлон) – яке аз ҳама сераҳолитарин, гармтарин ва бо замини обёришаванда бойтарини Тоҷикистон буда дар қисмати ҷанубу-ғарбии кишвар ҷойгир аст. Аҳолии Хатлон зиёда аз 3 млн. нафар буда масоҳаташ 24,8 ҳазор километри квадратиро ташкил медиҳад.

Хатлон расман 2-юми декабри соли 1992 ташкил ёфта маркази маъмуриаш шаҳри Қурғонтеппа мебошад. Хатлон иборат аз 5 шаҳру 19-ноҳия мебошад, ки руихатти онҳо дар поён оварда шудаанд.

Карта Хатлонской Области

Карта Хатлонской Области

Таносуби қиёсии мардуми тоҷик нисбати шумораи умумии  аҳолии Вилояти Хатлон атрофи 80% ро ташкил менамояд ва баъди тоҷикон халқи узбек бештар дар ин минтақа зиндагонӣ менамоянд.

Иқтисодиёти вилояти Хатлон асосан аз кишоварзӣ сахт вобастагӣ ва бартарият дорад. Масоҳати 338 ҳазор гектар заминҳои обёришавандаи Тоҷикистон маҳз дар минтақаи Хатлон мебошанд, ки ин 45%-и масоҳати умумии ин намуди заминҳои кишвар аст.  Масоҳати заминҳои лалмӣ 2,12 млн. гектарро ташкил карда боғот зиёда аз 22,5 ҳазор га., ангурзор 8,2 ҳазор, дашт 1,2млн., манзилӣ 16,9 ҳаз., ниҳолпарварӣ 400 га мебошанд.

Вилояти Хатлон бо пахтаи худ, тарбуз, харбуза, анор, цемент ва помидору бодаринги барвақтпази худ хело дар ҷумҳурӣ машҳур мебошад. Бояд гуфт, ки дар вилояти Хатлон қариб 99%-и барқи ҷумҳурӣ тавлид шуда аз ҷиҳати иқтисоди маблағ ва аз нигоҳи стратегӣ хело мавқеи муҳимро ишғол менамояд.

Дар ҳудуди вилояти Хатлон ноҳияи Восеъ ва худи маркази вилоят- шаҳри Қурғонтепа хело куҳан буда таърихи зиёда аз ҳазорсолаи маданиятиву тамадуниро соҳиб аст. Барои саёҳону беморон мавзеи Чилучорчашма ва барои диндорон оромгоҳҳои бузургон дар ноҳияи Ховалинг ва шаҳри Кӯлоб мавҷуданд, ки тавсия барои зиёрат намудан дода мешавад.

ШАҲРУ НОҲИЯҲОИ ХАТЛОН
Номи минтақа Масоҳат (Га) Аҳолӣ (ҳаз.)
Қурғонтеппа (ш.) 26 458 101
Н. Хусрав 81 109 33,6
Бохтар 57 893 241,3
Вахш 96 511 176,9
Ёвон (ш.) 93 185 198,4
Қубодиён 184 763 164
Колхозобод (Ҷ.Румӣ) 90 502 174,8
Қумсангир 96 715 122,3
Норак (ш.) 39 773 26,8
Панҷ 88 067 103,5
Сарбанд (ш.) 13 986 27,6
А. Ҷомӣ 59 649 150,2
Шаҳритуз 152 537 112,4
Хуросон 89 613 101,8
Ҷилликул 123 619 99,3
Данғара 198 610 135,7
Балҷувон 132 662 28,2
Восеъ 76 592 196,8
Ҳамадонӣ 50 979 136,8
Муъминабод 92 051 85,8
Темурмалик 101 355 64,9
Фархор 118 311 152
Ховалинг 173 784 53,9
Шуробод 228 397 50,2
 Ҳамагӣ: 2 494 683 2 938,70
Рудаки - поэт

Рудаки

Гостиница Хатлон

Мехмонхона

Исмаили Самани в Кургантюбе

Исмоили Сомони

Девушки Г. Кургантюбе

Духтарон

Г. Кургантюбе

ш. Кургонтепа

Г. Кургантюбе

Маркази шахр

Хариати Хатлон аз кайхон

Шинохтатарин шахсон аз Хатлон:

  1. Эмомалӣ Раҳмон – Президенти Тоҷикистон (аз с 1992.);
  2. Аловидин Абдулоев - Шух ва директори Театри ш. Қурғонтеппа;
  3. Пенҷи Анаев – Сароянда;
  4. Амиршо Миралиев – собиқ роҳбари Вилояти Хатлон;
  5. Шабнами Сураё – Сароянда.

Видео оиди Вилояти Хатлон:

 

Боду хаво дар Хатлон ва табиат:

Боду ҳавои Хатлон, ки онро инчунин климат ба русӣ мегуянд асосан континенталӣ мебошад. Назар ба дигар минтақаҳои Тоҷикистон гармтар буда зимистонаш мулоим ва ҳарорати ҳаво то -25 дараҷа хунук ва тобистон то 48 дараҷа гарм мешавад. Боришот дар минтақаи Хатлон чандон зиёд нест ва ба ҳисоби миёна борону барф дар як сол ҳамагӣ 500-700 мм. меборад. Баҳори Хатлон барвақ буда назар зимистонаш камбарф мебошад.

Яндекс.Погода

Телефону тамос бо сохторҳои давлатии Хатлон

Сохтор Телефон
Хукумат 2-16-16, 2-22-34
Прокуратура 24451
Суд 25332
Комиссариати харби 23718
Милисия 24013
Сухторнишон 27823
Беморхона
Пучта
Агроиневестбонк 27100
Амонатбонк 6200290
Сомона www.khatlon.tj
Постаи электрони ittiloot@khatlon.tj
Река Яхсу в Таджикистане Восе

Дарёи Яхсу

Хулбук (Восе)

Хулбук (Восе)

Hazrati Amirjon

Мир Саид Алии Хамадони (Хазрати Амирджон)

hoji_meshhedi_mavzoley

Комментарии