Харгуш

Харгуш (ба забони русӣЗаяц) ин як намуди ҳайвонҳои ширхур буда дар тамоми дунё ба ғайр аз Австралия ва Антарктида зиндагонӣ менамояд, вале ватанаш асосан кишварҳои Евразия мебошад. Харгуш ҳайвони алафхур буда дар хокзамин зиндагонӣ карда зуд калон ва шуморааш зиёд мешавад. Ба ҳисоби миёна вазни харгуш 1,5-5 килограмро ташкил намуда дарозиаш аз 30-70 сантиметрро ташкил менамояд.

Сурати Харгуш

Харгуш дар сурат ба забони точики

Дар маҷмуъ 30-намуди Харгуш дар олам мавҷуд аст. Одатан Харгушро дар адабиётҳо ҳамчун Харгўш низ меноманду бо Заргуш омехта менамоянд, вале байни онхо як  қатор фарқият ҳаст, ки оиди он дар поён гуфта шудааст.

Харгуш соҳиби гушҳои дароз, думи кутотоҳи бардошташуда ва пойҳои дароз буда бениҳоят зуд медавад, ки суръаташ то 70 километр соатро ташкил медиҳад. Ин ҳайвон бештар ҷаҳида-ҷаҳида мегардад ва узви биноияш ниҳоят суст аст. Аммо Харгуш дар шунидан ва буидан ва тозагӣ ниҳоят хубанд.

Харгушҳо ба худ хона ё худ лона намесозанд ва манзили доимӣ ҳам барои онҳо писанд нест ва барои истироҳат онҳо бештар дар назди ягон бутта, дарахт, санг, ҳезум ва ғайра камакак заминро кофта дар онҳо паноҳ ва истироҳат менамоянд.

Видео дар бораи Харгуш бар зидди Саг

Харгуш ҳайвони тоқагард мебошад ва дар баъзе ҳолатҳо ҷуфт шуда сайр карданашон мумкин аст. Ба об он қадар эҳтиёҷ надоранд ва асасан обро аз ҳамон ғизои мехурдаашон дар баданашон ҷабида мегиранд. Барои ҳамин ҳам харгуш метавонад дар биёбон ва зимистони қаҳратун (-50 то +50) градус целься зиндагонӣ кунад.

Пашми бадани харгушҳо зиёд ва зиш буда ниҳоят мулоим мебошанд ва ҳамасола як маротиба аз нав меруянд. Умри миёнаи Харгуш 4 солро ташкил медиҳад ва метавонад то 6-8 сол зиндагӣ намояд.

Харгуш ҳайвони даштӣ буда ҳангоми таввалуд шуданаш чашмҳояш аллакай кушода ва пашмҳои баданаш мавҷуд аст ва ниҳоят тарракӣкарда мебошад. Муддати пас аз 5-6 рузи таввалуд метавонад мустақилона зиндагонӣ намояд. Ба ҳисоби миёна Харгуш 2-3 маротиба аз 5 то 8 харгушакро дар як сол таваллуд менамояд. Давраи ҳомиладоршавӣ аз баҳорон сар шуда то тирамоҳ давом медиҳад. Харгушакҳо дар бадани модарашон муддати 30-руз инкишоф ёфта баъдан ба дунё меоянд.

 

Дар баҳорон барои бордоркунӣ байни Харгушони нар муборизаҳои хунин оғоз меёбанд ки он ҳам бошад аз назари дигар ҷонварон баргузор мегардад. Харгушон нар дар пойҳояшон рост истода бо дастону дандонҳояшон ба якдигар ҳуҷум мекунанд ки давомнокии мубориза то 10 дақиқаро метавонад давом диҳад.

Ҳангоми ҷуфтшавӣ харгуши модина пойҳои қафои худро бардошта ба Харгуши нар узви модинаи худро дастрастар мекунад. Харгуши нар бениҳоят тез алоқаи ҷинсиро амалӣ ва анҷом дода бо садои хоса ҳангоми хотимаёбӣ фарёд мекунад. Умуман дар як сол Харгуш то 20 харгушро таваллуд мекунаду вале танҳо 20-30% онҳо умри аз 3-моҳ зиёдро мебинад. Сабаб дар он ки душмани Харгуш ниҳоят зиёд аст ва бахусус Рубоҳ, Одам, Уқоб, Гург, Мор ва ғайра.

Заргуши хокистаранг

Заргуши хокистаранг

Заргуш назар ба Харгуш нозуктар буда бо он фарқ мекунад, ки ҳангоми таввалуд шудан чашмонаш махкам, баданаш бемуй ва табиатан ниҳоят организмаш суст аст. Пойҳои Заргуш мисли пойҳои Харгуш дароз нест ва тез давида наметонад.

Бояд гуфт, ки Харгушро парвариш намудан ниҳоят хатарнок аст чунки онҳо тоқати дар даруни қафас истоданро надоранд ва мемиранд. Онҳо ҳайвони озоданд ва бо Заргуш низ дустӣ пайдо карданашон душвор аст. Харгушро дар галаи Заргуш мондан ба нобут сохтани он оварда мерасонад.

Дар адабиётҳову байни халқ чунин омадааст, ки гуё Харгуш ҳайвони тарсончак бошад вале агар дар асл гирем Харгуш ҳангоми пайдо шудани зарурият барои дифоъ кардани ҷони фарзандонаш ва ё саломатии худ бар зидди Одам, Мор, Рубоҳ ва ё дигар ҳайвонот нотарсона мубориза мебарад.

 

Гушти Харгуш мулоим буда барои хурдан ниҳоят муфид аст, чун ки дар таркиби он равған кам буда буи безеб надорад.

Дар Тоҷикистон солҳои шўрави фермаҳои махсуси парвариши Заргуш буданд ки дар маҷмуъ то даҳҳо ҳазор шумораи онҳо дар кишвар парвариш мешуданд. Ҳоло Заргушҳо дар Тоҷикистон шумораашон тақрибан шумораашон 10 ҳазорро ташкил медиҳанд. Харгушҳо бошанд дар Тоҷкистон ғайр аз минтақаи Вилояти мухтори Куҳистони Бадахшон дигар боқимонда ҷойҳо зиндагонӣ карда саршуморашон тақрибан 3000 ададро ташкил медиҳад.

 Филми бадеи дар бораи Харгуш ва Гург (Ну погоди).

Секси – гойгояки харгуш.

Комментарии